маориф
Имтиҳоноти қабул тавассути як марказ
Нахустин бор имтиҳоноти қабули довталабон ба мактабҳои таҳсилоти олии касбии кишвар тавассути Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар ин бора зимни муаррифии "Низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иттилоъ дода шуд. Иштирокчиёни он ба таъмини шаффофияти фазои имтиҳоноти тестӣ ва сазовор шудан ба боварии довталабон ва ҷомеа таъкид карданд.
Абдулҳамид Низомов, мудири шуъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президент, аз хароҷоти маблағ зимни амалӣ гардондани имтиҳоноти марказонидашудаи тестӣ ёдовар шуд. "Дар замони нав раванди рушди технологияҳои навин тақозои ба он ҳамқадам шуданро дорад. Кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил , аллакай ба ин шакл гузаштаанд ва ба дастовардҳои илмӣ ҳам комёб гардидаанд. Барномаи имтиҳоноти марказонидашуда аз тарафи Русия ва Ҳукумати Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад ва маблағи калонро талаб мекунад", - изҳор дошт ӯ.
Сабзалӣ Ҷаъфаров, директори Маркази миллии тестӣ, дар бораи муҳимияти иқдоми имтиҳоноти тестӣ ва омодагиҳои озмоишиву таҷрибавӣ ёдовар шуда, онро дар татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф муассир хонд. "Мо таҷрибаи кишварҳои дигар ва созмонҳои байналмилалиро омӯхтем ва ҳамкориҳоро бо онҳо ба роҳ мондем. Дар ҳашт минтақаи кишвар 20 нуқтаи бақайдгирии довталабон ва 50 маркази имтиҳоноти тестӣ таъсис дода шудааст. Дар таҷрибаи омӯзишӣ 7 ҳазор хонанда фаро гирифта шуд, ки ин натиҷаи мусбат аст. Корҳои тарғиб ва фаҳмондадиҳиро бо довталабон ва ҷомеа аз соли 2008 ба роҳ мондем. Китобчаҳои махсуси барои пешниҳоди маълумот ба довталабонро таҳия ва дастрас гардондем", - гуфт Сабзалӣ Ҷаъфаров.
Имсол имтиҳоноти қабул ба мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ аз тариқи тестӣ дар салоҳияти Маркази миллии тестӣ мебошад. Довталабон ҳуқуқ доранд, ки ба нуқтаҳои бақайдгирии имтиҳонотӣ муроҷиат намуда, номнавис шаванд. Барои ин бо худ танҳо шиносномаашонро мегиранд. Баъди супурдани имтиҳон ба донишҷӯ барои супурдани ҳуҷҷатҳояш ба мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ тавсия дода мешавад.
Комиссияҳои қабул тибқи рӯйхати пешниҳодкардаи Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷатҳои довталабони пирӯзшударо қабул мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳар сол дар мавсими қабули довталабон сару садоҳо атрофи бо пора дохил шудани довталабон кам нест. Коршиносон амалӣ шудани имтиҳоноти тестӣ ва аз як марказ идора кардани онро пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ҳангоми дохилшавӣ унвон мекунанд.
Аммо назари ректорони мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ин ислоҳот чӣ гуна аст?
Маҳмадюсуф Имомов, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз амалӣ шудани ин барнома хуб истиқбол кард ва гуфт, ки заминаро аз боғча бояд омода кард.
"Мо як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонем ва аз пешрафти он бояд қафо намонем. Аммо беҳтар мебуд, ки имтиҳоноти тестиро аз синфи 8 ба роҳ монем" гуфт ӯ.
Саодат Бозорова, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ, гуфт ки чун соли 2008 Тоҷикистон Консепсияи системаи нави тестиро пешниҳод кард, аз тарафи ин бонк дастгирӣ ёфт: "Барои мо сифат ва шаффофияти ин барнома муҳим аст, ки дар зеҳни довталаб ва ҷомеа бовариро пайдо кунад".
Ин иқдом дар заминаи иҷрои Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ "Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013" роҳандозӣ гардида, ба рушд ва пешрафти ислоҳоти соҳаи маориф ва ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ равона шудааст.
Ҳ. САНГОВА, "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.12.13 №: 164 Мутолиа карданд: 5570