logo

илм

Ҷавонмарде, ки дунё эътирофаш кард

Дар ҳар давру замон бо шахсиятҳои  наҷиб ва нексириште рӯ ба рӯ мешавем, ки ҳастии хешро ба хизмати мардум бахшида, дар ҷодаи илму маърифат мавқеи муайянеро ишғол намудаанд. Яке аз чунин шахсиятҳо академик Самариддин Каримов маҳсуб мешавад. Рӯзгор ва фаъолияти ин  шахси муътабар барои ҷавонони имрӯзу фардо намунаи ибрат ва мактаби ҳаёт аст.
Самариддин Каримов омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлобро соли 1957 бо дипломи аъло хатм менамояд ва ҳамон сол ба  шуъбаи  физикаи факултаи физика ва математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил мешавад. Пас аз  хатми курси чорум ӯ барои гузаштани  таҷрибаи истеҳсолӣ ба Институти физикаи нимноқилҳои Академияи илмҳои ИҶШС (дар шаҳри Санкт - Петербург) фиристода мешавад. Зери роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС А. В. Семенкович рисолаи дипломӣ навишта, баъди бомуваффақият ҳимоя намудани он ба донишгоҳ бармегардад. Бо дархости роҳбарияти Академияи  илмҳои ҷумҳурӣ ба шуъбаи математика ва физика ба кор қабул  мегардад. Баъдтар ин шуъба ба ду Институти мустақил - Институти физика ва техникаи ба номи С. Умаров ва Институти математика  ҷудо мешавад. Президенти академия ва ҳамзамон директори Институти физика ва техника шодравон устод С. Умаров рисолаи дипломии ӯро хонда, дар баъзе ҷойҳои он  бо қалам ишораҳо мекунад. Устод рисоларо ба ӯ баргардонида мегӯяд, ки ҷойҳои ишора гардидаро аз нав чоп карда биёрад. Пас аз он бо мактуби расмӣ ба сармуҳаррири маҷаллаи "Ахборот"-и Академияи илмҳо ва шуъбаи физика, математика, химия ва биология дастур медиҳад, ки мақоларо чоп намоянд. Ин мақола аз 18 саҳифа иборат буд.
Баъди нашри мақола Самариддини ҷавон ба кори илмӣ ба таври ҷиддӣ машғул мегардад. То дохил шудан ба аспирантура - соли 1964 боз 3 мақолаи дигар дар ин маҷалла нашр менамояд.
Соли 1964 бо ташаббуси академик  С. Умаров як зумра олимони шинохтаи соҳавии ИҶШС, аз қабили В. М. Глазов, В. Н. Вигдорович, Е. Б. Соколов, А. С. Пашинкин, А. А. Айвазов  барои суҳбат, машварат, ҳамкорӣ, тарбияи олимони ҷавон ба Институти физика ва техникаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ташриф оварданд. Онҳо бо мутахассисони ҷавон суҳбат ороста, пас аз саволу ҷавоби зиёд доктори илмҳои кимиё В. М. Глазов  (ҳамон вақт 36-сола буданд) аз МИСИС (Институти пӯлод ва хӯлаи Москва), ба С. Каримов таклиф кард, ки ба аспирантураи МИСИС ҳуҷҷат супорад. Моҳи ноябри соли 1964 ӯ ба аспирантураи  кафедраи физикаи кимиёвӣ  дохил шуд.  Соли  1968 рисолаи худро барои дарёфти  дараҷаи илмии номзади илмҳои физика ва математика дифоъ намуд. Ҳамон сол ба Душанбе баргашт ва дар Институти физика ва техникаи Академияи илмҳо ба кор шурӯъ кард. Аз байн чанд вақте нагузашта, рӯзе директори институт, академик А. Адҳамов ӯро ба наздаш хонда,  мегӯяд, ки бюрои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва Вазорати маориф ӯро муовини ректори Донишкадаи давлатии Кӯлоб мехоҳанд тайъин кунанд. Самариддини ҷавон дар фикру хаёли мавзӯи докторӣ ва докторантура буд, вале чун аъзои ҳизби коммунист буд, имкони рад кардани ин пешниҳодро надошт. Ҳамин тавр, моҳи июли соли 1971 ба ҳайси муовини ректор оид ба таълим, тарбия ва илм (як воҳиди корӣ) ба кор фиристода шуд.              
Тақдир моро соли 1971 ба ин шахсият, академики Академияи муҳандисии байналмилалӣ, доктори илмҳои кимиё, профессор, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон Самариддин Каримов рӯ ба рӯ овард. Ӯ  дар вазифаи муовини ректор оид ба таълиму тарбия ва илм адои хизмат карда, дар як муддати кӯтоҳ оид ба интихоби кадрҳо ва мусоидат ба таҳсили онҳо дар марказҳои илмии ҳамонзамонаи Иттиҳоди Шӯравӣ камар баст. Бо роҳбарӣ ва роҳнамоии ин шахсияти бузург як қатор шогирдон ба марказҳои илмии Федератсияи Русия, Украина, Беларус сафарбар шуданд ва дар оянда онҳо сазовори дараҷаҳо ва унвонҳои  илмӣ гардиданд. Вақте ки ӯ ба  донишкада омад, дар он ҳамагӣ чор факулта, 3 нафар номзадҳои илм, дотсентон  фаъолият доштанд.  Дар тӯли адои вазифаи хизматӣ ва ректории ӯ дар ДДК (аз соли  1993 то соли 2004) шумораи факултаҳо ба 11, номзадҳои илм, дотсентон ба 130 нафар, докторони илм аз сифр ба 27 нафар расонида шуд, ки  ҳоло онҳо дар донишгоҳҳои ҷумҳуриамон  кор ва фаъолият доранд. Шогирдони устод Владимир Уланов ва Валерий Курбатов  докторони илм ва профессорони мактабҳои олии Русия мебошанд. Дар баробари фаъолияти маъмурӣ, роҳбарӣ ва омӯзгорӣ  пайваста ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мешуд.  Ӯ моҳи ноябри соли 1977 аввалин шуда, ба ҳайси ходими калони илмӣ барои ба итмом расонидани рисолаи докторӣ ба Донишкадаи техникаи электронии шаҳри Маскав (МИЭТ) фиристода мешавад. Дар он ҷо роҳбар ва мушовири илмиаш академик В. М. Глазов  ба ӯ чунин баҳо додааст: "С. Каримов худро ҳамчун мутахассиси варзида, баландпоя, баландихтисос ва олими баркамол нишон дод". Дар давоми кор ва таҳсил дар докторантура дар 50 симпозиуму конференсияи байналмилалӣ, умумииттифоқӣ ва ҷумҳуриявӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад кардааст. Дар тӯли фаъолияти худ беш аз 600 номгӯйи мақолаҳои илмӣ, монографияҳо, китобҳои таълимӣ ва асарҳои бунёдӣ таълиф намудааст, ки аксари онҳо ба забонҳои русӣ  ва англисӣ нашр шудаанд. Қариб 90 дарсади ин асарҳо дар саҳифаҳои маҷаллаҳои илмии Академияи илмҳои ИҶШС, серияҳои "Физикаи ҳароратҳои баланд", "Электроника", "Электронная техника", серияи "Маводҳо", "Физика ва техникаи нимноқилҳо", "Маводҳои ғайриорганикӣ"  ва ғайра рӯи чоп омадаанд.
Аз соли 1974 то соли 1991 мақолаҳои устод дар маҷаллаҳои илмии ИМА, Англия, Олмон ба забони англисӣ тарҷума ва мунтазам нашр мешаванд. Хосса, асарҳои бунёдие, ки С. Каримов навиштааст ва дар нашриётҳои бонуфузи ИҶШС чоп гардидаанд, аҳамияти байналмилалӣ доранд. Аз ҷумла "Полупроводниковые халькогениды таллия", М., Металлургия", 1982, 12 ҷ. ч. (зери таҳрири академики АИТ ИҶШС,  барандаи Ҷоизаи мукофоти  давлатии ИҶШС, В. М.  Глазов); "Введение в физику и химию полупроводников", М., "Высшая школа", 1985, 20 ҷ. ч. (зери таҳрири академики Академияи Беларус Н.Н.Сирота); "Основы физики и химии полупроводников", М., "Просвещение", 1990, 18 ҷ. ч. (зери таҳрири академики АИТ ИҶШС, Лауреати мукофоти давлатии ИҶШС В. М. Глазов); "Физика и химия сложных алмазоподобных полупроводников", М., "Наука", 19 ҷ. ч. (зери таҳрири академики АИ ИҶШС Я. И.  Герасимов); "Физика и химия бинарных полупроводниковых халькогенидов таллия", Душанбе, "Дониш",  1998, 22,5 ҷ.ч. (зери таҳрири Лауреати мукофоти давлатии ИҶШС, профессор А. С.  Пашинкин); "Физика и химия тройных и более сложных алмазоподобных полупроводниковых халькогенидов таллия", Душанбе, "Дониш", 1999, 20,5 ҷ. ч. (зери таҳрири Лауреати мукофоти давлатии ИҶШС, профессор  А.С. Пашинкин); "Физика и химия полупроводниковых фосфидохалькогенидов таллия", Душанбе, "Дониш", 2001, 20 ҷ. ч. (зери таҳрири академики АИТ ИҶШС, Лауреати мукофоти давлатии ИҶШС  В. М. Глазов);  "Основы физики и химии полупроводников", 2 - ое издание, М., Высшая школа", 2003, 23 ҷ.ч. (зери таҳрири барандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС, академики АИ ИҶШС, А. А.  Айвазов);
Натиҷаҳои ниҳоии корҳои илмӣ - тадқиқотии муҳимтарини устод дар саҳифаҳои хазинаи  тилоӣ - справочникҳо (роҳна- моҳо) - и байналмилалӣ ворид шудаанд: "Образование кристаллов", Библиографический указатель 1945-1968 (Справочник), қисми 1. (зери таҳрири академики АИ ИҶШС А. А. Чернов, М., "Наука", 1970, стр. 111-113, 207-209); "Образование кристаллов", Библиографический указатель 1945-1968 (Справочник), қисми 2. (зери таҳрири академики АИ ИҶШС А. А. Чернов,  М.,  "Наука" , 1977, стр.  209-211); "Физико - химические свойства полупроводниковых сплавов", (Справочник), (зери  таҳрири академики АИ ИҶШС А. В. Новоселов, М., "Наука", 1979,  стр. 179-183); "Полупроводниковые халькогениды и сплавы на их основе", (Справочник), (зери таҳрири академики АИ ИҶШС Н. Х. Абрикосов, М., "Наука", 1975, стр. 118-126) ва ғайра.
Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки академик С. Каримов аллакай дар қатори олимони шинохтаи ҷаҳон эътироф гаштааст, чунки на ҳар гуна  натиҷаҳои илмиро дар роҳнамои байналмилалӣ ҷой медиҳанд. Махсус қайд карданием, ки Лауреати мукофоти давлатии ИҶШС, академики АИ ИҶШС  Н. Х. Абрикосов муқарризи якуми рисолаи доктории ӯ, чунин қайд намудааст: "Самариддин Каримов кайҳо боз чун олими варзида, на танҳо дар қатори олимони шинохтаи ИҶШС, балки берун аз он, яъне дар хориҷ низ нуфузу эътибори баланд дорад, ӯро бо корҳои илмиаш  дар хориҷ низ нағз мешиносанд ва иззату эҳтиром менамоянд. Махсусан, арзиши илмию амалии рисолаи "Полупроводниковые  халкогениды таллия" (1982)-ро ба назар гирифта, натиҷаҳои онро дар "Справочникҳо" - и байналмилалӣ ҷой додем,  то ки дигарон низ аз он  истифода баранд….". Ин суханон ҳангоми дифои рисолаи доктории ӯ садо додаанд. Вай соли 1987 бо ихтисоси "Физикаи химиявӣ" рисолаи докторӣ дифоъ намуд. Проблемае, ки академик машғули тадқиқи он шуд, дар ҳалли бисёр масъалаҳои муҳим ва ҷиддии истеҳсолот, техника ва хоҷагии халқ ба таври васеъ мавриди истифода қарор ёфтаанд.
С. Каримов баъди ҳимояи рисолаи докторӣ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб баргашт ва дар вазифаҳои гуногун: декани факултаи физика, мудири кафедра кор карда, августи соли 1989 аз нав муовини ректор оид ба таълим, моҳи ноябри соли 1993 ректори донишгоҳ таъйин гардид. Моҳи декабри соли 2004 бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи ректорӣ озод шуда, мудири кафедра ва аз моҳи январи соли 2013 дар вазифаи профессори кафедраи физикаи умумӣ фаъолият дорад. Фаъолияти ҷамъиятии устод низ бисёрҷабҳа, серпаҳлӯ ва доманадор мебошад. Устод чор даъват вакили маҷлиси намояндагони  шаҳри Кӯлоб,  ду  даъват вакили маҷлиси намояндагони вилояти Хатлон интихоб гардидааст. Ӯ вакили "Анҷумани умумииттифоқии кормандони соҳаи маорифи халқи ИҶШС" соли 1988, аъзои Шӯрои  умумииттифоқӣ доир ба соҳаи маорифи халқи ИҶШС (солҳои 1988 - 1990), аъзои комиссияи экспертии назди маорифи халқи ИҶШС "Доир ба нақшаю барномаҳои таълимии физикаи умумӣ ва назариявӣ" буд.
Меҳнатҳои шоён ва бисёрсолаи академик С. Каримов аз ҷониби Ҳукумати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Вазорати маорифи халқи ИҶШС, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи кишвар бо нишони "Аълочии Вазорати мактабҳои олии ИҶШС" (соли 1988), бо медали Вазорати маорифи мактабҳои олии ИҶШС - "Барои корҳои шоён" (1993), солҳои 1973, 1974, 1981-1983, 1989 қадр гардида, ғолиби мусобиқаҳои сотсиалистӣ, инчунин ғолиби панҷсолаи 9 - 10 дониста шуда, бо ордени ғолиб сазовор мегардад. Дар навбати худ Самариддин Каримов Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1985), Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2000) буда, бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999), Медали академия ва пажӯҳишгоҳҳои муҳандисии давлатҳои исломӣ (Покистон, Карочӣ, 1993), (Иордания, Уммон, 1995), сарфароз гаштааст. Аъзои Федератсияи академия ва пажӯҳишгоҳҳои муҳандисии давлатҳои исломӣ (2000), академики Академияи  муҳандисии Тоҷикистон (1992), академики филиали Академияи муҳандисии байналмилалӣ (ФР, 1994), узви пайвастаи Академия ва пажӯҳишгоҳҳои муҳандисии давлатҳои исломӣ (2000), ҳамчунин дорандаи зиёда аз 15 ифтихорномаи фахрӣ, дипломҳои дараҷаи якум  ва ғайра мебошад.

А. ТАБАРОВ, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,
доктори илмҳои физика ва математика,

С. ҒАФФОРОВ, номзади илмҳои физика ва математика, дотсенти
кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.13    №: 164    Мутолиа карданд: 5435
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед