маориф
Таҳсилоти фарогир, яъне чӣ?
Ҷалби кӯдакони маъюб ба таълим
Дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалӣ бахшида ба масъалаҳои рушди таҳсилоти фарогир дарТоҷикистон баргузор гардид. Онро Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Академияи таҳсилотиТоҷикистон ва шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти Ҷамъияти кушодаи «Бунёди мадад» дар Тоҷикистон, дастгирӣ намуданд. Дар конфронс раванди татбиқи "Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015" мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокдорон оид ба масъалаҳои ҷалби кӯдакони маъюб ба таҳсил ва роҳҳои ҳалли он, таҳсилоти фарогир табодули таҷриба намуда, принсипҳои сиёсати маорифро ҷиҳати пешниҳоди имкониятҳои баробар барои ба даст овардани таҳсилоти босифат ва роҳҳои инкишофи қобилияти кӯдакон дар сатҳи байналмилалӣ изҳори андеша намуданд.
Маҳз таълим усули асосии иҷтимоигардонии шахсият аст ва таҷрибаҳо собит сохтанд, ки як қисми кӯдакон ба низоми сангини таълим тоб наоварда, онро тарк менамоянд. Яъне онҳо дар таҳсил ба муваффақият ноил шуда наметавонанд. Чунки ин низом ба қонеъ гардонидани талаботи инфиродии таълимии чунин кӯдакон ҷавобгӯ нест.
Таҳсилоти фарогир ба ҳамаи кӯдакон барои дастрасӣ пайдо намудан ба таълим имкониятҳои баробар медиҳад. Ин дар навбати худ кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуддоштаро ба зиндагии фаъолона ва идомаи таҳсил ҳавасманд месозад, - зикр гардид дар конфронс. Аз ҷумла, Ҳамза Давлатов, сармутахассиси Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, таъкид кард, ки ҳоло дар кишвар зиёда аз 25 ҳазор нафар кӯдак маъюб аст, вале дар баъзе оилаҳо кӯдакони маъюбро пинҳон медоранду барояшон ҳуҷҷатҳои маъюбӣ таҳия намекунанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар кишвар 5026 нафар кӯдаки маъюб ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки 1927 нафари онҳо духтаронанд. Аз онҳо 197 нафар нобино, 1673 нафар бо биноии суст, 485 нафар кару гунг, 1321 нафар аз ҷиҳати ақлонӣ заиф, 576 нафар фалаҷи сутунмуҳра ва 2051 нафар дигар навъ маъюбонанд.
Таҳти мафҳуми "фарогир" на танҳо имкониятҳои баробар барои ҳама, балки стратегияҳо ва тартиботи кафолатдиҳандаи таҳсилоти муваффақ барои тамоми хонандагон низ фаҳмида мешавад.
Таҳсилоти фарогир - системаи хадамоти таълимие мебошад, ки ба принсипҳои таъмини ҳаққи бунёдии кӯдак ба таҳсилот, ҳаққи таҳсил кардан дар ҷойи истиқомат асос ёфтааст ва таҳсилро дар шароитҳои мактабҳои таҳсилоти миёна пешбинӣ менамояд. Ба мақсади фароҳам сохтани дастрасии баробар ба таҳсилоти босифат, муассисаҳои таълимии фарогир бояд барнома ва нақшаҳои таълимӣ, усулҳо ва шаклҳои таълим, захираҳои маҳаллии мавҷударо барои қонеъ намудани талаботи инфиродии кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсуси таҳсилӣ мутобиқ гардонанд. Муассисаҳои таълимии фарогир доираи хадамоти махсуси иҷтимоиро мувофиқи талаботи кӯдакон таъмин менамоянд.
Нигинаи РАҲМОН,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.13 №: 165 Мутолиа карданд: 5794