номаҳо
"Ях" - и хомӯшӣ шикаст
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан мақолаи танқидии дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" навиштаи собиқадори меҳнат, Ҳуқуқшиноси шоистаи ҷумҳурӣ Шарифҷон Оқиловро бо номи "Хомӯшӣ кай мешиканад?" мавриди баррасӣ қарор дод.
Бояд гуфт, ки таъминоти аҳолии шаҳр бо оби нӯшиданӣ пура тавассути обанбори Каттасой набуда, ҳамчунин аз 20 чоҳи амудӣ оби тоза мегирем. Дар давоми соли 2013 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бо мақсади бо оби тоза таъмин гардидани сокинони маҳаллаҳои ба номи Рустамбек, Юлдошбек Баротбеков ва Ҳавзи морон ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ чоҳи амудӣ кофта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Лӯлаҳои обгузари кӯчаҳои ба номи Мирзо Турсунзода ва "Бӯстон" соли 2012 таъмир ва асфалтпӯш шуданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҷиҳати дар амал татбиқ кардани барномаи "Беҳтар намудани таъминоти оби нӯшидании аҳолии шаҳри Истаравшан" тадбирҳои зарурӣ андешид. Барномаи мазкур ба маблағи 3,26 миллион доллари ИМА аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Соли 2014 кор оғоз меёбад. Барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ дар соли 2014 ба буҷети шаҳрӣ қариб 1 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки барои нигоҳдории роҳҳо имконияти мусоидро фароҳам меорад.
И. АБДУЛЛОЕВ,раиси шаҳр
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.13 №: 165 Мутолиа карданд: 5292