фармонҳои президент
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи қатъиян манъ кардани ҷамъоварӣ ва содироти шираи камол
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ҷамъоварии шираи камол дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва содироти он қатъиян манъ карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҷиҳати коркарди пурраи маҳсулоти дар айни замон ҷамъоваришудаи шираи камол ва содироти он дар шакли маводи ниҳоии тайёр тадбирҳои зарурӣ андешад;
- масъалаи харидорӣ намудани таҷҳизоту технологияи заруриро бо мақсади минбаъд ба роҳ мондани истеҳсоли доруворӣ аз шираи камол, инчунин васеъ кардани майдони кишти растании камолро дар минтақаҳои мутобиқи мамлакат баррасӣ намояд;
-дар мӯҳлати се моҳ лоиҳаҳои қонунҳоро дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ҷиҳати муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ ва пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои ҷамъоварии ғайриқонунии шираи камол таҳия ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 сентябри соли 2008, № 545
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7314