муҳоҷират
Муҳоҷират ва бӯҳрони молиявӣ: чӣ бояд кард?
Ҳаракати иқтисодиёти ҷаҳон на ҳамеша мунтазаму устувор аст. Он баробари давраҳои муайяни рушду пешрафт гоҳе пастравию карахтиро ҳам аз сар мегузаронад. Аз ин хотир замони карахтии иқтисодиётро бӯҳрони иқтисодӣ меноманд. Дар таърихи башар қариб ҳар садсола ҷаҳонро давраи муайяне бӯҳрони молиявӣ фаро мегирад ва ба ҳаёти давлатҳо таъсир мерасонад.
Бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, ки оғози ин садсола ҳам кишварҳои ҷаҳонро печидааст, ба ҷумҳурии мо ва муҳоҷирати меҳнатии аҳолӣ чӣ таъсире мегузорад? Нахуст ба он кишварҳои мутараққии ҷаҳон рӯ ба рӯ шуданд, бархе аз коршиносон мутмаин буданд, ки он ба ҷумҳурии мо паёварди манфие нахоҳад гузошт. Вале раванди минбаъдаи бӯҳрон нишон дод, ки иқтисодиёти Тоҷикистон низ аз таъсири бӯҳрони молиявӣ дар канор нест. Чӣ тавр? Илҳомиддин Иброҳимов, мудири кафедраи фаъолияти бонкии ДМТ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дар ин маврид мегӯяд:
-Бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти аксари давлатҳои ҷаҳон, махсусан ИМА ва Русия, таъсири ташвишоваре расонида истодааст. Ва азбаски иқтисодиёти кишвари мо бо Русия алоқамандии зич дорад, осеби бӯҳрон ба мо ҳам аллакай расидааст. Чунончи, ҳоло маблағҳое, ки аз муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, зиёда аз 20 дар сад коҳиш ёфтаанд. Таъсири бӯҳрони молиявӣ дар фаъолияти бонкҳои ҷумҳурӣ низ мушоҳида мешавад. Имрӯзҳо ҳаҷми қарздиҳӣ ба аҳолӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ кам шуда, меъёри арзиши фоизи фоида аз он афзудааст. Асари манфии бӯҳронро дар сармоягузориҳои хориҷӣ ба кишварамон низ бармало метавон мушоҳида намуд. Дар сурати идома ёфтани бӯҳрон, ки дар паёмад эҳтимоли ивазшавии асъори ИМА, яъне доларро ба миён меоварад, аксарияти сармояҳое, ки тариқи маблағгузорӣ ба ҷумҳурии мо ворид гаштаанд, ба як маблағи ночиз ё нокифояе мубаддал хоҳанд шуд. Чаро ки кулли ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалии мо тавассути Хазинаи байналмилалии асъор, яъне дар заминаи асъори ИМА сурат мегирад.
Ба андешаи Илҳомиддин Иброҳимов роҳи ягонаи раҳоӣ аз ин хавф такя ба асъори кишварҳои дигар, аз ҷумлаи рубли Федератсияи Русия ва юани Ҷумҳурии Мардумии Чин аст. Ва ё сармояҳое, ки тариқи маблағгузориҳои ташкилотҳои хориҷӣ ба ҷумҳурии мо ворид мешаванд, бахусус дар бахши бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, бояд суғурта шаванд, то хатари беқурбшавиашон аз байн равад.
Таҳлили вазъи молиявии ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки бӯҳрони молиявӣ сараввал ба сармояи мо таъсир расонидааст ва табиист, он ба раванди муҳоҷирати меҳнатии аҳолии кишварамон, бахусус дар Русия, садду монаеаҳо ба бор меоварад. Тибқи омори конфронси охири муҳоҷирон дар Маскав, аз 650 ҳазор тоҷикистоние, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, 93 дар сади он, яъне 604,5 ҳазор нафар дар Русия фаъолият дорад ва соле ба Тоҷикистон то 2 миллиард доллар маблағ ворид месозад. Ва бо эъломи Владимир Путин, сарвазири Русия, бобати 50 фоиз коҳиш додани ҷойи кор барои хориҷиён эҳтимоли ихтисори ҷойи кори мардикорони тоҷик, ки аксари онҳо дар сохтмонҳо кор мекунанд, низ ба вуҷуд омадааст. Бино ба иттилои Ҷаҳонгир Азизов, муовини раиси КВД «Тоҷикхориҷакор», коҳиш ёфтани 50 дар сад ҷои кор дар Русия ба вазъи зиндагии муҳоҷирони меҳнатии мо ва ба ин васила ба иқтисодиёти кишварамон ҳам таъсири манфӣ мерасонад ва ин таъсир аллакай бармало эҳсос мешавад. Чунончӣ, соли гузашта дар асоси шартномаи КВД «Тоҷикхориҷакор» 700 муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия фаъолият намудааст ва имсол барои фаъолияти теъдоди бештари ҳамватанон дар ин сарзамини паҳновар қарордоде ҳам ба имзо расида будааст. Аммо бар асари бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ Русия вақти иҷрои қарододи мазкурро ба таъхир андохта ва ҳанӯз маълум нест, ки он чӣ муддате тӯл мекашад. Бар замми ин теъдоди қабули муҳоҷирон низ дар ин қарордод нисбат ба соли гузашта хеле ихтисор шудааст. Ба хотири таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷои кор «Тоҷикхориҷакор» тасмим гирифтааст имсол гурӯҳи муҳоҷиронро ба Қазоқистон фиристад, вале ин тасмим чӣ гуна амалӣ мешавад, ҳанӯз аниқ нест.
Тибқи ахбори иддае аз расонаҳои иттилоотии хориҷӣ, гӯё баъзе корхонаҳои Русия муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва коргарони ғайриҳирфаиро аз кор меронанд. Ва ё бо баҳонаи бӯҳрони молӣ аз пардохти дастмузди муҳоҷирони тоҷик сар мепечад. Имсол ба шаҳрвандони тоҷикистонӣ зиёда аз 40 миллион рубл пардохт нашудааст. Роҳбарони корхонаҳо ва корфармоёни Русия, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон корро пешниҳод кардаанд, инро вобаста ба вазъи бӯҳрони имрӯза медонанд.
Аммо Зумрад Солеҳова, мудири шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва муносибатҳои байналмилалии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, таъсири бӯҳронро ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ки боиси маъзулӣ аз кор ва бозгашташон ба Ватан шуда бошад, рад намуд. Бино ба иттилои ӯ, бозгашти муҳоҷирон ба Ватан чун мавсими ҳарсола ба таври муқаррарӣ сурат гирифтааст. Азбаски мавсими баргаштани онҳо ба ҷойи корашон аз моҳи феврал оғоз меёбад, ҳанӯз бобати бо ҷои кор таъмин шудан ё нашудани муҳоҷирон дар Русия кафолате нест. Вале рӯзномаи маскавии «Комсомолская правда» менависад: «Дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии Русия мустақар аст ва сармояи Русия дар он ҷо муҳофизат мешавад. Агар Русия сармоягузории худро ба иқтисодиёти Тоҷикистон фаъол намояд, муҳоҷирон ба ватанашон боз хоҳанд гашт». Эҳтимоли бозгашти қисмате аз муҳоҷиронро ба ҷумҳурӣ, ки бар асари бӯҳрони молиявӣ хавфи бекорӣ ба онҳо таҳдид мекунад, коршиносони дигар ҳам тасдиқ менамоянд. Ва оё онҳо дар ватани хеш ҷои кор пайдо мекунанд? Мирзохӯҷа Ифторов, сардори раёсати агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Рашт, итминон дорад, ки бозгашти муҳоҷирони меҳнатии ноҳияи Рашт ба Ватан мушкиле эҷод намекунад. Бино ба маълумоти ӯ, феълан 10 ҳазору 613 нафар сокини ноҳияи Рашт дар хориҷи кишвар муҳоҷири меҳнатист. Ва дар айни замон дар ноҳия курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ амал менамоянд, ки ба ниёзмандон касбҳои гуногуни ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро меомӯзонанд. Инчунин бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ дар ин ноҳия ҳудуди 50 корхонаи хурду калон аҳолиро ба кор фаро гирифтааст.
-Мо хавфи бӯҳрони молиявиро ба муҳоҷирони меҳнатии ноҳияамон камтар эҳсос менамоем, чаро ки теъдоди зиёди онҳо худ соҳибкоранду дигаронро бо кор таъмин менамоянд,- мегӯяд ӯ.- Ҳоло аз ҳисоби ин муҳоҷирон сармоягузороне пайдо шудаанд, ки мехоҳанд маблағашонро барои рушди ҷумҳурӣ ва минтақа ба кор баранд. Чунки аксари ин муҳоҷирон дар Русия сатҳи касбии хешро такмил дода, соҳиби касбу пешаҳои нав ҳам шудаанд. Ҷавонони мо баробари фаъолияти корӣ дар мактабҳои олии Русия ғоибона таҳсил намуда, маҳорати касбиашонро баланд бардоштаанд. Онҳо ҳозиранд дар ҳолатҳои зарурӣ таҷрибаҳои андӯхтаашонро дар ҷумҳурӣ истифода баранд. Аз ин хотир мо дар масъалаи бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан мушкиле надорем.
Шояд муҳоҷирони ноҳияи Рашт дорои лаёқати хуби соҳибкорӣ ва малакаҳои меҳнатианд ва бо мақомоти шуғл ҳамкории зич доранд, вале онҳо ҳамагӣ даҳ ҳазор нафаранд. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки: -Оё даҳҳо ҳазор муҳоҷирони дигаре, ки эҳтимоли бозгашт ба ватанро доранд, дар шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ низ бад- ин васила ҷои кор пайдо мекунанд? Барои рафъи ин мушкил ва ҳалли проблемаи мавҷуда Агентии давлатии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Аз ҷумла Анвар Бобоев, мудири бахши муҳоҷирати мақомоти шуғли мазкур, рафъи мушкили муҳоҷирон ва таъмини онҳоро бо ҷои кор дар Ватан имконпазир меҳисобад. Ба андешаи ӯ, ба василаи ҷалби бекорон ба соҳаи кишоварзӣ на танҳо ҷойи кор пайдо мешавад, балки дар айни замон барои рушди ин соҳа, ки дар ҳоли карахтӣ қарор дорад, муваффақ хоҳем шуд.
-Мо ҳама медонем,- мегӯяд ӯ,- ки 80 дар сади аҳолии кишвари мо дар деҳот умр ба сар мебарад ва деҳқонзода аст. Бар замми он Тоҷикистон дорои тақрибан 840 ҳазор гектар замини кишт буда, кишвари аграрӣ маҳсуб меёбад. Соҳаи кишоварзии кишвар, ки худ дучори бӯҳрони шадид аст, ба меҳнати созандаи садҳо деҳқонзодаи асил ниёз дорад. Аз ин хотир ҷалби муҳоҷирон ба кори кишоварзӣ бо фароҳам овардани шароити кору зиндагӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки ҳам ҷои кор ёбанду ҳам ба рушди ин соҳа таконе бахшанд.
Дар айни замон бояд бекорон ва муҳоҷирони ба Ватан баргашта ба фаъолияти соҳибкории хурду миёна бештар ҷалб гарданд. Танҳо дар давоми як сол, яъне соли 2008, Агентии давлатии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират зиёда аз 2 ҳазор нафарро, ки дар қайди бекорӣ буд, ба соҳибкорӣ ҷалб намуд. Агар бонкҳои шаҳру ноҳияҳо барои рушди соҳа қарзҳои имтиёзнокро ба мардум ба роҳ монанд, ҳазорон аҳолии музофотии мо ҷои кор ва як манбаи даромади хуб ҳам пайдо менамояд. Ҳар қадаре соҳибкор даромади бештаре ба даст орад, зиёдтар андоз месупорад, ки ин ба манфиати кишвар аст.
Тавре ки дар ҷаласаи васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ба масъалаи касбомӯзии аҳолӣ низ бояд диққати бештаре диҳем. Ҳоло дар кишвари мо соле то 10 ҳазор нафар ҷавон маълумоти касбӣ мегирад. Имсол муваффақ шудем курсҳои таълими калонсолонро ба роҳ монем. Чаро ки бар асари гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва суръати баланди рушди илмиву техникӣ даҳҳо касбу пешаҳое, ки чанд сол пеш ба ҷомеа зарур буданд, ҳоло мавқеашонро аз даст додаанд ва дигар ба кор намеоянд. Ҷои онҳоро касбу пешаҳои нави замонавӣ танг кардаанд. Бар замми ин зиёда аз 80 дар сади муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар хориҷаанд. Дар хориҷа, аз ҷумла Русия, ба нерӯи кории соҳибкасб ниёз доранд. Имрӯз барои мардикори ҳунарманду соҳибпеша, ки аз ӯҳдаи иҷрои вазифааш мебарояд, дарёфти ҷои кор душвор нест. Вале фардо ӯро чӣ интизор аст, бояд мақомоти махсуси алоҳидаи давлатие, ки соҳаи шуғл ва касбомӯзиро пеш мебарад, ба ин пурсиш посух дошта бошанд. Бино ба гуфтаи Анвар Бобоев, Агентии давлатии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират аз ӯҳдаи иҷрои ин гуна вазифа мебарояд.
Хайринисои Расулӣ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4803