logo

маориф

Соли дастовардҳо

Соли пешин дар соҳаи маориф як қатор ислоҳотҳо, даровардани тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи маориф», бунёди мактабҳои нав, аз байн бурдани мушкилоти норасоии мактабҳо дар минтақаҳои кӯҳистон, таъсиси Маркази миллии тестӣ ва омодагӣ ба низоми ягонаи тестии дохилшавандагон ба мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дастовардҳои  хонандагон  дар олимпиадаҳои байналмилалӣ  ба назар мерасад.
Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз соли 2008, дар доираи амалӣ гардонидани “Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008 - 2015”, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагон, биноҳои маъмурию ҷамъиятӣ ҷойгиранд, аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази асосии ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод гардида, 16 мактаб  бо маблағи 12 миллиону 811 ҳазор сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Соли 2013 чаҳор мактаби таҳсилоти ибтидоӣ, ки дар деҳоти ноҳияи Балҷувон фаъолият дошт, ба биноҳои навсохт кӯчонида шуда, мақоми филиали мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумиро гирифтанд.  
Тавре аз Вазорати маориф ва илм иттилоъ доданд, дар ин сол дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 251 бинои муассисаи таълимӣ барои 45 169 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 334 миллиону 109 ҳазор сомонӣ  сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.  Илова ба ин, бинои 19 мактаб ба маблағи 8 миллиону 290 ҳазор сомонӣ пура аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати дастгирии соҳа, бахусус сохтмони муассисаҳои таълимӣ корҳои шоистаи таҳсин ба анҷом мерасанд ва он идома дорад. Ба чунин иқдоми ватанпарварона аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ 15 муассисаи таълимӣ барои 2331 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд.
 Норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, ки солҳои дароз идома дошт ва он садди пешрафти таълим мегардид, дар ин сол ҳалли худро ёфт. Хонандагони болаёқати кишвар соли 2013 сазовори 131 медалҳои тило, нуқра ва биринҷӣ гардиданд.
Ҳ.САНГОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.01.2014    №: 3    Мутолиа карданд: 1464
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед