logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7, мод. 398; с. 2006, №3, мод. 141; с. 2007, №5, мод. 350; №7, мод. 652; с. 2008, №12, қ. 1, мод. 981; с. 2009, №5, мод. 314; с. 2011, №3, мод. 150; №6, мод. 428; с. 2012, №8, мод. 810; с. 2013, №7, мод. 497)  тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми якуми моддаи 31:
- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ба муфаттиш ва таҳқиқбаранда барои муроҷиат намудан бо дархост ба суд оид ба татбиқи чораҳои пешгирӣ дар намуди ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, дар бораи дароз кардани мӯҳлати онҳо, чораҳои маҷбурии мурофиавии муваққатан дур кардан аз вазифа, ҳабси молу мулк, маблағҳои амонатӣ, суратҳисобҳои бонкӣ, коғазҳои қиматнок, кофтуков, ёфта гирифтан, ҳабс ва гирифтани муросилоти почтаю телеграф, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол меёбанд, гӯш кардан ва сабти гуфтугӯи телефонӣ ё гуфтугӯҳо бо истифодаи воситаҳои дигари алоқа ва дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–ҷустуҷӯӣ розигӣ диҳад;»;
- сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- барои татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди гарав розигӣ диҳад;».
2. Дар моддаи 33:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 33. Додани розигӣ барои татбиқи чораҳои пешгирӣ, чораҳои дигари маҷбурии мурофиавӣ ва амалҳои тафтишотӣ»;
- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ҳуқуқи розигӣ доданро ба татбиқи чораҳои пешгирӣ дар намуди ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, дар бораи дароз кардани мӯҳлати онҳо, гарав, ба татбиқи чораҳои маҷбурии мурофиавии муваққатан дур кардан аз вазифа, ҳабси молу мулк,  маблағҳои амонатӣ, суратҳисобҳои бонкӣ, коғазҳои қиматнок, кофтуков, ёфта гирифтан, ҳабс ва гирифтани муросилоти почтаю телеграф, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол меёбанд, гӯш кардан ва сабти гуфтугӯи телефонӣ ё гуфтугӯҳо бо истифодаи воситаҳои дигари алоқа ва дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–ҷустуҷӯӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Сарпрокурори ҳарбӣ ва муовинони ӯ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда доранд.»;
- дар қисми дуюм ҷумлаи якум хориҷ карда шуда, калимаи «ҳабсгирӣ» ба калимаҳои «ба ҳабс, ҳабси хонагӣ гирифтан» иваз карда, пас аз калимаи «ҳабс» калимаҳои «, ҳабси хонагӣ» илова карда шаванд;
- аз қисми сеюм калимаҳои «ва ҳабси амвол» хориҷ карда шаванд;
- қисми панҷум хориҷ карда шавад;
- қисми шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Тартиби додани розигӣ ба татбиқи чораҳои пешгирӣ, бекор кардан, тағйир додан ва дароз кардани мӯҳлати онҳо, татбиқи чораҳои дигари маҷбурии мурофиавӣ ва амалҳои тафтишотӣ мутобиқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2013, № 1034


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти
прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2013, № 1339


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии  Тоҷикистон   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2013, № 589


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.01.2014    №: 4    Мутолиа карданд: 1640
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед