logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ БАЪЗЕ ҚОНУНҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Қонунҳои зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 1990, №65 «Дар хусуси тасдиқ намудани Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савганди судяҳо ва машваратчиёни халқии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ведомостҳои Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, с. 1990, №9, мод. 157);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 1990, №67 «Дар хусуси тасдиқ намудани Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе хусусиятҳои татбиқи асосҳои қонунгузории Иттифоқи РСС ва республикаҳои иттифоқӣ дар бобати иҷора дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ведомостҳои Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, с. 1990, №9, мод. 159);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 1990, №68 «Дар хусуси тасдиқ намудани Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зиёд кардани ҷавобгарӣ барои амалиёте, ки ба муқобили тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии гражданинҳо равона карда шудааст» (Ведомостҳои Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, с. 1990, №9, мод. 160);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 сентябри соли 1991, №398 «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1991, №18, мод. 245);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 1992, №700 «Дар бораи аз андози арзиши иловашуда озод кардани роҳхатҳо ба табобатгоҳҳои санаторию курортӣ, истироҳатгоҳҳо ва лагерҳои солимгардонии тобистона» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1992, №21-22, мод. 303).
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2013, № 1043


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит
донистани баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
2. Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 сентябри соли 1991, № 399 «Дар хусуси амалӣ гардондани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1991, № 18, мод.246) аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 10 октябри соли 2013, №  1288

ҚарориМаҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2013, № 598


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.01.2014    №: 4    Мутолиа карданд: 1646
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед