logo

илм

Ғизо–асоси тандурустӣ ва тавоноӣ

Муайян карда шудааст, ки ғизо манбаи асосии мубодилаи моддаҳо буда, таъсири байниҳамдигарии буния ва муҳити атрофро нигоҳ медорад. Истеъмоли оқилонаи ғизо талаботи бунияро ба таври пурагӣ бо энергия, маводи сохтмонӣ ва фаъолияти ҳаётӣ дар вақти муайян таъмин сохтан аст. Норасоии ғизо дар ин ё он шакл дар ҳар як давлат дида мешавад. Таҳқиқ шудааст, ки аз панҷ як ҳиссаи аҳолии давлатҳои тараққикунанда ва ё аз он зиёдтар аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ мекашанд.
Дар баробари тавлидоти миқдори зиёди маҳсулоти ғизоӣ дар сатҳи глобалӣ, таъминоту тақсимоти он ҷавобгӯи талаботи аҳолии дунё нест. Имрӯз дар дунё ду навъи истеъмоли нооқилонаи ғизо вуҷуд дорад: якум нимгуруснагӣ ва дуюм пурхӯрӣ. Дар давлатҳои тараққикунанда, ки дар онҳо 4 миллиард аҳолӣ умр ба сар мебаранд, ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз 2320 килокалория, дар мамолики тараққикарда 1,26 миллиард аҳолӣ 3350 килокалория истеъмол менамоянд.
Яке аз шаклҳои васеъ паҳншудаи нимгуруснагӣ норасоии сафеда, микроунсурҳо ва витаминҳо, аз ҷумла микроунсурҳои йоду оҳан ва витамини А мебошанд, ки ба бунияи инсон зарари ҷиддӣ мерасонад. Норасоии ғизо, инчунин  бунияро суст карда, қобилияти муқовимати онро ба бемориҳои сироятӣ коҳиш медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки дар дунё зиёда аз 1 миллиард одамон аз норасоии ғизо танқисӣ кашида, беш аз 800 миллион нимгуруснаанд. Вазни қадкашии 215 миллион кӯдак ба талабот ҷавобгӯ нест. 48 миллион кӯдак ба лоғаршавӣ гирифтор аст. Ҳар сол тақрибан 13 миллион кӯдакони то синни 5 - сола аз норасоии маводи ғизоӣ ва гуруснагӣ ба бемориҳои гуногуни сирояткунанда гирифтор шуда, мефавтанд. Зиёда аз 25 фоизи аҳолии кураи Замин аз нарасидани оҳан ба бемории камхунӣ гирифторанд. Тақрибан 500000 модарон ҳангоми ҳомила ва тавлидкунӣ аз ҳисоби бемории камхунии вазнин мефавтанд. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 3 миллион кӯдакон гирифтори бемории ксерофталмия буда, дар хуни 215 миллион кӯдак меъёри витамини А ниҳоят паст мебошад. Ҳар сол тахминан 500 ҳазор кӯдакон аз норасоии витамин қисман ё тамоман нобино мешаванд.
Витаминҳо, ки дар таркиби маҳсулоти ғизоии ҳайвонотӣ мавҷуданд, аз ҷумла витамини А дар ҷараёни афзоиши қадкашии кӯдакон, пӯст, ҳуҷайраҳо, ҳосилшавии ҳормонҳо ва таъмини биноии чашм, витамини Е – маводи муҳими зиддиоксидӣ, витамини Д дар мустаҳкам намудани устухони кӯдакон, мубодилаи моддаҳои дохили буния, витамини В12, ки танҳо дар таркиби маҳсулоти гӯштию ширӣ мавҷуд аст, дар пешгирии бемории камхунӣ аз норасоии оҳан басо муҳим мебошанд. Истеъмоли маҳсулоти гӯштӣ дар меъёри муайяни физиологӣ, хусусан ба кӯдакон ва занҳои қобили таваллуд зарур ва ҳатмист.
Бинобар ин, барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти гӯштии босифат саршумори чорвои калони шохдори гӯштиро, ки таносуби бофтаҳои бунияашон ва таркиби кимиёии гӯшташон дар қиёс бо дигар ҳайвонот беҳтар аст, зиёд ва базаи таъмини хоҷагиҳои чорвопарвариро бо ғизои солиму босифат мустаҳкам намудан лозим аст.
Ин проблема дар рисолаи илмии академики Академияи кишоварзии Тоҷикистон профессор А. Қароқулов, «Таъмини истеҳсоли гӯшти гов дар Тоҷикистон оид ба моҳияти ғизоӣ, таркиби кимиёӣ ва рентабелнокии гӯшти буққачаҳои зоти қалмиқӣ, зоти омехта ва таҳҷоӣ» ба таври возеҳ аз лиҳози илмӣ бо ташхисҳои амалӣ нишон дода шудааст. Муаллиф дар натиҷаи омӯзиш ва таҳқиқот ба хулосае омадааст, ки беҳтарин гӯшт онест, ки дар он таносуби намнокӣ ва маводи хушк, чарбу ва протенин баробар аст ва ин таносуб дар таркиби гӯшти буқачаҳои 18 - моҳаи зоти қалмиқӣ дида мешавад. Агар онҳоро боз чанд муддати дигар парвариш намоянд, ин таносуб метавонад, ки вайрон шавад.
Аз ин лиҳоз, муаллиф барои васеъ намудани ассортименти маҳсулоти гӯштӣ ва беҳтар намудани мазза ва коркарди технологӣ ва хусусияти парҳезии онҳо таклиф пешниҳод намудааст, ки буққачаҳоро дар синни 5 - моҳагӣ ахта намуда, то 18-моҳагӣ ва вазни 400-500 килограмм парвариш намоянд.
Ҷаҳон АЗОНОВ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.01.2014    №: 5    Мутолиа карданд: 1809
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед