logo

илм

ХАТЛОНЗАМИН ДАР НАШРИЯҲОИ РУСИИ БУХОРОИ ШАРҚӢ

Дар Хатлон то солҳои 30-юми асри гузашта матбуоти даврӣ арзи ҳастӣ накарда бошад ҳам, перомуни ҳаёти фарҳангӣ, иқтисодиёт ва захираҳои табии водиҳои Вахшу Кӯлоб дар нашрияҳои русизабони тоинқилобӣ матолибе дар қолаби жанрҳое монанд ба очерку сафарнома ба табъ расидаанд.

Нахустин навиштаҳои публитсистиро, ки дар он вазъи зиндагии мардум, дороиҳои табиӣ ва махсусиятҳои ҷуғрофии манотиқи ҷанубии Тоҷикистон тасвир шудааст, дар матбуоти даврии охири асри XIX дучор омадан мумкин аст. Дар охири садаи XIX  бисёр сайёҳону зистшиносон, набототшиносону муаррихон, аз қабили В. Липский, М. Варигин, Д. Логофет, А. Борис, Г. Вамбери ва дигарон ба хотири пажӯҳишу омӯзиши олами набототу ҳайвонот, сарватҳои зеризаминӣ ва таъриху анъанаҳои миллии  мардуми ин сарзамин пайиҳам ба тамоми ноҳияҳои Бухорои Шарқӣ сафар карда, экспедитсияҳои эҷодӣ гузарониданд. Иддае аз онҳо ба таҳқиқу омӯзиши таърихи Хатлонзамин мароқ зоҳир намуда, дар рӯзномаҳои илмию маъмурии ҳукумати подшоҳии рус «Туркестанские ведомости», «Известия топографического общества», «Исторический вестник» ва «Военные сборники»  мақолаҳо ба табъ расониданд.
Н. Маев аз нахустин муҳаққиқони рус аст, ки дар замони қабл аз инқилоби Октябр ба пажӯҳиши мавзеи ҷуғрофӣ ва фарҳангу тамаддуни мардуми Хатлонзамин пардохта, дар бораи сафари худ ба сарзамини Кӯлоб соли 1875 дар рӯзномаи «Туркестанские ведомости» мақола ба чоп расонид. Гузашта аз ин, ӯ аз натоиҷи таҳқиқоташ дар Хатлонзамин соли 1876 асаре бо номи «Очерки хонигарии Бухоро, сарзамини Ҳисор, Кӯлоб ва соҳилҳои Амударё» нашр намуд.
Матбуоти болшевикии русизабон, аз ҷумла нашрияҳои легалӣ (қонунӣ)-и «Туркестанские ведомости», «Русский Туркестан», маҷаллаи «Военный сборник» (дар қаламрави Осиёи Марказӣ дар замони то инқилоби октябри соли 1917 нашрияҳои ғайриқонунӣ низ мавҷуд буданд, аз қабили «Рабочий», «Солдатский листок», «Правда»», «Солдат»), ҳарчанд бештар ба таблиғи рисолати таърихии пролетариат, даъвати пайвастани мардуми бумӣ ба коршикании оммавии коргарони рус, ташвиқи нақш ва аҳамияти иштироки меҳнаткашон дар таъсиси ҳизби қавии болшевикӣ машғул буданд, дар саҳифаҳои худ борҳо аз вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии водиҳои Кӯлобу Вахш мақолаҳо нашр кардаанд.
Ҳамчунин дар солҳои 1877-1917 муаррихону публитсистони дигари рус Н.Покотило («Отчет о поездке в пределы Центральной и Восточной Бухары в 1886 году», соли 1888), Матвеев (нигориши «Поездка по Бухарским и афганским владениям в феврале 1877 года»), Н. Февралев (мақолаи «Правобережная полоса Пянджа и Аму-Дарьи от Калаи Вандж до Керки», соли 1895, дар маҷаллаи «Военный сборник»), А. Бобринский, А.Семёнов (мақолаи «По границам Бухары и Афганистана», соли 1902), Д. Логофет (мақолаҳои «О торговых путях», соли 1870, дар шумораи 3-юми «Туркестанские ведомости», «Аҳолии бекигарии Кӯлоб», соли 1905, дар шумораи №11-и ҳамин нашрия ва «Промышленность в Восточной Бухаре», соли 1905, дар шумораи 139-и ҳамин нашрия), И. Гейер, А.В. Нечаев,  Ю. Пословский, А. Шишов, А. Толкин («Очерки мухтасари хонигарии Бухоро»), М.Варигин («Таҷрибаи тасвири бекигарии Кӯлоб»), Н. Зарудний, П. Гаевский («Бекигарии Қӯрғонтеппа») ва дигарон роҷеъ ба таърих, ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии Хатлон дар саҳифаҳои матбуоти русизабон матолиби мукаммалу пурарзише ба табъ расонида, ҳамчунин асарҳои илмию таърихӣ ва публитсистӣ навиштаанд.
Азбаски то даҳаи аввали садаи 20-ум дар қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон рӯзномаю маҷаллаҳо арзи вуҷуд надоштанд, нахустин мақолаҳо дар бораи ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва тиҷоратию мадании Хатлонзамин дар матбуоти русизабони он давра чоп гардида, дар он кӯшише барои тасвири шуғли мардуми ин диёр, робитаҳои тиҷоратӣ, сохти идораи давлатӣ, ҳунарҳои дастии сокинон ва мавқеи ҷуғрофии минтақа эҳсос мешуд. Масалан, М. Варигин дар асари худ «Таҷрибаи тасвири бекигарии Кӯлоб» чунин менависад: «…бегуфтугӯ, дар замонҳои гузашта барои ҷаҳони Шарқ ин гӯшаи фаромӯшшудаи дунё (бекигарии Кӯлоб дар назар аст – Н.М.) нақши намоёни алоқаи фарҳангӣ ва иқтисодӣ мебозид. Вилояте, ки дар байни ду дарёи бузург – Вахш ва Панҷ воқеъ аст, Хутал ном дошта, аз чаҳор тараф бо дарёчаҳои шӯху обшор иҳота шудааст».
Муҳаққиқ  Д. Логофет дар мақолааш «Кулябское бекство и его поселение, ки дар шумораи рақами 11-и рӯзномаи «Туркестанские ведомости» (соли 1905) ба табъ расидааст, аз бекҳо ва босмачиҳо интиқод карда, мегӯяд, ки онҳо натанҳо истисмори коргарону деҳқонони русро ба ҳадди интиҳо расонида, хоҷагии халқро хароб карданд, балки ғуломгардонӣ ва талаву тороҷи халқҳои гӯшаву канорҳои Бухорои Шарқӣ, аз ҷумла меҳнаткашони Хатлонзаминро бағоят пурзӯр намуданд. Дар натиҷа, соҳаи кишоварзии бе ин ҳам қафомондаро буҳрони иқтисодӣ фаро гирифт. Масалан, соли 1915 назар ба соли 1911 аз Русия ба Бухоро овардани ғалла - 54, газвор - 34, металл - 31 ва қанд 11 дарсад кам шуд. Дар айни замон аз Бухоро ба Русия содироти пахта - 46, меваи хушк - 68 ва пашм 221 фоиз афзуд. (Шариф Д. Таърихи Хатлон. – Кӯлоб: «Сада», 1999, саҳ. 185).
Д. Логофет, ки сарҳанги артиши подшоҳии рус буд, дар ҷараёни саёҳаташ ба Бухорои Шарқӣ як идда санадҳоро ба даст оварда, аз бардоштани ин сафараш соли 1905 мақолаи «Аҳолии бекигарии Кӯлоб»-ро навиштааст. Дар он мақола аз ҷумла зикр шудааст, ки дар водии Кӯлоб тоҷикон ба чорводорӣ, зироаткорӣ, тиҷорат ва ҳунарҳои дастӣ сарукор доранд. Ҳамин муаллиф дар мақолаи дигараш «Дар бораи роҳҳои тиҷорат дар Осиёи Марказӣ» «Туркестанские ведомости», №3, (соли 1870) дар бораи роҳҳои инкишофи мубодилаи тиҷоратии Бухорои Шарқӣ ва Чину Ҳиндустон, ки тавассути мавзеъҳои водии Вахш, асосан Саройкамар (қаламрави ноҳияи Панҷи имрӯза) сурат мегирифт, маълумот додааст. Дар ин мақола аз ҷумла зикр шудааст, ки «ин мавзеъ ба як шаҳри тараққикарда ва ба яке аз марказҳои калони тиҷоратӣ мубаддал гаштааст, ки он ба Ҳиндустон муносибати наздики тиҷоратӣ доштааст».
Қобили зикр аст, ки бекигариҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Қубодиён ва Балҷувон аз ҷумлаи 10 бекигарие буданд, ки дар асри XIX дар қаламрави Бухорои Шарқӣ пайдо шудаанд ва бо таваҷҷуҳ ба тавсеаи батадриҷи қаламрав, аҳолӣ, ба вуқӯъ пайвастани инқилоби таърихии октябри соли 1917, таъсиси Иттифоқи Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ, аз он ҷумла Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон ва пасон Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, тағйири сиёсати замон ва сохти идоракунии давлат зарурати таъсиси дастгоҳи қавии идеологие ба миён омада буд. Ҳамакнун инъикоси рӯйдодҳои ҳавзаи Хатлон дар рӯзномаю маҷаллаҳои миллию минтақавӣ кофӣ набуд ва ҳукумати вақт мутаваҷҷеҳи таъсиси рӯзномаҳо дар музофотҳо – округҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб гардид. То тавассути ин дастгоҳи зарбдори таблиғи барномаҳои ҳукумати шӯроӣ ба аҳолӣ таъсир гузорад ва ба ҳалли мушкилоти фаровоне, назири камсаводии мардум, хурофотпарастӣ, ноогоҳӣ аз авлавиятҳои сохти сотсиалистии давлат, ба ҳаёти нав ворид шудани одамон ва барҳам додани стереотипҳои шаклгирифтаи манфии мардум, замина фароҳам оварад.
Вале чунин ба назар мерасад, ки таъсис додани рӯзнома дар Қӯрғонтеппаю Кӯлоб барои ҳукумати шӯроӣ кори саҳлу сода набуд ва беш аз даҳ сол лозим омад, ки ин ду округ соҳибрӯзнома шаванд. Дар муқоиса бо минтақаҳои дигари Тоҷикистон матбуоти даврӣ дар қаламрави имрӯзаи вилояти Хатлон дертар, дар оғози солҳои сиюми асри гузашта зуҳур кардааст. Масалан, агар дар Хуҷанд ҳанӯз дар соли 1909 маҷаллаи сотсиал-демократии «Красное солнышко» (дар бораи ин маҷалла профессор И. Усмонов дар шумораи 22 марти соли 1979-и рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ»  (ҳоло «Ҷумҳурият»)  маълумоти муфассал додааст) ва дар Қаротегин (имрӯза ноҳияи Рашт) соли 1923 рӯзномаи «Красный Каратегин» интишор шудааст, дар Қӯрғонтеппа танҳо баҳори соли 1931 шумораи нахустини «Сохтмони зарбдори Вахш» - нашрияи кумитаи иҷроияи ҳизби коммунист дар сохтмони Вахш, аз чоп баромад. Ин рӯзномаро метавон поягузори журналистикаи минтақавӣ ва мактаби бузургу эътирофшудаи рӯзноманигорӣ дар Хатлонзамин номид ва он, бешак, дар шаклгирии ҳавзаи адабӣ ва публитсистика дар водии Вахш саҳми бориз гузошт.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи
Носири Хусрав
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2014    №: 8    Мутолиа карданд: 2054
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед