logo

суханрониҳо

ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО ГАРМӢ ТАЪМИН МЕШАВАД

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ба фаъолият оғоз
кардани навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе – 2, шаҳри Душанбе, 10 январи соли 2014

Ҳозирини муҳтарам!
Дӯстони азиз!
Сараввал ҳамаи сокинони пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе, инчунин ҳайати муҳандисиву кормандон ва кулли бинокорони Маркази дуюми барқу гармидиҳии Душанберо ба муносибати оғози фаъолияти навбати аввали боз як иншооти муҳими мамлакат самимона табрик мегӯям.
Дарвоқеъ, дар рӯзҳои сарди фасли зимистон ба истифода супоридани маркази барқу гармидиҳӣ барои сокинони шаҳри Душанбе рӯйдоди хотирмони густариши корҳои созандагиву ободгарӣ ва дар айни замон боз як қадами устувор дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикии кишварамон мебошад.
Бо мақсади ҳалли мушкилоту масоили пойтахти мамлакат, алалхусус дар фасли тирамоҳу зимистон таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва сокинони шаҳри Душанбе бо неруи барқу гармӣ соли 2012 байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин созишнома доир ба бунёди Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ба имзо расида буд.
Сохтмони иншооти зикршуда моҳи ноябри соли 2012 бо арзиши лоиҳавии 870 миллион сомонӣ оғоз гардид ва имрӯз навбати аввали он ба истифода супорида шуд.
Бо оғози фаъолияти корхонаи имрӯза садҳо хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, шифохонаву дармонгоҳҳо ва дигар иншооти иҷтимоии шаҳри Душанбе бо неруи барқу гармӣ таъмин мегарданд.
Дар ҷараёни сохтмони марказ зиёда аз 1600 нафар мутахассисону сохтмончиёни Тоҷикистону Чин - кормандони Ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Халқии Чин - ТИБИА шабонарӯз заҳмат кашиданд ва навбати аввали онро дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд анҷом доданд.
Бо истифода аз фурсат ман ба ҳамаи сохтмончиёни ватанӣ ва роҳбарону мутахассисони ширкати мазкур барои ҳамкории бародаронаашон ва умуман ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин махзани нуру гармӣ саҳм гузоштаанд, самимона изҳори сипос менамоям.
Бояд гуфт, ки дар натиҷаи ба фаъолият оғоз кардани корхонаи имрӯза хатти интиқоли барқи баландшиддати 220-киловолтаи он ба зеристгоҳи “Душанбе-500” пайваст шуда, корҳо ҷиҳати пайвастани шоҳқубури гармидиҳӣ то қубурҳои мавҷудаи гармигузаронии шаҳр ба масофаи зиёда аз се километр ва дигар иншооту биноҳои маъмурии марказ идома дода мешаванд.
Ҷиҳати таъмин намудани фаъолияти муназзами марказ 60 нафар мутахассисони тоҷик барои таҷрибаомӯзӣ ва шиносоӣ бо техникаву технологияи чунин корхонаҳо ба Ҷумҳурии Мардумии Чин фиристода шуда, таҷрибаи кофии пешбурд ва идоракунии иншоотро омӯхтанд ва ҳоло онҳо барои идомаи кор дар корхона омода мебошанд.
Илова бар ин, айни замон боз 100 нафар мутахассисони ватании соҳибтахассус давраи таҷрибаомӯзиро гузашта истодаанд.
Тибқи созишномаи байнидавлатӣ баъди пурра ба анҷом расидани сохтмони иншооти мазкур наздики 100 нафар мутахассисони чиноӣ дар муддати то ду сол якҷо бо коргарону мутахассисони тоҷик фаъолият карда, доир ба омӯзонидани тарзу усули истифодаи таҷҳизоту технологияи марказ кумак мерасонанд.
Умуман, баъди пурра мавриди баҳра-бардорӣ қарор гирифтани Маркази барқу гармидиҳӣ 200 нафар мутахассисони баландихтисоси тоҷик бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.
Мехоҳам як масъалаи муҳимро махсус хотирнишон созам, ки дар корхона бо истифода аз дастовардҳои навтарин ва усулҳои муосири техникиву технологӣ барои безараргардонии партов, яъне меъёрҳои замонавии экологӣ ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, қаблан дуди ангишт аз полоиши барқӣ ё электрофилтр гузаронида мешавад ва баъдан тавассути дастгоҳи махсус поксозӣ шуда, 99,8 фоиз безарар гардонида мешавад, ки ин нишондиҳанда ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқат менамояд.
Ғайр аз ин, ҷиҳати аз гардбоди ғализ эмин нигоҳ доштани муҳити зисти шаҳри Душанбе хокистари ангишт тавассути таҷҳизоти шабакаи махсуси пӯшида барои нигоҳдории муваққатӣ ба зарфҳои алоҳидаи махсус интиқол дода мешавад.
Роҳбарияти корхона барои истифодабарии самараноки хокистари Маркази барқу гармидиҳӣ бо ширкатҳои ватании истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмон шартнома бастааст, ки чунин иқдом боиси пурра аз байн бурдани таъсири манфӣ ба муҳити зист мегардад.
Маркази барқу гармидиҳӣ аз ду дегхонаи энергетикии дорои иқтидори умумии 100 мегаватт ё худ қариб дуюним миллион киловатт-соат неруи барқ дар як шабонарӯз иборат буда, бо истифодаи ангишти маҳаллӣ, ки захираи он дар минтақаҳои мухталифи кишварамон фаровон аст, фаъолият менамояд.
Навбати аввали марказ иқтидори истеҳсоли 1 миллиону 250 ҳазор киловатт-соат неруи барқро дорад, ки чунин иқтидор дар шароити камчинии неруи барқ кумаки хеле зиёд ба шабакаҳои барқи кишвар мебошад.
Тибқи нақша навбати дуюми марказ то охири нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба истифода супурда мешавад ва шубҳае нест, ки ин кор низ бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда амалӣ мегардад.
Илова бар ин, дар иншоот бо иқтидори 90 гигакалория гармӣ истеҳсол карда мешавад, ки бо чунин ҳаҷми гармӣ дар масоҳати 1,3 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти шаҳри Душанбе бо гармӣ таъмин карда мешаванд.
Ба ҳолати аввали соли 2013 дар шаҳри Душанбе наздики 8,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ мавҷуд буда, бо назардошти пурра ба фаъолият оғоз кардани Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 имконият пайдо мешавад, ки иловатан боз 40 фоизи аҳолии пойтахт бо гармӣ таъмин карда шавад.
Дар натиҷаи амалӣ гардидани иқдоми мазкур сарбории шабакаҳои энергетикии шаҳри Душанбе хеле коҳиш ёфта, таъминоти сокинони пойтахт ва аҳолии атрофи он бо неруи барқ хеле беҳтар мегардад.
Ҳамватанони азиз!
Тавре ки борҳо иброз доштаам, тараққиёти имрӯзу ояндаи тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз истифодаи самараноки сарватҳои асосии мамлакатамон ва пеш аз ҳама, захираҳои гидроэнергетикӣ, яъне рушди энергетикаи обӣ вобастагии мустақим дорад.
Маҳз аз ҳамин хотир, мо бунёди неругоҳҳои хурду миёна ва бузурги барқи обӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикиро калиди ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии кишвар мешуморем ва ин ҳадафи стратегиро дар асоси барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат ва бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо пайгирона татбиқ мекунем.
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги барқароршавандаи гидроэнергетикӣ мебошад, ки истифодаи оқилонаву сарфакоронаи онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ва стратегии мост.
Бо ин мақсад, танҳо дар ҳафт соли охир ҷиҳати бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли неруи барқ, таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои мавҷуда ва умуман рушди соҳаи гидроэнергетикаи мамлакат қариб 12 миллиард сомонӣ харҷ карда шудааст.
Чунин иқдомоти созанда торафт вусъат пайдо намуда, ҳоло дар соҳаи энергетикаи кишвар татбиқи 10 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 6 миллиард сомонӣ идома дорад.
Бовар дорам, ки ҳамаи корҳои оғозкардаамон дар ин самт мунтазам амалӣ гардида, яке аз масъалаҳои стратегии давлати мо, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ки рушди минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва дар ин замина баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум аз он вобаста мебошад, дар ояндаи наздик ҳалли худро пайдо менамояд.
Аз ин лиҳоз, бори дигар хотирнишон месозам, ки сафарбар намудани ҳамаи захираву имкониятҳо барои рушди соҳаи энергетикаи кишвар бо мақсади таъмини пурраи талаботи мамлакат бо неруи барқу гармӣ, хусусан дар фаслҳои тирамоҳу зимистон, барқарор намудани иқтидорҳои мавҷуда ва ба кор андохтани иқтидорҳои нав, инчунин истифодаи манбаъҳои алтернативии истеҳсоли қувваи барқ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар ҳар як оила ва ташкилоту муассиса бо роҳи воридоти таҷҳизоту технологияҳои каммасрафи барқӣ, паст кардани талафоти техникии барқ, бунёди марказҳои нави барқу гармидиҳӣ ва дар ин асос расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи мо мебошад.
Бо умеди ноил шудан ба ин нақшаву ниятҳои нек бори дигар ҳамаи сокинони пойтахт, мутахассисону сохтмончиёни Тоҷикистону Чин ва шумо, ҳозирини гиромиро ба муносибати ифтитоҳ гардидани навбати аввали Маркази дуюми барқу гармидиҳии Душанбе табрик гуфта, бовар дорам, ки бо татбиқи нақшаву барномаҳои қабулнамудаамон мушкилоти бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва иқтисоди миллиамон тадриҷан бартараф шуда, дар ояндаи наздик шароити зиндагии мардумамон хеле беҳтар мегардад ва рушди иқтисодии кишварамон вусъати тоза пайдо хоҳад кард.
Дар ҷодаи иҷрои ин ҳадафҳои неку созанда ба ҳамаи шумо барори кор орзумандам.
Ҳамеша сарбаланду пирӯз бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2014    №: 9    Мутолиа карданд: 1484
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед