logo

маориф

ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ «ДУРАХШАНДАГОН» 300 НАФАРАНД, АММО…

Теъдоди духтарони донишҷӯ нисбат ба писароне, ки гирандаи стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон»-анд, дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар бамаротиб кам буда, донишҷӯёни бидуни квота таҳсил мекарда ниёз ба дастгирии молии Ҳукумати ҷумҳурӣ доранд.
Айни ҳол аз ҳисоби квотаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ ҷудошуда аз Тоҷикистон 2 441 донишҷӯ дар хориҷа таҳсил доранд, ки 300 - нафари онҳо стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон»-ро мегиранд.

Ивазшавии кадрҳо - ислоҳоти ҷомеа
Бозгашти кадрҳои ҷавон аз хориҷа ва фаъолияти онҳо дар ҷомеа  рағбати ҷавононро барои таҳсил дар хориҷи кишвар   зиёд гардонидааст. Самариддин Афғонов, директори Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм, гуфт, ки «соли 2013 барои «Дурахшандагон» 6 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Моҳи феврали соли ҷорӣ  ду нафар ба донишгоҳҳои Аврупо, яке ба Венгрия ва дигаре ба Чехия барои таҳсил мераванд. Имсол барои таҳсил дар Амрико ҳам стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» ҷудо карда шудааст»,-зикр кард Самариддин Афғонов.

Панҷ соли кори ҳатмӣ дар мақомот
Нусрат Тешаев, мудири бахши Аврупо ва Амрикои Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм, мегӯяд, ки ҳоло 30 донишҷӯи тибқи квотаи президентӣ дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ таҳсилкарда ба ватан баргашта, дар мақомоти гуногуни давлатӣ фаъолият доранд.
«Роҳкирои ононе, ки аз тариқи квотаи президентии «Дурахшандагон» таҳсил доранд, як маротиба аз ҳисоби маблағҳои президентӣ пардохт мегардад. Дар сурати набудани  хобгоҳ маблағи иҷорапулиро ҳам Тоҷикистон пардохт мекунад. Ҳатто маблағи суғурта ҳам дода  мешавад»,- зикр кард ҳамсуҳбатам.
Ҳоло 236 ҷавони тоҷик дар мактабҳои олӣ ва аспирантураи 64 кишвари хориҷӣ дар риштаи илмҳои дақиқу замонавӣ аз рӯйи 50 ихтисос таҳсил мекунанд. 

Теъдоди донишҷӯён дар хориҷа меафзояд 
Маҳмудхон Шоев, сардори маркази матуботи Вазорати маориф ва илм, мегӯяд, ки солҳои охир миқдори квотаҳои кишварҳои хориҷӣ низ барои ҷавонони тоҷик зиёд гардидааст.
Дар Русия - 1624, Қазоқистон - 128, Чин - 122, Туркия - 30, Беларус - 30, Қирғизистон - 25, Украина 20  ҷавон таҳсил карда истодаанд, - гуфт Маҳмудхон Шоев.
Ҷавононе, ки тибқи квотаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар донишгоҳҳо таҳсил мекунанд, бояд баъди хатми таҳсилот панҷ сол дар Тоҷикистон фаъолият намоянд.
Шоҳин Самадов, котиби сеюми  раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳам дар хориҷи кишвар таҳсил кардааст.
Ӯ мегӯяд, ки таҳсил дар хориҷа барояш ду маротиб муяссар шудааст. Бо дастгирии молии  Вазорати корҳои хориҷӣ Академияи дипломатии Русия ва Анҷумани хабарнигорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кардааст.
Нилуфари Азиз, ҳамсуҳбати дигари мо, унвонҷӯи риштаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Беларус мебошад. Ӯ изҳор медорад, ки бо дастгирии молиявии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар таҳсил дорад. 
Ҳар ду ҳамсуҳбатам гуфтанд, ки агар дастгирии Ҳукумати кишвар намешуд, ин бахт ба рӯяшон намехандид. Донишҷӯёни дигаре, ки бидуни квота дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, аз Ҳукумати Тоҷикистон дастгирии моддиро интизоранд. Ин гурӯҳи ҷавонон дар озмунҳои барномаҳои байналмилалии омӯзишӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ширкат намуда, роҳхати донишҷӯиро ба даст овардаанд.

Моро дастгирӣ намоед
Шеравган Нурҷонов, шаҳрванди Тоҷи-кистон, ки ҳоло дар Малайзия дар риштаи технология таҳсил мекунад, мегӯяд, ки агар ҳадди ақал Ҳукумати кишвар моро бо стипендия ё маблағи рафту омад таъмин  мекард,  мушкилотамон кам мегардид.
Самариддин Афғонов мегӯяд, ҷавононе, ки худ мустақиман ва ё аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба хориҷа барои таҳсил рафтаанд, имкони дастгирӣ ёфтан аз Ҳукуматро доранд. Ӯ изҳор дошт:  «Ин донишҷуён дар сурати шаш моҳ бо баҳои аъло хондан, интизоми намунавӣ нишон додан агар ба Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм муроҷиат намоянд, ба онҳо стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» дода мешавад. Ёсуман Қодирӣ, донишҷӯи тоҷик дар Малайзия, ба мо муроҷиат кард, кумак расонидем».
Аммо, теъдоди духтарон миёни гирандагони  стипендияи  «Дурахшандагон» нисбат ба писарон кам аст,  чунончи дар  солҳои 2011- 6, 2012 - 6 ва 2013 духтарон ҳамагӣ 10 нафар будаанд.
Самариддин Афғонов мегӯяд, ки бо назардошти расму оини  шарқиёнаи хонаводаҳо ба духтарон камтар иҷозаи таҳсил дар Аврупо дода мешавад. Кишварҳои Осиёи Миёна, албатта, истисност.
Аммо  Ганҷина Соҳибова, як духтар, ки талош дошт ба Малайзия барои таҳсил равад, мегӯяд, ки норасоии буҷети оилавӣ монеи ин тасмимаш шуд.
«Имтиёзи дохил шудан ба яке аз донишгоҳҳои Малайзияро тавассути иштирок дар як озмун ба даст овардам. Аммо модарам иҷозат надод, зеро буҷети оилавӣ намерасид ва қарор доданд, ки бародарам ба ҷойи ман ба таҳсил равад. Зеро вай метавонад ҳам кор кунад ва ҳам таҳсил». 
Коршиносон мегӯянд, ки раванди таҳсили ҷавонон дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ заминаи ҳамқадамӣ бо илмҳои муосирро дар Тоҷикистон фароҳам оварда, ҷалби ҷомеаро ба илмомӯзӣ метезонад.
Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2014    №: 9    Мутолиа карданд: 4867
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед