logo

мулоқотҳо

Маркази нави барқу гармидиҳии пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

10 январ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ташриф оварда, навбати аввали онро бо иқтидори 50 мегаватт/соат неруи барқ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар ин ҷо масъулону мутахассисони Тоҷикистону Чин, ки ба таври муштарак ба сохтмону таҷҳизи маркази нави барқу гармидиҳӣ машғуланд, истиқбол гирифтанд.
Тавре иттилоъ доданд, барои сохтмон ва васлу насби таҷҳизоти ин корхонаи азим кор ба таври шабонарӯзӣ ва бо сифати баланд ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ва пахши тугма навбати якуми маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор дод. Иқтидори истеҳсолии навбати аввали марказ баробар ба 1 миллиону 250 ҳазор киловатт-соат аст. Ин иқтидор дар шароити камчинии неруи барқ кумаки хеле зиёд ба шабакаҳои барқии кишвар мебошад.
Афзалияти аз ҳама муҳим дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон, ки алҳол гази табиии худӣ надорад ва имкони аз хориҷи кишвар низ ворид кардани он аз миён рафтааст, бо ангишт кор кардани ин марказ мебошад. Мавриди зикри хос аст, ки бо вуҷуди бо ангишт кор кардани маркази нави барқу гармидиҳӣ зарари экологии он ба муҳити зист дар ҳадди камтарин аст, зеро дар он таҷҳизоти навтарини поксозии чангу дуд васл гардидааст.
Гузашта аз ин, дар ин марказ чунин таҷҳизот васл гардидааст, ки дар сурати дастрас шудани гази табиӣ он метавонад ба истифодаи ин навъи сӯзишворӣ гузаронда шавад.
Навбати дуюм, ки бо фаъол гардидани он иқтидори марказ ба 100 мегаватт/соат неруи барқ хоҳад расид, бояд то моҳи апрели соли 2014, яъне 6 моҳ пеш аз муҳлати нақшавӣ, ба кор дароварда шавад.
Аз зимистони соли оянда сар карда, маркази нави барқу гармидиҳӣ беш аз 40 дарсад биноҳои бисёрошёнаи пойтахтро бо гармӣ низ таъмин хоҳад кард.
Барои сохтмону таҷҳизи пурраи ин марказ харҷи беш аз 178 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои Тоҷикистону Чин дар назар аст.
Тибқи нақшаҳои дурнамоӣ оянда иқтидори ин марказ шояд то 400 мегаватт/соат афзун гардад.
Тавре иттилоъ доданд, дар сохтмони ин марказ 1600 нафар бо кор таъмин гардидаанд. Наздики 300 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Пас аз пурра ба кор даромадани марказ дар он 300 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Дар аввали кор наздики 100 нафари он мутахассисони чинӣ хоҳанд буд, ки ҳамзамон ба омӯзиши кадрҳои маҳаллӣ машғул мешаванд. То имрӯз аллакай 60 нафар дар курсҳои 75-рӯзаи ҳунаромӯзӣ ва такмили ихтисоси Ҷумҳурии Мардумии Чин омӯзонда шудаанд. Дигар кадрҳои маҳаллӣ дар худи Тоҷикистон бо ҷалби омӯзгорону мутахассисони чинию маҳаллӣ омӯзонда хоҳанд шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз оғози кори навбати аввали маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе изҳори хушҳолӣ карда, таъкид дошт, ки ин корхона бояд дар таъмини пойтахт ҳам бо неруи барқ ва ҳам бо гармию оби гарм саҳми намоён дошта бошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2014    №: 9    Мутолиа карданд: 1339
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед