logo

маориф

Бозгашти 200 донишҷӯ аз кишварҳои арабӣ

Соли гузашта бо назардошти нооромиҳои вазъи сиёсии кишварҳои арабӣ 200 донишҷӯи тоҷик аз донишгоҳҳои ин минтақа ба ватан баргардонда шуда, ҳамзамон 250 нафарии дигар аз Тоҷикистон барои таҳсил  ба Ҷумҳурии исломии Эрон равонаанд.
Дар ин бора   Амрохон Алиев, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
 - Мо вазифадорем, ки дар сурати ба вуҷуд омадани нооромиҳо донишҷӯёнро ба ватан баргардонем. Ҷавонони мо асосан барои омӯзиши забони арабӣ ба ин кишварҳо мераванд, ҳол он ки шароити омӯзиши ин забон дар дохили кишвар мавҷуд аст. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Эрон бисёр ихтисосҳои муфид барои Тоҷикистон таълим дода мешаванд. Мо ба онҳо пешниҳод кардем, ки ба ҳамин тахассусҳо ҷавонони моро ба таълим фаро гиранд. Онҳо ҷавоби рад надоданд, аммо гуфтанд, ки бо дигар шудани вазъи кишвар каме интизор бошем, - зикр кард Амрохон Алиев.
Самариддин Афғонов, сардори Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм, гуфт, ки айни ҳол беш аз 300 донишҷӯ аз тариқи стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон  «Дурахшандагон» дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил дошта, 36 нафари онҳо баъди хатм ба ватан баргаштанд.
- Аммо 3 нафар донишҷӯи гирандаи ин стипендия бинобар сабаби вайрон кардани талаботи шартнома ба суд кашида шуданд. Онҳо бо сабабҳои беморӣ аз таҳсил даст кашида, баъди хатми донишгоҳ ба ватан барнагаштанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳсили ҳар як донишҷӯ дар донишгоҳҳои хориҷ  солона аз 3 то 8 ҳазор доллари амрикоӣ харҷ мекунад, - афзуд Самариддин Афғонов.
Раҳматулло Маҳмадшоев, муовини вазири маориф ва илм, оид ба тайёр кардани кадрҳо дар хориҷи кишвар чунин маълумот дод:
- Айни ҳол 17 ихтисосе, ки мо ба он ниёз дорем, дар дохили кишвар тайёр карда намешавад. Тибқи шартномаи байнидавлатӣ барои омода кардани ихтисосҳои мазкур донишҷӯёнро ба Русия, Беларус, Украина ва дигар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил мефиристем.
Дар посух ба пурсиши мо номбурда изҳор дошт,  ки дар оянда бо назардошти муътадил шудани вазъи сиёсӣ ва амниятӣ бо кишварҳои арабӣ ҳамкориҳои илмӣ идома ёфта, донишҷӯёни тоҷик имкони идома додани таҳсилро пайдо хоҳанд кард.
Ҳарамгули  Қодир


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2014    №: 11    Мутолиа карданд: 1503
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед