logo

илм

КИТОБДОРОН НАМЕРАСАНД

Дар баробари рушди босуръати ҷаҳони имрӯза нақш ва мақоми китоб ҳамчун сарчашмаи донишу тамаддун ва таҳаввулоти фарҳангиву маънавӣ пайваста боло меравад.
Имрӯз дар беш аз 4 ҳазор ки-тобхонаҳои тобеи вазоратҳои фарҳангу маориф ва илми кишвар тайи 40 миллион адад китобҳои нодиру хонданбоб маҳфузанд, ки онҳо барои мардуми Тоҷикистон манбаи донишандӯзӣ ва фарҳангу маърифат мебошанд ва аз ин ганҷинаҳо ҳамасола шахсони бофарҳангу илмомӯз пайваста истифода мекунанд.
Дар даҳ соли охир Ҳукумати Тоҷикистон се барномаи давлатӣ – «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосими Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015» ва «Барномаи компютеркунонии китобхонаҳои давлатии оммавии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013»-ро қабул кард ва татбиқи ин барномаҳои муҳими давлатӣ имкон доданд, ки ҳаҷми фонди китобхонаҳои мамлакат рӯ ба афзоиш ниҳода, ниёзи хонандагон дар самти дастрасӣ ба дастовардҳои асри иттилоот ҳарчи бештар бароварда шаванд.
Маҳз ба хотири эҳёи тамаддуни таърихӣ ва пайвастан ба равандҳои илмию фарҳангии муосир 20 марти соли 2012 бинои зебою замонавии нуҳошёна ва боҳашамати Китобхонаи миллӣ ба истифода дода шуд, ки он дар ҷамъоварӣ, ҳифзи китобу дастхатҳои нодир ва дар маҷмӯъ дар рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангии ҷомеа нақши муносиб дошта метавонад.
Ин боргоҳи илму фарҳанги мамлакат вобаста ба талаботи маънавию иқтисодӣ ва сиёсати ҷомеаи муосир ҳоло инкишоф меёбад ва ба тартибу усулҳои фаъолияташ мазмуни тоза бахшида, вазифаи ғанӣ гардондани мероси бойи халқамонро ба сомон мерасонад ва онро барои имрӯзиён ва наслҳои оянда муаррифӣ ва пешкаш мекунад.
Китобхона бо бузургии масоҳат, гун-ҷоиши фонди китоб, фарогирии хизматрасонии китобдорӣ – иттилоотӣ  ва фаъолияти фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Дарозии бино 167 метр ва баландиаш 52 метр буда, масоҳати умумии он ба 45 ҳазор метрии мураббаъ баробар мебошад.
Китобхонаи миллии Тоҷикис-тон дорои 25 толори хониш барои якуним ҳазор ҷойи нишаст, 28 махзани нигоҳдории маводи чопӣ ва 10 толори маҷлис буда, барои ни-гоҳдории 10 миллион китоб пеш-бинӣ шудааст. Имрӯз фонди уму-мии китобхона 10 миллион нусха маводи чопӣ ва электрониро ташкил мекунад.
Дар компю-терҳои толори калони электронии китобхона (дорои 170 ҷойи нишаст) 500 ҳазор китоби электронӣ мавҷуд аст. Тамоми толорҳои хониши электронии китобхона тавассути Интернет бо китобхонаҳои беҳтарини ҷаҳон робита доранду хонандагонро бо фонди электронии онҳо ошно месозанд ва ин яке аз афзалиятҳои ин маркази  фарҳангӣ аст. Аксари толорҳои хониш соҳавианд ва китобҳои лозима дар худи толорҳо нигоҳ дошта мешаванд. Дар китобхона бисёр намуди хизматрасониҳо ба таври элекронӣ анҷом дода мешаванд ва хонанда китоби зарурии худро тавассути шабакаи дохилии электронӣ дастрас карда метавонад.
Дар шароити пешрафти босуръати илму техника бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ гардондани ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкати фаъолонаи онҳо дар пешрафти ҷомеа ва давлат яке аз шартҳои асосии рушди иқтисодии кишвар мебошад. Ватанро фақат ҷавонони босаводу соҳибкасб, яъне мутахассисони соҳибмаърифату баландихтисос обод карда, ба он шаъну шуҳрат бахшида метавонанд. Аз ин лиҳоз китобдорон кӯшиш карда истодаанд, ки ба китобхонаҳо ҳарчи бештар хонандагонро ҷалб намуда, ба онҳо тезтару хубтар хизмат расонанд ва дар баланд гаштани сатҳи маълумотнокӣ, фарҳангӣ  ва тарбиявии онҳо саҳми муносиб гузоранд. Рушди соҳаро кадрҳо таъмин мекунанд. Ба тайёр намудани кадрҳои соҳаи китобдории кишварамон Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва ду коллеҷ (коллеҷи фарҳанги ба номи П. Ҷ. Бӯйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ ва санъати ба номи Содирхони Ҳофизи шаҳри Хуҷанд) машғуланд. Бо кӯшишу ғайрати омӯзгорони ин муассисаҳои таълимӣ солҳои 2006 - 2011 қариб 500 нафар китобдор тайёр шудаанд, ки ин ба пешрафти кори китобхонаҳо мусоидат кард. Дар қатори ин муассисаҳои таълимӣ дар назди Китобхонаи миллӣ Маркази такмили ихтисос амал мекунад. Мувофиқи нақшаи корӣ Маркази такмили ихтисос дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ курсҳои кӯтоҳмуддати сайёри такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳо гузаронида мешаванд. Бо вуҷуди ин ҳама тадбирандешиҳо ҳоло дар китобхонаҳои кишвар мутахассисон намерасанд ва китобхонаҳо ба онҳо ниёз доранд.
Имрӯз вақти он расидааст, ки мо ҳарчи бештар кадрҳои соҳаи китобдориро тайёр намоем ва корбарии онҳоро бо технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ таъмин намоему ҷалби васеи хонандагонро ба китобхонаю китобхонӣ ба роҳ монем. Дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон 5 ҳазор китобхона амал мекард ва онҳо дорои 50 миллион адад китоб буданд. Аммо мо имрӯз барои пешбурди  кор ва муайяннамоии ҳисоби ягонаи онҳо ба мушкилот рӯ ба рӯем.  
Ҳақ ба ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки зимни суханрониаш бо зиёиёни кишвар ба муносибати ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ гуфта буд: «Ҳеҷ кор бидуни назария, яъне илму дониш ҷомаи амал намепӯшад. Ҳама гуна кор ва умуман пешрафт ба роҳнамои босаводу соҳибмаърифат ниёз дорад».
Ҳамин тавр, фаъолияти ҳар як китобдор бояд ба донишандӯзии хонанда ва баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ ва маърифатнокии он равона шавад.

Юлчибой МӮСОЕВ,
корманди Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2014    №: 11    Мутолиа карданд: 1957
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед