logo

туризм

Консепсияи рушди туризм таҳия шуд

Соли гузашта биржаи меҳнатии ҷавонон 11 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холиро доир намуд, ки дар натиҷа 527 нафар ба ҷойи кори доимӣ роҳхат гирифта, ҳамзамон 255 нафар ҷавони хоҳишманд барои омӯзиш ба курсҳо равона гардид. Ин ва дигар масоили муҳими марбут ба фаъолияти ҷавонон дар нишасти матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди назар қарор дода шуд.
Раиси кумита Маликшо Неъматов ҷараёни татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро дар сохторҳои кумита бо далелҳои воқеӣ иброз намуда, перомуни иҷрои барномаҳои амалкунанда оид ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ, пешгирии онҳо аз пайвастан ба ҷараёну равияҳои номатлуби ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсиву маърифати ҳуқуқии ҷавонон ҳарф зад.
Дар ҷараёни пурсиши рӯзноманигорон оид ба фаъолияти бахшҳои фарогири кумита М. Неъматов изҳор дошт, ки новобаста аз тадбирҳои амалишуда ва муваффақиятҳои бадастомада, дар фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ камбудӣ ва масъалаҳои ҳалталаб низ ҷой доранд. Новобаста аз он ки соли 2008 варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои ХХIХ олимпии Пекин 2 медал ва дар дигар мусобиқоти байналмилалӣ маҷмӯан 217 медал ба даст оварданд, ин муваффақият моро пурра қонеъ карда наметавонад. Барои ноил шудан ба комёбиҳои бештар ва рушду инкишофи варзиш дар мамлакат кумитаи олимпӣ ва федератсияҳои варзишии ҷумҳуриро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ  дар фаъолияти худ аз усулҳои наву пешқадам истифода баранд.
Қайд шуд, ки инкишофи туризм ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сайру саёҳат зери назари кумита ва зерсохторҳои он қарор гирифтааст. Бо назардошти соҳаи афзалиятнок ба ҳисоб рафтани туризм дар иқтисодиёти кишвар лоиҳаи Консепсияи рушди соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, ки он дар инкишофи равандҳои сайёҳӣ дар мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 8699
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед