logo

муҳоҷират

ТАҲДИД БА БЕХАТАРИИ МУҲОҶИРОН ЗИЁД АСТ

Бино ба иттилои  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давоми 10 моҳи соли 2013 аз ҷумҳурӣ барои дарёфти кор 721 ҳазор нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар сафар карда, 489 ҳазор нафар  ба Ватан баргаштааст.
Оё  ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони корӣ дар  хориҷи кишвар ҳифз мешавад?  Онҳо  аз кадом имтиёзҳо бархӯрдоранд? Перомуни ин мавзӯъ  хабарнигори мо бо Муқим Ашӯров, сардори шуъбаи  ҳифзи  давлатии  ҳуқуқҳои  иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамсуҳбат шуд. 

- Муҳоҷирати танзимнашуда (ғайриқонунӣ) аз мушкилоти асосии муҳоҷират ба ҳисоб меравад. Ҳар як давлати пазирандаи муҳоҷирони корӣ бо ин тамоюл  мубориза бурда, дар ин самт аз тарзу усулҳои муассир кор мегирад. Сиёсати давлатҳо ба он нигаронида шудааст, ки ҳар чи бештар аз ин ҷараён фоида ба даст оварда, аз оқибатҳои манфии он камтар зарар бинанд.
Бояд гуфт, ки вазъи мураккаби идоракунии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, миёнаравии тиҷоратӣ ҳангоми ба кор таъмин намудан, амали нодурусти  корфармоён (иҷозатномаи истифодаи қувваи кории хориҷиёнро ба расмият намедароранд), номукаммалии қонунгузорӣ ва механизми татбиқи он, монеаҳои маъмурӣ, сатҳи пасти маърифати  ҳуқуқии муҳоҷирон, риоя нашудани муҳлати баррасии муроҷиати шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор, поймол намудани ҳуқуқи инсон ҳангоми ихроҷи маъмурӣ (депортатсия), дастнорасии таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасониҳои тиббӣ ва дигар омилҳо ба будубоши ғайриқонунии муҳоҷирони корӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, бинобар надоштани далелҳои тасдиқкунанда, роҳ ба сӯи адолати судӣ ба муҳоҷирони танзимнашуда доимо баста буда, ҳифзи ҳуқуқи онҳо қариб ғайриимкон аст.
Назар ба гуфтаи Муқим Ашӯров, ба шуъба аз шаҳрвандони кишвар арзу шикоятҳои зиёд ворид мегардад. Масалан, дар давраи мазкур муроҷиати муҳоҷирони корӣ нисбат ба соли гузашта афзуд. Муроҷиаткунандагон бештар аз  сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнат, фиреби муҳоҷирони корӣ аз ҷониби миёнравҳо, надодани иҷозати воридшавӣ ҳангоми убури сарҳади давлатии Федератсияи Русия ва дигар мушкилиҳои иҷтимоии хеш шикоят мекунанд.  Ӯ ёдрас намуд, ки бархе аз муҳоҷирон ҳангоми убури сарҳад ба душвориҳо дучор меоянд. Новобаста ба гузаштани муҳлати панҷсолаи воридшавӣ ба ҳудуди Федератсияи Русия, ба шахсоне, ки пештар депортатсия ё тариқи маъмурӣ берун шудаанд, убур кардани сарҳади давлатӣ бо сабабҳои гуногун (пардохт накардани ҷарима, содир кардани ҷиноят, роҳ додани хатоҳо дар маълумотномаи низоми давлатии иттилоотонии ФР) иҷозат дода намешавад. Дар  натиҷа, пардохти ҷаримаи молиявӣ ба уҳдаи худи муҳоҷирон меафтад. Мувофиқи мақсад мебуд, агар сатҳи иттилоотонии муҳоҷирони корӣ баланд бардошта шуда,  корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти ҳуқуқу уҳдадориҳо, тартиби ворид шудан ва баромадан аз кишвари дигар, қонуну қоидаҳои буду бош дар хориҷи кишвар, низоми барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо миёни онҳо ба роҳ монда мешуд. Дар ин ҳол онҳо метавонистанд мушкили пешомадаро мустақиман бартараф намоянд ва аз монеаҳо дурӣ ҷӯянд.
Тибқи муқаррароти санадҳои байналмилалӣ, шаҳрвандони хориҷӣ дар баробари шаҳрвандони давлатҳои муқими он кишварҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои баробар дар  муносибатҳои меҳнатӣ доранд. Аммо дар амал талаботи стандартҳои байналмилалӣ дар мамлакатҳои кордеҳ риоя намешавад. Корфармоён дар аксар мавридҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ шартнома намебанданд ва  ҳуҷҷатҳояшонро ба гарав гирифта, онҳоро истисмор мекунанд. Илова ба ин, муҳоҷирони корие, ки дар ҳудуди Федератсияи Русия бе иҷозатномаи кор фаъолият мекунанд ва ба таври ихтиёрӣ аъзоҳаққии нафақавиро намесупоранд, аз таъминоти он бархӯрдор шуда наметавонанд. Ин мушкил ҳангоми ба синни нафақа наздик шудани аксари муҳоҷирон ба масъалаи мубрам табдил хоҳад ёфт. Ягона роҳе, ки айни ҳол муҳоҷири корӣ метавонад худро бо нафақа таъмин намояд, гузарондани маблағи муайян ба фонди иҷтимоии давлати худ мебошад.
Дастрасӣ надоштани муҳоҷирони корӣ ба хизматрасонии тиббӣ мушкили  дигари ҳалталаб унвон мешавад. Тибқи тағйироти воридшуда, аз 1 январи соли 2010  ба қонунгузории Федератсияи Русия варақаи (полис) суғуртаи ҳатмии тиббӣ (ОМС) танҳо ба шахсоне дода мешавад, ки иҷозатномаи зисти муваққатӣ ё доимӣ дар ин кишвар дошта бошанд. Риоя нагардидани ин қонун ба аксари муҳоҷирон дар дарёфти варақаи мазкур мушкилӣ пеш меорад. Дар ин сурат онҳоро зарур аст, ки санади ихтиёрии суғуртаи тиббиро харид намоянд ё ба хизматрасонии тиббии музднок муроҷиат кунанд. Лозим ба зикр аст, ки маҳз иқлими сард, шароити вазнини кор ва номусоидии шароити зист боиси пайдо шудани бемориҳои сил, безурётӣ ва ғайра дар байни муҳоҷирон мегардад.
Гузашта аз ин, масъалаи фавқуззикр ва надонистани забони русӣ сабаби аз таҳсил дур мондани фарзандони муҳоҷирон гаштааст. Ҳол он ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ новобаста ба вазъи ҳуқуқии падару модар ҳаққи бемонеаи таҳсил доранд.
Инчунин муҳоҷирон дар давлатҳои қабулкунанда  дар бисёр мавридҳо ба худсариҳои кормандони сохторҳои қудратӣ  ва табъизи нажодии намояндагони аҳолии маҳаллӣ рӯ ба рӯ  мешаванд. Афзоиши ҳисси бадбинӣ дар ҷомеаи имрӯзи Федератсияи Русия ба бехатарии муҳоҷирони корӣ таҳдид намуда, боиси истифодаи амалҳои зӯроварӣ аз ҷониби гурӯҳҳои миллатгаро гардидааст. Ба ғайр аз ин, ҳар як амали ғайриқонунии муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус ҷиноят мавриди муҳокимаи васеи ВАО қарор мегирад.  Дар натиҷа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба чунин муҳоҷирон чораҳои қатъӣ андешида, онҳоро аз ҳудуди давлат берун мекунанд ё ба ҳабс мегиранд.  Табиист, ки масъалаи таҳдид ба ҳаёти шаҳрвандони берун аз кишвар кору фаъолияткунанда давлат ва аҳли ҷомеаро бетараф гузошта наметавонад. Аз ин лиҳоз, тақвияти кори намояндагиҳои  дипломатии Тоҷикистон, сафоратхонаҳо ва консулгариҳо дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони корӣ амри зарурист. Ҳамчунин, вазъи феълӣ тақозо менамояд, то масъалаи овардани ҷасади  фавтидагони ҳамватанони мо ва пардохти харҷи он аз ҷониби ниҳодҳои масъул ҳарчи зудтар ҳалли ниҳоии худро ёбад.
Босуръат афзудани раванди муҳоҷират боиси  кам гаштани  иқтидори демографӣ, дурӣ аз наздикон, суст шудани муносибатҳои оилавӣ,  зиёд шудани ҷудошавии оилаҳо ва издивоҷи ҷавонон бо хориҷиҳо мегардад. Аз  ин рӯ ташкили ҳарчи бештари ҷойҳои нави кории музднок дар кишвар ягона роҳи раҳо ёфтани корҷӯён аз машаққати будубош дар мамлакатҳои хориҷист.

Шаҳнози ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2014    №: 12    Мутолиа карданд: 29698
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед