logo

маориф

ДТТ. Озмоишгоҳҳои нав –кафолати сатҳи баланди касбӣ

Анвар Абдурасулов, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ ёдовар шуд, ки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон муассисаи илмию таълимии мазкурро чун фишанги таконбахши техникаю технология ва фарҳанги техникии ҷомеа арзёбӣ намуда, вазифа гузошт, ки бо истифода аз дастовардҳои навтарини илмию техникӣ бояд мутахассис омода созад.
Ба хотири иҷрои супоришҳои Сардори давлат, аз ҷумла дар сатҳи касбии баланд омода намудани мутахассисон, дар навбати аввал барои таҳкиму такмили заминаҳои таълимӣ саъй намудем. Дар соли 2008 беш аз 60 дар сади синфхонаву озмоишгоҳҳои донишгоҳ таъмир гардида, бо таҷҳизоти нави замонавӣ муҷаҳҳазонида шуданд. Инчунин дар донишгоҳ китобхонаи электронӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки он имконияти васеи истифодаи адабиётҳои илмию техникии кишварҳои ҷаҳонро барои устодону донишҷӯён фароҳам овардааст.
Дастоварди дигар таъсиси озмоишгоҳи илмию таълимии манбаъҳои барқароршавандаи энергия аст, ки он тибқи лоиҳаи ТЕМПУС ва дастгирии давлатҳои Иттиҳоди Аврупо сурат гирифта, ҳоло дар он 20 магистр таҳсил менамояд. Озмоишгоҳ бо таҷҳизоти нави замонавии арзиши умумиаш беш аз 1 миллион доллари ИМА муҷаҳҳаз буда, дар заминаи он бобати дастрас намудани воситаҳои таълимӣ ҳамкорӣ бо Донишгоҳи технологии Афина (Юнон), Донишгоҳи технологии Гамбург (Олмон) ва Донишгоҳи технологии шоҳаншоҳии Стокголм (Шветсия) ба роҳ монда шудааст.
Бино ба иттилои Анвар Абдурасулов, феълан донишгоҳи мазкур бо 30 маркази илмиву таълимии ҷаҳон робита дошта, тасмим гирифтааст, филиалҳои муштараки Донишкадаи пӯлоду хӯлаҳои Маскав ва Маркази илмиву фарҳангии «Маҳёр»-и Ҷумҳурии Исломии Эронро таъсис диҳад.
Дар айни замон чанд озмоишгоҳи дигар низ бо таҷҳизоти нав, аз ҷумла стансияи коммутатсионии истеҳсоли ширкати ЗТИ-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ва системаи замонавии Сиско, таъмин гаштаанд.

Хайринисои Расулӣ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7010
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед