logo

илм

ОЛИМОН БА ДАСТОВАРДҲО НОИЛ ГАРДИДАНД

Дар ҷаласаи солонаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ  зикр гардид, ки олимон дар соли сипаригардида ба дастовардҳои зиёд ноил шуданд.
Фарҳод Раҳимов, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, гуфт, ки «олимон бо истифода аз моделҳои математикӣ системаҳои  идоракунии ҷараёни обро дар обанборҳои азим, аз ҷумла обанбори Норак, Қайроққум, Андиҷон коркард  намуда,  бо истифода аз ин модел танзими онро  ба манфиати ояндаи энергетикаи  кишвар  пешниҳод намуданд. Олимони соҳаи таърих ҷилди аввали маълумотномаи китобшиносӣ оид ба таърихи илм ва техникаро ҷамъбаст намуданд, ки он инкишофи илмҳои табиӣ, дақиқ ва ҷамъиятиро аз қадим то соли 1917 дар бар мегирад».
Дар ҷаласа ҳамчунин зикр шуд, ки  харитаҳои бостоншиносии водиҳои Ҳисор, Зарафшон ва ноҳияҳои Шаҳринав, Турсунзода омода шуд. Ҳангоми ҳафриёти ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва омӯзиши бозёфтҳо  собит гардид, ки ёдгориҳои нодири ин мавзеъ ба осори таърихии Саразм шабоҳат доранд.
 Барои иштирок дар конференсия, анҷом додани тадқиқотҳои илмӣ, таҳсил ва коромӯзӣ  59 корманди академия ба 45 давлати хориҷӣ сафари хидматӣ намуданд. Барои саҳмгузории назаррас дар рушди илм кормандон ба ҷоизаву унвонҳои  фахрии байналмилалӣ сазовор гардиданд. Аз ҷумла академик Раҳим Масов Ҷоизаи байналмилалии «Аъзои Иттиҳод»- ро   соҳиб шуд. Академик Талбак Назаров, профессори фахрии Академияи илмии стратегии иқтисодии Ҷумҳурии Мардумии Чин  интихоб шуд. Доктори илмҳои тиб, профессор Нуралӣ Юсуфов  нишони Академияи  Вазорати тибби Федератсияи Русия ва Ҷоизаи «Тян Тин»- и Ҷумҳурии Мардумии Чинро созовор гардид.
Дар маҷлис Марҳабо Ҷаб-борова, муовини Сарвазири ҷум-ҳурӣ, иштирок дошт ва барои пешрафти соҳа дастуру маслиҳатҳои судбахш дод.
Фарзонаи Файзалӣ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2014    №: 13    Мутолиа карданд: 1610
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед