илм
ОЛИМОНИ ҶАВОН СОҲИБИ ҶОИЗА ШУДАНД
Олими ҷавон Тоҷиддин Ғуломов, ассистенти кафедраи таърихнигорӣ ва бойгоншиносии факултети таърихи ДМТ, барои монографияи «Густариши ислом дар Хуросони бузурги асрҳои 7-8» бо диплом ва ҷоизаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ сарфароз гардид.
Диплом ва ҷоизаи мазкурро ҳамчунин Абдулазиз Давлатов, ходими калони Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи ба номи Э. Павловскийи Академияи илмҳо, номзади илми биология, барои силсилаи корҳо дар мавзӯи «Хусусиятҳои биологию экологии ҳашароти тиллодумак ва чораҳои мубориза бар зидди онҳо дар Тоҷикистон» ва Маҳина Султонмамадова, ходими илмии Озмоишгоҳи фармакологии Пажӯҳишгоҳи химияи ба номи В. Никитини академияи мазкур барои силсилаи корҳо дар мавзӯи «Усулҳои синтетикии ҳосил намудани маводи дорувории ҳал кардани сангҳои холистириндори талхадон ва табобати бемориҳои ҷигар» соҳиб шуданд.
Ф. ФАЙЗАЛИЕВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.01.2014 №: 13 Мутолиа карданд: 1924