logo

илм

ИСҚОТИ ҲАМЛ ЗИЁД ШУД

Соли гузашта нахустин маротиба дар ҷумҳурӣ тавассути дастгоҳи даруннигарии ҷарроҳии асаб амалиёти табобатӣ дар сутунмуҳра  ва зиёда аз 70 амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шуд, ки аз ин 3 нафарашон наврасони 13-15 - солаанд.  
Дар ин бора Нусратулло Салимов, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
- Бо дастгири Ҳукумати кишвар аз ҳисоби маблағҳои давлатии вазорат дастгоҳи даруннигарии ҷарроҳии асаб харидорӣ гардид. Дар маҷмӯъ 1095 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо, 1 805 ангиография, 239 деворгузорӣ  ва 138 васли шоҳраг гузаронида шуд.  Ду шаҳрванди бемори мо, ки қаблан дар хориҷи кишвар ҷарроҳии гурда карда буданд, маротибаи дувум ҷарроҳӣ гардиданд. Исқоти ҳамл нисбат ба cоли гузашта 22 % зиёд  шуд. Аз 11 618 ҳолати исқоти ҳамл  70 % сабабҳои бачапартоии ғайриихтиёрӣ  мебошад.
Қаблан тавассути дастгоҳҳо исқоти ҳамл сурат мегирифт, ки ба ҳаёти инсон хатар дошт. Солҳои охир исқоти ҳамл тавассути маводи доруворӣ сурат мегирад, ки ин хатарро аз байн бурд. Ҳангоми исқоти ҳамл ҳодисаи фавт ба қайд гирифта нашудааст, -  афзуд вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Иттилоъ дода шуд, ки дар самти «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» ба 178 кӯдаки гирифтори ингуна нуқсонҳо амалиётҳои ҷарроҳӣ  гузаронида шуд. Аз ҳисоби маблағҳои буҷавии шаҳри Душанбе зиёда аз 380 000 сомонӣ барои табобати кӯдакони гирифтори ин беморӣ ҷудо гардидааст.

Ҳарамгули ҚОДИР
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2014    №: 14    Мутолиа карданд: 1681
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед