муҳоҷират
МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ ВА ОЯНДАИ ОН
Дар ҳоли имрӯз муҳоҷирати меҳнатӣ ба яке аз масъалаҳои ниҳоят ҷиддӣ ва доғи рӯзи сайёраи мо табдил ёфтааст. Аврупо ва Русияро сартосар воҳима фаро гирифтааст. Мувофиқи ахбори Ташкилоти умумиҷаҳонии муҳоҷирати меҳнатӣ, миқдори умумии муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон ба 232 млн. расида, аз ин миқдор 47 млн. дар ИМА ва боқимондаи он дар Аврупо, Канада, Австралия ва дигар давлатҳо паҳн гардида, дар Русия, шумораашон ба 11 млн. нафар мерасад. Ба наздикӣ яке аз хабарнигорони телевизиони Русия бо эҳтирос ба мардумаш муроҷиат намуд, ба ҳар навъе, ки бошад, бояд ҳукумат пеши роҳи ин даҳшатро гирад, ки манбаи он Осиёи Марказист. Мисле ки дар Русия дигар проблема вуҷуд надорад, қариб ҳар рӯз рӯзномҳо ва каналҳои бешумори радиою телевизиони мамлакат дар атрофи ҳамин мавзӯъ шӯру валвала мебардоранд. Нуқтаи сангини онро мо дар мисоли 9 октябри соли гузашта аз ҷониби Орхан Зайналови озарӣ кушта шудани Егор Шербаков дар Бирюловои шаҳри Маскав мебинем. Миллатгароёни рус тавонистанд, ки кинаю адоватро нисбат ба мардуми «бегона» он чунон паҳн намоянд, ки ҳазорҳо ҷавонони пойтахт ба намоиши эътирозӣ баромада, дар баробари ҷазои қатъӣ боз талаб намуданд, ки тамоми муҳоҷирон аз Маскав ва умуман Русия пеш карда шаванд. Ҳарчанд маълум аст, ки озариҳо ва дигар мардумони Кафказ кайҳо боз дар Русия маскан гирифтаанду қисми зиёди қонуншиканиро онҳо содир мекунанд, намоишчиён кӯшиш мекарданд боз ҳам тоҷиконро бештар айбдор созанд. Дар ҳамон рӯзҳо журналист Георгий Александров дар рӯзномаи «Аргументы и факты» ҳодисаи Бирюловоро шарҳ дода, аз донишҷӯе бо номи Юлия интервю мегирад, ки гӯё вай гуфта бошад: охири август дар кӯчаи Востряков се тоҷик як руси 28-соларо куштанду гурехтанд. Дар давоми ҳамон мақола боз алоҳида овардааст, ки як сол қабл Қурбонмад Зарифови тоҷик дар лесопарки Бутово ҳар рӯз ягон занро таҷовуз мекардааст. Вақте дигар рӯзномаҳои Русияро варақ мезанед, хулосаатон ин хоҳад буд, ки гӯё аксари ин бедодгарию бадбахтиҳо аз тоҷикон сар мезананд.
Гумон мекунам, ки дар ин шӯрангезӣ баъзе мансабдорони Ҳукумати Русия ҳам даст доранд ва он дар баромадҳои доимии Владимир Жириновский, депутат Рогозин ва дигарон ҳамеша садо медиҳад.
Ҳоло аз рӯи маълумотҳои оморӣ миқдори муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар Русия қариб 1 млн.-ро ташкил медиҳанд. Мувофиқи маълумоти директори Маркази тадқиқоти мигратсионии Маскав Дмитрий Полетаев ҳар сол дар Русия аҳолии қобили меҳнат то як миллион кам шудан дорад. Бисёре аз олимону мутахассисони Русия бар ин ақидаанд, ки иқтисодиёти мамлакат бе муҳоҷирати меҳнатӣ ноустувор мегардад.
Албатта, гурӯҳҳое, ки (махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ) дар Русия ба қонуншиканӣ даст мезананд, бояд ҳатман ҷазо бубинанд. Ҳатто чанд сол қабл як гурӯҳ мусулмонон дар хиёбони Мири шаҳри Маскав бегоҳии ҷумъа тамоми роҳи нақлиётро банд карда, дар майдон ба намозхонӣ пардохтанд. Онҳоро на ин ки аз тариқи телевизион, балки аксҳояшонро қариб дар тамоми рӯзномаҳо чоп намуда, онро таҳдиди ислом ба Русия маънидод карданд. Ва ё дар Лондон чанд муҳлат як гурӯҳи дигари исломгароён яке аз хиёбонҳои шаҳрро ишғол карда, вуруди ғайримусулмононро ба он мамнӯъ сохтанд. Айнан дар Фаронса, Голландия ва дигар давлатҳо низ рафторҳои экстремистии чунин гурӯҳҳо боиси зиёд шудани низоъу нафрат дар байни мардум мегардад. Тасаввур кунед, ки як гурӯҳ гаравидаҳои дини масеҳӣ ҷамъ шуда дар Душанбе, Тошканд ва ё Боку ба чунин амал даст зананд. Пайомадаш чӣ мешавад? Аз ин хотир ба роҳбарони диаспораи тоҷикон дар ҳама шаҳрҳои Русия бояд таъкид намуд, ки чунин рафторҳои бехирадона ҳеҷ гоҳ ба манфиати муҳоҷирони меҳнатӣ нахоҳад буд.
Роҳбарияти имрӯзаи Русия ҳис мекунад, ки тавоноии мамлакат дар муттаҳидии он бо собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравист ва кӯшиш ба харҷ додан дорад, ки дар ҳар шакле, ки бошад, Иттиҳодро барқарор намояд. Барпо кардани Иттиҳоди гумрукӣ байни Русия, Беларус ва Қазоқистон яке аз чунин иқдомҳост. Ба ҳар ҳол мушоҳида мешавад, ки Владимир Путин саъй дорад Иттиҳодро дар ягон шакл барқарор сохта, фишангҳои иқтисодию сиёсиро истифода карда, нагузорад, ки на Украина ва на дигар ҷумҳуриҳои собиқ парешон шаванд. Аз ин хотир вай ба қарибӣ пешниҳоди як гурӯҳ депутатҳоро дар бораи ҷорӣ намудани раводид бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ рад намуд. Дар изҳороти махсуси худ бо телевизиони Русия бори дигар таъкид кард, ки бо ҷорӣ намудани раводид мо ин ҷумҳуриҳоро аз худ дур мекунем. Ин фикри худро Владимир Путин чанде пеш ҳангоми сафараш ба Индонезия дар вохӯрӣ бо сарони давлатҳои Осиё ва уқёнуси Ором бори дигар таъкид намуд, ки «мо намегузорем, давлатҳои ИДМ парешон шаванд».
Бо ташаббуси Владимир Путин Думаи давлатӣ моҳи декабри соли гузашта қонуне қабул намуд, ки он каме имтиёзҳои муҳоҷирони меҳнатиро беҳтар мекунад (ин дароз намудани муҳлати сабт аз 7 то 15 рӯз, расондани ёрии таъҷилӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва ғайра).
Айни замон дар Русия якчанд гурӯҳи мухолиф оид ба ҳалли масъалаи муҳоҷират баҳс доранд. Яке аз сиёсатшиносони шинохтаи Русия Юрий Шевсов фикри Путинро дастгирӣ намуда, дар яке аз мақолаҳояш қайд намуд, ки ҷорӣ кардани раводид махсусан барои Қирғизистон ва Тоҷикистон хавфнок аст. Вай ин фикри худро бо он тақвият медиҳад, ки вазъи иқтисодии ин ду давлат хеле вазнин аст ва кор наёфтани муҳоҷирон боиси шиддат гирифтани вазъи сиёсӣ мегардад ва шояд ба задухӯрди дохилӣ оварда расонад. Агар дар ин давлатҳо вазъ ноором гардад, - таъкид мекунад ӯ, - ин муҳоҷирон чун гуреза ба Русия меоянд ва вазъият мушкилтар мешавад. Яке аз тадқиқотчиёни муносибат бо давлатҳои Осиё Василий Кашин дар мақолае нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҷорӣ намудани раводидро қатъан талаб намуда, дар мисоли тоҷикон овардааст, ки 15-20 сол қабл вақте ба Русия меомаданд, онҳо бо мо таъриху фарҳангу забони ягона доштанд. Вале ҳоло мо аз Тоҷикистон муҳоҷирони сатҳи асримиёнагиро мепазирем. Дар мисоли Фаронса мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ онҳо аз собиқ мустамликаи худ давлати Малӣ муҳоҷиронро ба мамлакати худ роҳ намедиҳанд.
Яке аз шахсиятҳое, ки мехоҳад бо ҳар восита дар байни миллатгароёни Русия эътибор пайдо кунад, Алексей Навалний мебошад. Вай ҳодисаи Бирюловоро сӯиистифода намуда, дар сайти «Российская общественная инициатива» имзои мардумро барои ҷорӣ намудани раводид бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арманистон ва Озарбойҷон ҷамъ овард. Вай дар байни 4 рӯз бештар аз 33 ҳазор имзо ҷамъ кард. Вале барои он ки ин масъала дар Думаи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирад, ҷамъи на кам аз 100 ҳазор имзо дар давоми як сол лозим меояд. Навалний дигар нағмаҳоро низ ба кор бурда, дар такя ба назари яке аз ташкилотҳо бо номи «Левада - центра» даъво дорад, ки 84% мардуми Русия гӯё тарафдори бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Кавказ ҷорӣ намудани раводид аст. Ин далелҳои вай маънӣ надоранд, зеро Русия давлати сермиллат аст ва худи русҳо дар доираи мамлакат дар ҳудуди 84 фоизанд ва дуюм ин ки на ҳама русҳо ин матлабро дастгирӣ мекунанд.
Агар дар ҳамин рӯзҳо кас ба Русия сафар кунад, дигаргун шудани муносибатро дар сатҳи дигар пай мебарад. Ҳоло ҳам вақте бо калонсолон суҳбат мекунед, онҳо таваҷҷуҳи хоси худро махсусан ба тоҷикон зоҳир мекунанд ва ҳар замон суол медиҳанд, ки чаро ин мардуми бофарҳанг имрӯзҳо ба чунин ҳоли низор гирифтор шудааст? Ҳатто инро дар доираи мансабдорони Русия низ ҳис кардан мумкин аст. Масалан, замоне ки Юрий Лужков мири шаҳри Маскав буд, ҳарчанд нисбат ба тоҷикон бадгӯиҳои зиёд мекарданд, ӯ қабул надошт ва дар баромадҳои алоҳидаи худ тоҷиконро чун мардуми меҳнатдӯст, итоаткор, шароббезор таъриф мекард. Аммо мири имрӯзаи шаҳри Маскав Сергей Собянин баъди ҳодисаҳои Бирюлово пешниҳод намуд, ки барои ҳалли проблемаи муҳоҷирон, бояд ҳангоми ворид шудан ба сарҳади Русия аз онҳо пул ситонда шавад. Дар атрофи ин пешниҳоди мири Маскав байни олимону мутахассисони соҳаи тадқиқоти муҳоҷирати меҳнатӣ ақидаҳои гуногун пайдо шуданд.
Масалан, яке аз коршиносони ин соҳа Андрей Захватов норозигии худро нисбат ба ин пешниҳод чунин иброз дошт: аз 60 то 70% муҳоҷироне, ки аз минтақаи Осиёи Марказӣ ба Русия меоянд, дар аввал ба назди ҳамватанони худ мераванд то онҳоро барои таъмин бо кор ва ҷои хоб ёрӣ кунанд. Ҷорӣ кардани раводид барои ҳалли масъала мадад накарда, баръакс метавонад, дар байни муҳоҷирон норозигӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ ва дигар корҳои номатлубро биафзояд. Зеро аксари муҳоҷирон ҳангоми сафар ба шаҳрҳои Русия, маҷбур мешаванд, ки барои гирифтани билет аз наздикону хешовандон қарз гиранд. Доираи ин қарз дар Тоҷикистон сари кас аз 250 то 300 долларро ташкил медиҳад. Ин пул танҳо ба харҷи роҳ мерасаду халос.
Дар Тоҷикистон айни замон ягон ташкилот ё шахсони қарздиҳанда ёфт намешаванд, ки муҳоҷир аз онҳо пул гираду як қисми онро барои аз сарҳади Русия гузаштан сарф намояд. Масалан, агар ба як миллион муҳоҷири тоҷик аз 2 то 2,5 ҳазор доллар қарз дода шавад, ин дар маҷмӯъ 2-2,5 миллиард долларро ташкил медиҳад. Маблағи номбурда ба ними буҷаи солонаи ҷумҳурӣ рост меояд. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки чунин маблағро дар Тоҷикистон пайдо намудан ғайриимкон аст.
Ин чорабинии Русия ба гуфти Захватов, ба он меоварад, ки муҳоҷирон чандин роҳу усулро пайдо намуда, сарҳади Русияро махфӣ убур менамоянд. Агар гузаштан ба сарҳади Русияро пулакӣ кунанд, он гоҳ муҳоҷирон маҷбур мешаванд, ки бо ягон роҳи дигар сарҳадро гузаранд. Баъди ба таври махфӣ убур кардани сарҳад, вай ба ҷои ношиноси ҳудуди Русия расида (дар ин ҷо ягон ҳамдиёри худро намеёбад) маҷбур мешавад, ки аз набудани маблағ ба дуздӣ ва дигар корҳои ношоям даст занад. Ин ҳамон зарбулмасали халқиро ба ёд меорад, ки «гурусна ба шер задааст». Агар дар ҳақиқат депутатҳои Русия ин пешниҳоди мири шаҳри Маскавро қабул кунанд, оқибати он на танҳо барои мардуми Осиёи Марказӣ, балки барои тамоми Русия низ хавфнок хоҳад шуд.
Дар Русия боз касоне ҳастанд, ки бо далел сухан меронанду ҳузури муҳоҷиронро боиси афзудани бекорӣ дар мамлакат медонанд. Масалан, чанде пеш раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Русия Михаил Шмаков дар саҳифаи яке аз рӯзномаҳои Русия қайд намуд, ки айни замон 27% ҷавонони мамлакат дар синни то 25 - сола ҷои кор намеёбанд. Бештар аз 33% хатмкунандагони Русия имкон надоранд, ки аз рӯи ихтисос кор пайдо кунанд. Дар ҷои дигар ҷаноби Шмаков боз мисол овардааст, ки дар мамлакат корхонаҳои калонро дар бисёр шаҳрҳо соҳибони он бастаанд ва мардум бекор мондаанд. Савол медиҳад, ки барои чӣ? Ва худаш ҷавоб медиҳад: чунки барои соҳибони корхона ба кор гирифтани муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ 2-3 бор арзон меафтад. Дар охир натиҷа мегирад, ки барои ба кор таъмин кардани миллионҳо одамони Русия бояд ҳатман тамоми муҳоҷирони меҳнатии Осиёи Марказӣ аз мамлакат ронда шаванд.
Моҳи октябри соли равон депутатҳои ҳизби ЛДПР ба номи сарвазири Русия Дмитрий Медведев мактуб фиристода, талаб намуданд, ки ирсоли пулҳои муҳоҷирони меҳнатиро аз тариқи бонкҳо манъ кунад. Ба ақидаи онҳо, бо ин роҳ муҳоҷирон маҷбур мешаванд, ки ба ватанашон баргарданд ва минбаъд барои мустаҳкам намудани назорат аз болои онҳо имконият ба амал меояд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, миқдори пуле, ки аз Русия ба давлатҳои СНГ интиқол меёбад, ба 17,8 млрд. доллар баробар аст. Агар ин пешниҳодро Русия қабул кунад, пас ин чорабинӣ ба системаи бонкии мамлакат зарари ҷиддӣ меоварад ва аз тарафи дигар чунин рафтор мухолифи меъёрҳои байналхалқӣ мебошад. Чӣ тавре ки бармеояд, ин боз як роҳи дигари фишор ба муҳоҷирони меҳнатӣ аст.
Шояд саволе пеш ояд, ки чаро аз солҳои 80 - ум то ба ҳол шумораи муҳоҷирон, ки аксар ғайриқонунианд, ба армияи миллионнафарӣ табдил ёфтааст? Ҳоло онҳо, махсусан чӣ тавре дар боло қайд намудем, тамоми қитъаи Аврупо, Амрико ва Австралияро ба таҳлука овардаанд. Ба ин хотир дар як қатор давлатҳо муқобили муҳоҷирон қонунҳои бисёр шадидро қабул кардаанд. Масалан, дар Юнон барои пешгирӣ кардани муҳоҷироне, ки аз Ироқ ва Сурия бо воситаи Туркия меоянд, девори баланде сохтаанд. Дар ИМА як гурӯҳи махсуси ҳарбиёнро таъсис додаанд, ки онҳо нақбҳои зеризаминиеро, ки муҳоҷирони мексикоӣ аз он махфӣ ба ИМА мегузаранд, ёфта маҳкам мекунанд. Дар сарҳади баҳрии Италия системаи электронии пурқувват кашида шудааст, то муҳоҷиронеро, ки аз ҷониби Африқо бо қаиқҳо меоянд, дошта ақиб гардонанд. Дар Австралия ба мақсади пешгирӣ кардани муҳоҷирон ҷазираҳои Гвинеяи Нави Папуаро ба иҷора гирифта, тамоми муҳоҷирони ба мамлакат омадаро ва ҳатто шахсонеро, ки гурезаҳои сиёсӣ ҳисоб мешаванд, ба он ҷо равона мекунанд.
Дар Русия низ бисёр ходимони сиёсӣ ва миллатгароёни ашаддӣ дар фикри онанд, ки нисбат ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва Закавказия, монанди баъзе давлатҳои Аврупо чораҳои қатъӣ андешанд. Пешниҳоди ба қарибӣ дар Думаи давлатӣ кардаи Владимир Жириновский оид ба пешгирии афзоиши аҳолӣ дар Кавкази Шимолӣ ва минбаъд симхор гирифтани тамоми деҳаҳои он боиси шӯру ғавғои зиёд дар ин минтақа гардид. Намояндагони Кавкази Шимолӣ ба Дума пешниҳод намуданд, ки бояд Жириновский аз ҷониби ин органи олии давлатӣ маҳкум карда шуда, барои таҳқири миллатҳои ин минтақа ба додгоҳ кашида шавад.
Агар ба вазъияти баамаломада аз нигоҳи илмӣ баҳо диҳем, маълум мегардад, ки сабаби тамоми ин бадбахтиҳои давлатҳои Осиёю Африқо пеш аз ҳама худи мустамликадорон мебошанд. Охир давлатҳои империалистӣ асрҳои аср ин мамлакатҳоро ғорату истисмор намуда, боигариҳои табиии онҳоро ваҳшиёна истифода мекарданд. Дар натиҷаи муборизаи тӯлонӣ ба мардуми бумӣ муяссар гардид, ки танҳо аксар дар нимаи дувуми асри XX истиқлол ба даст оваранд. Вале ин танҳо истиқлоли сиёсӣ буда, тамоми боигариҳои табиии ин давлатҳо то ба ҳол зери назорати ширкатҳои бузурги давлатҳои абарқудратанд. Агар дар ин муддат дар давлатҳои мустамлика корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти пурра ва корхонаҳои меҳнатталаб бунёд мекарданд, ҳеҷ гоҳ ин вазъ ба ин паҳно густариш намеёфт. Зеро дар чунин корхонаҳо занҳои зиёд ба кор ҷалб мешуданду маърифати онҳо боло мегирифту серфарзандӣ кам мешуд. Инро мо дар мисоли давлатҳои саноатӣ дида метавонем, ки занҳо ба кор банд буда, танҳо 2-3 фарзандӣ таваллуд мекунанду бас. Баръакс, дар муддати солҳои тӯлонӣ мустамликадорон ин давлатҳоро ба макони ашёи хом табдил дода, ғайри корхонаҳои сабуки маҳсулоти нимтайёр (полуфабрикат) ва корхонаҳои истихроҷи маъдан дигар чизе бунёд накарданд ва дар плантатсияҳои соҳаи кишоварзӣ меҳнати одамони маҳаллиро бераҳмона истифода мебурданд.
Аз тарафи дигар, дар нимаи дувуми асри XX дар тамоми дунё ташкилотҳои зиёди ёрии тиббӣ пайдо шуданд, ки онҳо садди роҳи бисёр бемориҳои марговар дар қитъаи Осиёю Африқо гардиданд. Ҳоло суръати миёнаи афзоиши аҳолии баъзеи ин давлатҳо солона то 4-5% расидааст.
Бо чунин суръати баланди афзоиши аҳолӣ дар ин давлатҳо, мутаассифона, ҷои кор нест ва аксари мардум дар ҳоли фақр умр ба сар мебаранд. Акнун барои пайдо намудани ризқу рӯзӣ маҷбуранд, ки худро ба ҳар кишвар зананд, то аз гуруснагӣ наҷот ёбанд.
Аммо дар Осиёи Марказӣ сиёсати Ҳукумати Советӣ нисбат ба халқҳои маҳаллӣ хело одилона буд. Дар солҳои аввал барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, барҳам додани бесаводӣ корҳои зиёде анҷом дода шуд. Махсусан, Тоҷикистон, ки дар он ягон корхонаю роҳ вуҷуд надошт (ғайр аз қисми шимолии кишвар), дар замони Ҳокимияти Советӣ дорои фабрикаю завод, муассисаҳои маданию маишӣ ва донишкадаҳои олӣ гардид.
Вале баъди солҳои 60-ум дар Тоҷикистон тамоми қувваю имконият ба баланд бардоштани пахтакорӣ ва ҳосилнокии он равона шуд. Худи зироати пахта ба яказироат (монокультура) табдил ёфта, бештар аз 90% майдони киштро дар колхозу совхозҳо ишғол мекард. Киштгардони зироат қариб фаромӯш шуда, истифодаи заҳрхимикатҳо ба ифрот расид. Ин тарзу усули кор махсусан дар вилоятҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб ба он овард, ки чун ягон корхонаи матлуб сохта нашуд, пайомадаш зиёд гардидани бекорӣ гардид. Бо вуҷуди он ки он замон истифодаи калимаи «бекорӣ» дар сохтори сотсиалистӣ мамнӯъ буд, валекин инро ҳама ҳис мекарданд. Суръати афзоиши миёнаи аҳолӣ низ солҳои 70-ум дар ин вилоятҳо солона бештар аз 3,5 то 4% - ро ташкил медод. Боло рафтани бекорӣ боиси авҷ гирифтани ҳар гуна ҷараёнҳои ифротӣ низ гардид. Оҳиста-оҳиста таъсири манфии ин фирқаҳо ба дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ сироят кард.
Ҳарчанд дар он замон ба синфи коргар бештар аҳамият медоданд, вале қариб 80% ҳайати коргаронро дар Тоҷикистон русҳою украинҳо ташкил медоданд. Дар ҳамаи корхонаҳо, махсусан Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кофарниҳон, Ёвон воҳиди ҳайати кормандони инженеру техникӣ ва коргаронро русзабонҳо банд мекарданд.
Пайомадҳои бади ҳамаи ин кӯтоҳандешиҳо баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ якбора рӯ заданд. Ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990 аввалин бонги хатар буд, ки русзабонҳо ба тарк намудани Тоҷикистон сар карданд. Ҳангоме ки кормандони инженеру техникӣ ва коргарони русзабон кишвари моро тарк гуфтанд, соҳаҳои саноат дар мамлакат фалаҷ гардиданд. Гузашта аз ин, ҷанги шаҳрвандӣ, ки онро давлатҳои бегона ба сари мардуми мо оварданд, боиси бештар Тоҷикистонро тарк намудани русзабонҳо гардид.
Ҳангоми ҳодисаҳои февралӣ ва минбаъд гурӯҳҳои фитнаангез ва зархарид ба русзабонҳо дарафтида дар баъзе ҷоҳо онҳоро лату кӯб низ карданд. Албатта, тоҷики бофарҳанг ҳеҷ гоҳ ба чунин рафтори зишт роҳ намедиҳад, вале ашхоси манфиатдор онро хеле хуб ва аз рӯи сенария ба анҷом расониданд. Нақши баъзе нимчамуллоҳои иғвогар низ дар ин амалиёт назаррас буд.
Ин баҳона шуд, ки русҳо ҳангоми ба Русия рафтан дар тамоми гӯшаю канор то тавонистанд, тоҷиконро бадном карданд. Ҳамин сабаб гардид, ки ақидаи русҳо нисбат ба тоҷикон тамоман дигаргун шуд. Солҳои 70-ум ҳангоми таҳсил дар аспирантура аз ҳама бештар русҳо ба арманиҳо ва тоҷикон эҳтиром доштанд. Вале ҳоло дар бисёр ҷойҳо, онҳо байни тоҷикону ҷӯгиён фарқе намегузоранд.
Бояд мо, мардуми тоҷик, дар атрофи ин масъала ба эҳтироми арвоҳи гузаштагон андеша кунем ва ба хулосае биёем, ки дар оянда чӣ бояд кард, ки аз ин беадолатию буҳрон худро дар канор гирем. Наход мардуми мо як умр таънасору мардикори бегонагон бошад?
Албатта, бо ин гуфтанӣ нестам, ки мо бояд муносибати иқтисодию фарҳангиро бо Русия қатъ кунем. Вале дар ҳоли ҳозир амалиёте, ки муқобили махсусан тоҷикҳо рафта истодааст, оқибати бад дорад. Як сол қабл дар яке аз маҷаллаҳои Русия хонда будам, ки ба Русия қариб 60% маводи мухаддир ба воситаи Ӯзбекистон ва 25% ба воситаи Тоҷикистон мегузаштааст. Вале дар расонаҳои Русия чун аз нашъаҷаллобӣ сухан равад, аввал номи тоҷиконро мегиранду баъд дигаронро. Аз ҷиҳати шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ низ тоҷикон дар ҷои 5-ум меистанд, вале вақте сухан дар бораи кадом кори бади муҳоҷирон равад, боз ҳам аввал тоҷикро номбар мекунанду баъд агар лозим шавад, дигар миллатҳоро.
Дар чунин вазъият саволе ба миён меояд, ки чӣ бояд кард?! Мардуме, ки ин қадар ба таъриху гузаштагони худ меболанд, наход ба ҳамин камбизоатӣ, таҳқир ва фишор якумрӣ муросо кунад.
Таърих гувоҳ аст, ки бисёр давлатҳо низ бештар аз мамлакати мо дар ҳоли мушкилию харобии иқтисодӣ буданд, вале роҳи худро ёфтанду рушд карданд. Ҳатто ИМА солҳои 1928-1929 ба буҳрони вазнини иқтисодӣ дучор шуда буд, вале Франклин Рузвелт аз мушкилӣ наҳаросида, бо маслиҳати як гурӯҳ донишмандон на танҳо кишварашро аз вазъи мавҷуд наҷот дод, балки онро ба давлати пешқадаму пуриқтидори дунё табдил дод. Ё Германияро гирем. Дар ҷанги дуюми ҷаҳон онро қариб ба хок яксон карданд. Дар Берлин, Дрезден, Потдстам қариб ягон бинои обод намонда буд. Вале халқи немис ба ҳеҷ куҷо мардикорӣ нарафта, тамоми ин шаҳру деҳоти худро чун пештара обод намуд. Ҷанги шаҳрвандӣ қариб дар аксари давлатҳои дунё рух додааст, вале минбаъд онҳо аз сари нав муттаҳид гашта, иқтисодиёти худро ба по гузоштанд.
Тоҷикистон ҳам баъди истиқлол мушкилиҳои зиёдро паси сар кард ва итминони комил дорем, ки дар оянда низ бо истифода аз захираҳои бузурги об ва сарватҳои табиӣ қодир аст, ки мушкилтарин масъалаҳои иқтисодӣ ва пеш аз ҳама муҳоҷирати меҳнатиро дар муддати начандон тӯлонӣ ҳал хоҳад намуд.
Барои амалӣ намудани ин нияту мақсад ба андешаи мо лозим аст:
1) Дар назди Президенти кишвар аз ҳисоби донишмандони варзидаи соҳаи иқтисодиёт як маркази андешамандон таъсис дода шавад, ки онҳо барномаи мушаххасро оид ба расидан дар кӯтоҳтарин муҳлат ба нишондиҳандаҳои дараҷаи баланди иқтисодӣ бо истифода аз захираю имкониятҳои мамлакат пешниҳод кунанд.
2) Дар барномаи мазкур нақшаи давлатӣ гардондани корхонаҳоро дар мамлакат (он корхонаҳои бузурге, ки дар замони советӣ миллионҳо доллар даромад меоварданд ва садҳо одамон ба ҷои кор таъмин буданд) пешниҳод карда, роҳҳои бо технологияи замонавӣ муҷҷаҳаз намудани онҳоро тайёр намоянд, ки дар сурати ба кор даромаданашон садҳо ҳазор нафар одамон соҳиби ҷойи кор мегарданд.
3) Бо ҳасби афзоиши аҳолӣ дар ҳама ноҳияҳои мамлакат корхонаҳои меҳнатталабро бисозем. Ин имкон медиҳад, ки қисми зиёди муҳоҷиронро баргардонда, бо ҷои кор таъмин кунем.
4) Дар баробари дигар соҳаҳои кишоварзӣ, инкишофи боғу токпарвариро дар заминҳои лалмӣ ба роҳ монем, ки ин соҳа ниҳоят меҳнатталаб аст ва имконият медиҳад, ки дар баробари содироти меваи хушлаззат боз чандин корхонаҳои коркарди шарбату шароби ангур барои содирот ба хориҷ барпо карда шавад.
5) Барои нигоҳ доштани генофонди миллат ва ободу сарсабз гардондани Тоҷикистон бояд нагузорем, ки дар оянда ҷавонони мо барои дигар давлату миллатҳо меҳнату заҳмат кашанд. Ин қувваи бузургро барои ободии кишвар бояд сарф намуд.
6) Дар сурати ба амал омадани зарурат ба муҳоҷирони меҳнатӣ бояд аз ҷониби ҳукумат бригадаҳои махсус таъсис намуда, бо он давлатҳое, ки ба чунин қувваи корӣ ниёз доранд, бо шартнома ва муҳлати муайян фиристода шуда, дар навбати худ бо маоши хуб ва ҷои кор таъмин карда шаванд.
7) Яке аз роҳҳои ба кор ҷалб намудани мардум инкишоф додани туризми хориҷӣ мебошад. Таҷрибаи бисёр давлатҳои рӯ ба инкишоф нишон медиҳад, ки тараққиёти туризм сарчашмаи даромад ва соҳиби ҷои кор намудани садҳо ҳазор одамон мегардад. Ҳол он ки дар Тоҷикистон манбаъҳои ниҳоят бузурги туризму рекреатсия қариб дар ҳамаи минтақаҳои иқтисодию географӣ мавҷуданд.
Холназар МУҲАББАТОВ,
Доктори илмҳои география
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.01.2014 №: 16 Мутолиа карданд: 30337