logo

энергетика

НЕРУГОҲИ ХУРД БИСЁР, ВАЛЕ КАМКОР

Ба хотири таъмини аҳолӣ бо неруи барқ ҳар сол бо дастгирии Ҳукумат ва сармоягузорони дохилию хориҷӣ дар ҷумҳурӣ неругоҳҳои хурди барқӣ сохта мешаванд.  Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти рақами 73 аз 2 феврали соли 2009 «Дар бораи Барномаи дарозмуддати бунёди силсиланеругоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009 – 2020», дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ ин барномаро роҳандозӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, дар соли 2013 дар мамлакат 8 неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори аз 10 то 800 кВ сохта ба истифода дода шудааст, ки иқтидори умумиашон 1816 кВ мебошад. Ин неругоҳҳо 477 хоҷагӣ ва 23 муассисаи хоҷагии халқро бо неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин менамоянд.
Бояд гуфт, ки неругоҳҳои мазкур танҳо барои равшании хонаҳо ва ба кор даровардани дастгоҳу асбобҳое, ки неруи барқро кам харҷ мекунанд, пешбинӣ шудаанд.
Тибқи иттилои вазорат  дар ҷумҳурӣ аз соли 1991  то  2013 - ум 310 неругоҳ, аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 28, Суғд 89, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  48 ва  ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 145 -  то  бо иқтидори аз 5 то 4300 кВ сохта шудааст. Онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ, грантҳо  ва сармоягузорони ватанӣ бунёд ёфтаанд, ки дар маҷмӯъ иқтидори умумиашон 28245 кВ - ро ташкил медиҳад.
Аз ин рақамҳо чунин бармеояд, ки воқеан ҳам аҳолии  ниёзманди неруи барқ то ҳадде мушкилоти худро ҳал кардааст ва ин неругоҳҳо воқеан  ба мардум хизмат карда истодаанд. Аммо, мутаассифона, чи хеле ки огоҳ шудем, дар мавсими зимистон бештари он неругоҳҳо бекор хобидаанд. Ба гуфти  Вайсиддин Тиллоев, сардори шуъбаи таҳлил, мониторинг ва сарфаҷӯии неруи барқи Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ «Аз 310 неругоҳи хурд 169 адади он дар тамоми фасли сол ва 14 - тоаш  мавсимӣ буда, дар фаслҳои тирамоҳу зимистон кор мекунанд. 16  НБО - и хурди дар тавозуни ШСХК «Барқи Тоҷик» буда, ки тамоми сол кор мекунанд,  соли гузашта 5294,4 ҳазор кВт.соат неруи барқ истеҳсол намудаанд.
Аммо ҳолатҳое мешавад, ки кори неругоҳҳо дар як муддати муайян боздошта мешаванд. Ба ин камобӣ дар обанборҳо сабаб мегардад.  Барои ҳамин мо дар фасли зимистон мардумро бо барқ таъмин карда наметавонем. Баъзан дар ҳолати ба таъмир гузоштан, чархаҳо низ аз кор мемонанд. 
Камбудии асосии неругоҳҳои хурд дар он аст, ки онҳо барои захираи  об обанбор надоранд ва дар маҷрои дарё сохта шудаанд. Вақте дар дарё  об кам аст, онҳо кор намекунанд. Илова бар ин, аз 310 неругоҳи хурде, ки дар ҷумҳурӣ сохта шудааст,  97-тоаш аз ҳисоби буҷети давлат, грантҳо ва сармоягузорони ватанӣ бунёд ёфтаанд. Боқӣ 213-тоаш моликияти ҷамъиятҳои саҳомӣ ва ашхоси алоҳида буда, аз рӯйи имкон кор мекунанд.

Нигинаи РАҲМОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2014    №: 17    Мутолиа карданд: 8946
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед