logo

маориф

ДАСТПАРВАРОНИ ДОНИШГОҲ БАЛАНДИХТИСОСАНД

Амонулло Салимов, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар нуҳ факултаи донишгоҳ 8292 донишҷӯ аз рӯи 38 ихтисос ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Барои босифат гузаштани машғулиятҳои назариву амалӣ 67 озмоишгоҳи таълимию илмӣ, 15 маркази компютерӣ ва ду хоҷагии таълимӣ - таҷрибавии ноҳияҳои Ҳисор ва Ёвон хидмат мерасонанд.
Назар ба гуфтаи ректор, таҳсил дар донишгоҳ бо низоми кредитӣ ва анъанавӣ ба роҳ монда шудааст. Алҳол се курси ихтисосҳои донишгоҳ ва курси аввали магистрон ба низоми кредитӣ гузашта, дар соли хониши 2014 - 2015 донишгоҳ пурра ба ин низоми таҳсил ворид мегардад. Дар  соли 2013 барои соли сеюми таҳсилоти кредитӣ 49 дастури методӣ, 33 китоби дарсӣ, 6 монография ва 8 тавсиянома аз тарафи Шӯрои методӣ баррасӣ ва ба чоп тавсия гардид.
Соли гузашта донишгоҳро аз рӯи 31 ихтисос 1978 донишҷӯ, аз ҷумла 654 нафар тибқи буҷети давлат хатм намуда, барои фаъолият ба истеҳсолот роҳхат гирифт. Як зумра хатмкардагон худ ҷои кор пайдо мекунанд, ки он аз эътирофи сатҳи ихтисосмандии дастпарварони донишгоҳ шаҳодат медиҳад.
Зикр гардид, ки имрӯз дар донишгоҳ 24 озмоишгоҳи илмию таълимӣ  фаъолият  дорад,  ки  онҳо  метавонанд дар асоси шартнома барои санҷиши сифати тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ ва дон, тарҳрезии харитаҳои истифодаи замин, технологияи парвариши рустаниҳои ситрусӣ, дарахтони сӯзанбарг, муайян намудани касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ дар шароити лабораторӣ хизмат расонанд.
Амонулло Салимов гуфт, ки донишгоҳ бо 74 мактаби олӣ аз 20 мамлакат, 14 ташкилоти бонуфузи хориҷӣ ва 8 барномаи байналмилалӣ доир ба тайёр намудани мутахассисон, кадрҳои илмӣ омӯзгорӣ, мубодилаи омӯзгорону донишҷӯён созишномаи ҳамкорӣ дорад. Соли сипаришуда 82 нафар корманди донишгоҳ ба 18 кишвари хориҷӣ барои коромӯзӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ сафарбар карда шуд.


С. МУНАВВАР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2014    №: 17    Мутолиа карданд: 1429
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед