logo

маориф

ДОНИШГОҲ ДАР БАХШҲОИ НАВ СОҲИБИ ИҶОЗАТНОМА ГАРДИД

Нуралӣ Солеҳов, ректори Донишгоҳи славянии  Русияву Тоҷикистон, иброз дошт, ки соли 2013 донишгоҳ дар бахшҳои нави риёзиёт, физика, кимиё, биология, омӯзгорӣ (забону адабиёти рус), сайёҳӣ соҳиби иҷозатнома гардид.
То кунун бо зиёда аз 80 муассисаҳои давлатӣ дар ҷумҳурӣ шартномаҳои да-розмуҳлати таҷрибаомӯзӣ баста шудааст ва донишҷӯён дар идораву муассисаҳо аз рӯи ихтисосашон таҷриба меомӯзанд.  Бояд гуфт, ки 38 адади шартномаҳо бо кор таъмин намудани хатмкунандагони лаёқатмандро  дар назар  дорад. 72 дарсади хатмкардагони соли 2013 бо ҷойи кори доимӣ  таъмин гаштанд.
Бино ба иттилои ректор, ҳамасола донишҷӯён дар озмунҳои илмие, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ташкил мекунад, ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт, ҳамчун беҳтарин иштирокчии олимпиада оид ба  технологияҳои шабакавӣ ва  иттилоотӣ дар озмуни «Мутахассиси бомаҳорати  IT» бо ифтихорнома мукофотонда шуд.
Дар нашри китобу дастурҳо низ пешравиҳо назаррасанд. Чунончи 17 монография, 86 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимиву методӣ, 6 луғат, 13 маҷмӯаи мавзӯӣ, 411 мақолаҳои илмӣ ва илмии методӣ ба  табъ расиданд.
Соли гузашта 38 донишҷӯи  донишгоҳ дар доираи барномаҳои мубодилаи академӣ дар мактабҳои олии Русия, Чин ва Олмон дониш омӯхтанд. Дар донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои гуногун дар зинаҳои   бакалавриат ва магистратура шаҳрвандони Афғонистон, Чин, Исроил, Кореяи Ҷанубӣ, Нигерия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон таҳсил менамоянд. Ғайр аз ин, барои шунавандагони  хориҷӣ курсҳои  яксолаи омӯзиши забони русӣ ба роҳ монда шудааст.


Шаҳнози ҚУРБОН
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2014    №: 17    Мутолиа карданд: 1494
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед