logo

маориф

РОБИТАИ ФАНҲО ДАР ИСТИФОДАИ ТЕСТ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора дар роҳи амалӣ намудани ислоҳоти куллии соҳаи маориф тадбирҳои  судманд андешида, як қатор қонуну қарорҳои самарабахш қабул кардааст. Мақсади асосӣ таъмини рушди бемайлон, ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф, таълим ва тарбияи наврасон мебошад. Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ баҳри роҳандозии босамари усули нави муайян кардани сатҳи дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон тавассути тест ва иншои хурд (санҷиши  тестӣ) тадбирҳои мушаххасро амалӣ месозад. Ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии қабули довталабон ба макотиби олӣ ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия бахши муҳими чорабиниҳоро дар соҳаи маориф ташкил медиҳанд. Аз ҷумла ифтитоҳи Маркази миллии тестӣ дар ворид шудани соҳаи маорифи кишвар ба низоми байналмилалии таҳсилот шароити мусоид муҳайё месозад. 
Воқеан ҳам, санҷишҳои тестӣ дар ҷодаи шаффоф ва дақиқ муайян кардани сатҳи дониши хонандагон ва донишҷӯёну довталабони макотиби олӣ нақши муҳим мебозад. Ман ҳамчун омӯзгор дар вақти гузаронидани санҷишҳои тестӣ кӯшиш менамоям, ки хусусияти синну солии хонандагон, маҳорату лаёқати онҳоро ба эътибор бигирам. Ба ҳар як хонанда тести ҷудогона тартиб медиҳам.  Зеро ҳангоми санҷиши дониши хонандагон ба кор бурдани як тест кори соҳиби аслии тестро аз назари омӯзгор пинҳон мекунад. Баъзан хонандаи «муфтхӯр» ҷавоби саволҳоро аз дигарон чунон тозаю озода мекӯчонад, ки муаллим чи баҳо гузоштанро намедонад. Бинобар ин дар дарсҳои биология бештар бо хонандагон ба воситаи аёниятҳои фаннӣ, яъне гулу гиёҳҳо, сабзавот ва меваҷот  тест мегузаронам.
Масалан, дар  болои миз баргҳои дарахтони шафтолу, себ, олуча ва токро мегузорам. Саволи тестӣ медиҳам, ки барги дарахти олучаро муайян кунед. Хонанда ба таври мантиқӣ,  бо далели ақл барги дарахтонро ҷудо мекунад. Метавон решаҳои сабзавоту дарахтон, устухонҳо, парҳо ва тоҷу нӯлҳои парандагонро бо саволҳои тестӣ дар зеҳни хонандагон ҷойгир намуд.
Яке аз вазифаҳои бисёр муҳим ва муқаддаси мо омӯзгорон, ин тарбияи ватандӯстӣ мебошад. Бояд мо дар сиришти хонандагон муҳаббати беандозаро нисбат ба табиати дилорои диёр  бедор намоем, наврасон сангу хок, обу ҳавои Тоҷикистонро   шиносанд ва дӯст доранд. Нисбат ба ашёҳо ва табиати биҳиштосои  он масъулият эҳсос намоянд.
Чашми хонандаро барои меҳри беандоза доштан ба ин сарзамин кушодан  лозим аст, вагарна  ӯ як шахси бепарвою ҷоҳил ва воқиф аз эҳсоси ифтихори миллӣ ба воя мерасад. 
Бо ин мақсад дар дарс хусусиятҳои ҳайвонот, парандагон ё олами набототро мавриди баррасӣ қарор медиҳам, кӯшиш менамоям, ки ҳисси зебопарастиро дар вуҷуди онҳо бедор намоям. Баъдтар онҳоро эҳсоси баланди ватандӯстӣ  фаро мегирад. Масалан, ҳангоми мавриди омӯзиш қарор  додани хосияти хок, сарчашмаи ризқу рӯзӣ будани онро ёдовар шудан манфиатбахш аст.
Ин хоки сиёҳ, ки мушкбез аст,
Мафрӯш, ки модари азиз аст,
Мафрӯш замин, ки хор гардӣ,
Бе  ризқию бемадор гардӣ.
Ё ин ки супориш медиҳам, ба тариқи нақли хурд (тестӣ) дар бораи табиати кишварамон ҳар як хонанда андешаю мулоҳизаҳояшро баён намояд. Бояд ин нақл аз мафҳум, муҳокима ва хулоса иборат бошад. Ин амал хонандаро ба мустақилӣ водор карда, тафаккури мантиқияшро инкишоф медиҳад. Дар вақти таълими мавзӯъҳои дарсӣ робитаи фанҳо бояд ба эътибор гирифта шаванд. Яъне, зимни таълими фанни биология робитаи онро бо фанҳои забони тоҷикӣ ва адабиёт мушоҳида кардан лозим аст.  Агар сухан дар бораи тарзи ҳаёти солим равад, ба ҳамин маънӣ офаридаҳоро ёд овардан ба мақсад мувофиқ аст:
Тани  зинда воло ба варзандагист,
Ки варзандагӣ мояи зиндагист.
Ба варзиш гарою сарафроз бош,
Ки поёни сарафкандагӣ бандагист.
Шеър воситает, ки қалбу рӯҳи инсонро ҳиссиёти гуворо мебахшад. Бинобар ин мардум, махсусан, халқи тоҷик ба шеъру сухан дилбастагии хоса дорад. Аз ин рӯ, агар омӯзгори фанни биология шеърдону закӣ бошад, хонанда мавзӯъҳои дарсиро бо шавқу завқи зиёд азбар мекунад.
Дар бораи бемории фарбеҳӣ, ки як зуҳуроти ташвишовар маҳсуб меёбад, чунин шеърро мавриди таҳлил қарор додам:
Пурхӯрдану  пурхуфтану бемор як аст,
Камхӯрдану камхуфтану ҳушёр як аст.
Хонанда  агар ҷисману  рӯҳан  солим  бошад, маводи таълимиро беҳтар аз худ менамояд. Дар таҷриба мушоҳида кардаам, ки баъзе хонандагон рӯҳан беморанд ва ин ба тарзи нодурусту нобасомонии зиндагии онҳо (нашъаманду майзада ё авбош  будани волидайнашон) вобаста аст.
Ин гуна шогирдон ба ғамхории махсус эҳтиёҷ  доранд, зеро дар ниҳоди онҳо ҳисси  бадбинӣ, зӯроварӣ, мардумозорӣ ҷой дорад. Соли гузашта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардид  ва умед аст он дар ҳаёти наврасоне, ки аз муҳити носолимии  оила гурезон  мебошанд, нақши созанда мебозад.

Шодигул  МУРОДБЕКОВА,
омӯзгори фанни  биологияи     мактаби  №38 - и ноҳияи Сино
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2014    №: 17    Мутолиа карданд: 2221
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед