logo

мулоқотҳо

Сардори давлат аз сафири Британияи Кабир эътимоднома қабул кард

28 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири  фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур эътимоднома қабул намуд.
Дар мулоқоти Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Тревор Мур, ки баъди маросими супурдани эътимоднома сурат гирифт, масоили вобаста ба дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ шуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳо бо давлатҳои Аврупоро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлат номида, аз ҷумла изҳор дошт:
-Тоҷикистон ба густариши робитаҳо бо Британияи Кабир, ки аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо ва ҷаҳон ба шумор меравад, манфиатдор аст.
Аз натиҷа ва дурнамои ҳамкории миёни сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки асосан дар доираи муборизаи байналмилалии зидди терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат мегирад, изҳори қаноатмандӣ  шуд.
Мусоҳибон ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки сатҳ ва мазмуни робитаҳои ду кишвар ба имкону захираҳои мавҷуда мувофиқат намекунанд. Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика, азхуднамоии захираҳои табиӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва туризм зарур шумурда шуд.
Тревор Мур изҳор дошт, ки Британияи Кабир ва шахсан ӯ омодаанд баҳри ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла баҳри татбиқи амалии лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва азхуднамоии захираҳои табиӣ саҳми намоён гузоранд.
Яке аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат баррасии авзои кунунии Афғонистон ва роҳҳои пешгирӣ аз таъсири манфии он ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон буд.
Сафири нави фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир изҳор дошт, ки андешаю пешниҳодоти Тоҷикистон ва Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои давлатҳои мададрасон баҳри дарёфти роҳҳои самарабахши ҳаллу фасли мушкилоти Афғонистон басо муҳиманд.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ табодули назар карда шуд.

* * *
Тревор Мур, Сафири фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон, баъд аз анҷоми мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳои худро дар нишасти матбуотӣ чунин баён намуд:
-Ман бо Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбати хеле пурмӯҳтаво ва судманд доштам. Мо масоили таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Британияи Кабир ва Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додем. Ҷаноби Олӣ таъкид карданд, ки барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати робитаҳои мутақобилан судманди ҳар ду давлат захираю имкониятҳои истифоданашуда ҳанӯз зиёданд. Ман аз ҷониби худ Президентро бовар кунондам, ки ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо ва ҷалби сармояи Британияи Кабир ба иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат менамоям.
Сафир оид ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ибрози назар намуда гуфт, ки тавассути Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир татбиқи як қатор лоиҳаҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз худ намудани захираҳои табиӣ дар назар аст.
-Дар мулоқот,- афзуд Тревор Мур,- ҳамчунин вазъи кунунии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, имкониятҳои ҳамкориҳои ду кишвар бо ҳамдастии Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо дар ҳалли масоили ин кишвар  ва мубориза алайҳи терроризму экстремизм баррасӣ шуд.
Сафири фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир ҳамзамон иттилоъ дод, ки бо Эмомалӣ Раҳмон, Сардори давлати Тоҷикистон, дар атрофи рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ табодули назар намудем. Британияи Кабир дар доираи Иттиҳоди Аврупо, ки узви он аст, ҷиҳати густариши робитаҳои иқтисодии минтақавӣ ва ҳалли мушкилоти он мусоидат хоҳад кард.

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4031
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед