номаҳо
Беинсофӣ то ба кай?
Аз бозори «Корвон» либоси зимистона харида пӯ-шидам. Дӯстону шиносҳоям табрик намуда нархашро пурсиданд. Пас аз посухам яке аз шиносҳоям гуфт, ки онҳоро 400 сомонӣ гаронтар харидаам. Албатта, бовар кардам, чунки ӯ айнан мисли ҳамин либосеро дар бар дошт.
Гап дар сари зарари ман нест, ҳарчанд чорсад сомонӣ қариб музди меҳнати якмоҳаам мебошад. Аммо чун ман садҳо нафар ба фиреби ин фурӯшандагони беинсоф гирифтор шудаанду зарар дидаанд. Фурӯшандагон барои сафед кардани худ изҳор медоранд, ки савдо кардан аз талаботи дини ислом аст, аммо намегӯянд баёни ҳақиқату нишон додани камбуди молҳоро низ шариат талаб дорад. Инчунин ислом амр накардааст, ки харидорро бифиребанду бар мол нархи осмонӣ бигузоранд.
Ман ин ҳақиқатро дарёфтам, ки дили мардуми бенаво барои зарари моли фурӯшандагони беинсоф, дар сурати сӯхтану хокистар шуданаш ҳам месӯзад, аммо онҳо ба мардум дар ҳеҷ сурат раҳм намекунанд. Аз ин рӯ, мепурсам, ки дар чунин мавридҳои ногувор моро кӣ ҳимоят менамояд? Ва ин беинсофӣ то ба кай идома меёбад?
С. НУЪМОНОВ, шаҳри Қӯрғонтеппа
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.01.2014 №: 19 Мутолиа карданд: 1362