номаҳо
Рафъи камсаводӣ осон нест
Аз ҷумлаҳову ибораҳои ғалату бемантиқ шикоят намекунам, ҳарчанд шумораи онҳо дар рӯзномаҳои шахсиву китобҳои нашрияҳои гуногуни маҳаллӣ бениҳоят зиёд шудааст.
Аммо ҳеҷ наметавонам бо хатоҳои имлоӣ ва тарзи навишти нодурусти калимаҳо созиш кунам. Охир дар рӯзномаҳо, нашриётҳо ва дигар васоити ахбори омма нафароне фаъолият доранд, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд. Наход қуфлро аз қулф, тафсонро аз тасфон, афвро аз авф, зунбӯрро аз замбур фарқ накунанд? Ё намедонанд, ки Япония шаҳр ва «модарсаг»-у «падарсаг»-у «очамурғ» навиштан мумкин нест?
Аз навиштаҳо бармеояд, ки мавзӯи «мухотаб»-ро дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳеҷ наомӯхтаанд ва ҳатто мавқеи «вергул»-ро низ намедонанд.
Оё онҳо ва масъулон боре намеандешанд, ки агар кор бад-ин минвол идома биёбад, дар оянда ҷомеа камсавод мешавад? Рафъи камсаводӣ осон нест.
Н. ШЕРАЛИЕВ, ноҳияи Рашт
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.01.2014 №: 19 Мутолиа карданд: 1388