номаҳо
Ман бештар аз ӯ месӯхтам
Умедҷонро, ки дар мактаб – интернати нобиноёни ноҳияи Ҳисор таҳсил мекунаду ятим аст, ман соле пештар ба фарзандӣ хондам. Дигар ӯ худро ятим эҳсос наменамояд. Узви оилаи мо ба шумор меравад. Пайваста аз рафти хонишаш бохабар мешавем. Яъне вазифаи худро дар мавриди тарбияи дурусти ӯ иҷро мекунем.
Як рӯз хабар ёфтам, ки ин фарзанди нозпарварди мо бемор шудааст. Намедонам, пас аз он чӣ гуна ба ноҳияи Ҳисор расидам. Дар ҳақиқат, бемор буд, таб дошт, дар оташ месӯхт. Албатта, ман бештар аз ӯ месӯхтам. Ҳазору як фикру андеша ранҷу азобам медод. Хостам фарзандамонро дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар беморхонаи назди хонаамон табобат кунанд. Ба ин мақсад ӯро аз мактаб гирифтаму овардам. Дар роҳ дардаш шиддат гирифт. Ба ронанда гуфтам, ки нақлиётро ҳамин ҷо, дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев, дар назди дармонгоҳи стаматологии «Кристиан Плюс» манъ кунад. Ӯ тааҷҷубу изҳори норизоӣ намуд ва гуфт, ки аз дасти дандонпизишк коре намеояд. Посух додам, ки метавонад ёрии аввалияро бирасонад.
Муслиҳиддин Холов, дандонпизишки ҷавон, чун ҳолати вазнини кӯдакро дид, ӯро бе навбат муоина кард ва гуфт, ки варами рӯву атрофи гӯш аз ҳисоби дандон аст. Ва ба табобаташ машғул шуд. Дар ин ҳолат хушгӯиҳо кард, ӯро хандонд, то нороҳатию азоби дардро эҳсос нанамояд. Духтур чун дарёфт, ки ин ятимро мо ба фарзандӣ хондаем, пули табобатро нагирифт.
Бо ин нома ба ӯ аз номи аҳли хонадонамон изҳори сипос менамоям.
Бобоёр ГУЛМУРОДОВ, ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.01.2014 №: 19 Мутолиа карданд: 1342