номаҳо
Талоши дона дар хошок
Мо дар асри 21 зиндагӣ дорем ва илму технология босуръат пеш меравад. Кас гумон мекунад, мардуми тоҷик ба пешравиҳои бузург ноил шудааст ва ҷевонҳои китобро дар ин аср истифода намебаранд, чунки ҳама гӯё ҳамқадами замон буда, фақат бо компютеру интернет сару кор доранд.
На, дар асл ин тавр нест. Мардум пештар каму беш китоб мехонд, вале ҳоло одамон ду - се камсаводи пулдорро дида, аз баҳри хондани китоб баромадаанд, ки инро фоҷиа гӯем ҳам, ғалат нахоҳем кард. Ин манзараро дар аксари хонаҳои деҳотиён ва камтар бошад ҳам, дар хонаи шаҳриён низ мушоҳида кардан мумкин аст. Яъне, чойнику пиёла ва табақу лаълиҳои қиматбаҳо мавқеи ҷевони китобро танг карда баровардаанд ва боиси ифтихори дорандагонашон шудаанд. То он замоне, ки чойнику пиёла ҷои ҷевони китобро танг карда мебароранд, мо пеш нахоҳем рафт. Аллома Иқбол фармудааст:
Ба парвоз ову шоҳинӣ биёмӯз,
Талоши дона дар хошок то кай?
Агар холисона таҳлил намоем, маълум мешавад, ки мардум китоб намехаранд ва намехонанд. Меҳру муҳаббати мутоилаи китобро мо бояд дар ибтидои мактабравӣ ба хонанда омӯзонем, вагарна дер хоҳад шуд. Имрӯз одамон ҳазорҳо сомонӣ харҷи беҳуда мекунанд, либосҳои сунъии хориҷиро, ки аслан пӯшидани он ба саломатии инсон зараровар аст, бо пули калон мехаранд. Агар гӯед, ки дар 20-40 сомонӣ як китоб бихаранд, ҳиммат намекунанд. Имрӯз вақти он расидааст, ки бештар дуконҳои фурӯши китобро дар маҳалҳо ташкил намоем. Шумораи аҳолии ноҳияи Мастчоҳ ба зиёда аз 100 000 мерасад, аммо танҳо як дукони китобфурӯшӣ дар он фаъолият мекунад, ки, албатта, басанда нест.
Рауф АЗИЗ, ноҳияи Мастчоҳ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.01.2014 №: 19 Мутолиа карданд: 1457