номаҳо
Моро фаромӯш карданд
Ман аз соли 1996 дар Хонаи маданияти комбинати таълимӣ - истеҳсолии нобиноёни ноҳияи Ҳисор кор мекунам. Дар замони шӯравӣ дар хонаи маданият беш аз 10 нафар фаъолият доштем ва он дар миқёси ноҳия яке аз ҷойҳои беҳтаринро ишғол мекард. Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз кор рафтам, зеро ба мо касе аҳамият намедод. Соли 2004 дубора маро ба хонаи маданият ба кор даъват карданд. Онро вайрону валангор дарёфтам. Атроф ва ҳавзи зидди сӯхтори комбинат, то ба ҳол, ба партовгоҳ мубаддал гардидааст. Бинои клубу китобхона дар ҳолати садамавист ва аз толору майдони варзишӣ қариб нишонае намондааст. Бо сабаби ниҳоят бад будани шароит китобхона фаъолият надорад. Ҳатто китобҳо корношоям шудаанд. Агар як соли дигар ҳамин аҳвол давом ёбад, китобҳо пӯсида аз байн мераванд.
Сарварии комбинати нобиноёнро Ҷобир Исматов ном шахсе ба уҳда дорад, ки ба корҳои ободониву равшаннамоӣ ва рушди фарҳангу маданият тамоман аҳамият намедиҳад. Партовгоҳҳоро ҳамчун замини наздиҳавлӣ ба якчанд нафар тақсим кард. Маркази насосҳои оббарорӣ бошад, ғайрисанитарӣ буда, болояш кушода аст. Сарвари корхона ҳамаи ин камбудиву норасоиҳоро нодида мегирад ва ҳамеша дар ғами худу хешу ақрабояш мебошад. Биноҳои корхонаро ба наздикону хешовандонаш ба иҷора додааст.
Мо барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳо чандин маротиба ба сарвари корхона, раиси Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, прокуратура ва дигар мақомоти болоӣ муроҷиат карда бошем ҳам, то ҳол ягон чора дида нашудааст. Гӯё моро ба гӯшаи фаромӯшӣ ниҳода бошанд, касе аҳамият намедиҳад. Ман ҳамчун мутахассиси соҳаи фарҳанг аз масъулони ноҳия ва ҷумҳурӣ мехоҳам, ки ба ин гӯшаи фаромӯшшуда назаре намоянд, то ин ки хонаи маданияти мо - нобиноён обод шавад.
Нозимҷон ШАРИФОВ,
корманди Хонаи маданияти нобиноёни ноҳияи Ҳисор, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.01.2014 №: 19 Мутолиа карданд: 1431