logo

маориф

50 БАҲОРИ УМР

Муаллим Оқбой Савриев ҳанӯз бардам қадам ниҳода, ҳар субҳ  бо пайроҳаи шинос сӯйи донишгоҳ меравад. Ҳамсолонаш давлати пирӣ меронанд. Имрӯз ҳам дар чойхонаи лаби ҷӯйбори Бибихонум саргарми суҳбатанд. Ёдоварӣ аз воқеаҳои солҳои ҷавонӣ  муҷиби дилхушиашон аст. Аммо устод Савриев ба зиндагӣ нигоҳи дигар дорад. Бекор нишаста наметавонад. «Инсон бояд аз гаҳвора то ба гӯр дониш омӯзад», - мегӯяд ӯ ба шогирдон. Ва худ низ ҳамеша аз паи ҷустуҷӯву омӯзиш аст. Шогирдонашро низ водор месозад, ки бештар мутолиа намоянд, касбашонро дӯст доранд.

Албатта, интихоби касб ба завқи ҳар яки мо вобаста аст. Шояд меҳри устод ба фанни кимиё тасодуфӣ набошад. Ӯ зодаи як деҳаи зебоманзари  кӯҳистони Тоҷикистон аст. Манзараҳои дилфиреби Урметан, асрори кӯҳҳои бовиқори он бо сарватҳои нуҳуфтааш ӯро мафтун кардаанд. Кӯҳҳо сарвати бебаҳои кишвари мо ҳастанд. Танҳо аз онҳо барои зиндагии мардум оқилона истифода кардан лозим аст. Барои ин аз илмҳои табиӣ, аз ҷумла кимиё баҳраманд шудан зарур мебошад. Бо ҳамин ният ӯ донишҷӯи факултаи кимиё шуд. Баъди хатми факултаи кимиёи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ  ба Қӯрғонтеппа омад. Имрӯз муаллим Савриев яке аз собиқадорони маорифи шаҳр ба ҳисоб меравад.
«Ҳар амалеро подошест», - мегӯянд дар урфият. Шогирдони зиёдеро тарбия кардааст ӯ. Ба устод ҳасад мебаранд, ки дар ин син шавқи илмомӯзию садоқаташ ба касби омӯзгорӣ бештар шудаву зиндадилу некбин аст.
Устод аз фанҳои кимиё ва биология зиёда аз 50 сол аст, ки дарс мегӯяд. Таълими тӯлонии ин фанҳои душвор, шабҳои бедорхобиҳо рӯйи дафтару китоб, бо шогирдони лаёқатманд машғулиятҳои иловагӣ гузаронидан, аз бурду бохташон дар олимпиадаҳо баробари онҳо ғамгину хурсанд шудан чӣ қадар заҳматталаб аст.
Фаъолияти меҳнатии Савриев аз омӯзгори одӣ оғоз шуда, то ба унвони дотсенти фахрии донишгоҳ расидааст. Танҳо одамоне, ки ба касби худ меҳру дилбастагии беандоза доранд ва фидоиянд, ба қуллаҳо мерасанд.
Бисёр шогирдон аз сахтгирии устод сухан мегӯянд. Аз муаллим Савриев гирифтани баҳои хуб ё аъло кори саҳл набуд. Маҳз серталабӣ ба илмомӯзӣ буд, ки шогирдонаш дар олимпиадаҳои мактаббачагони солҳои 70-уми асри гузашта соҳиби 10 медали ифтихорӣ гардиданд. Ба 10 медали тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ мушарраф шудани шогирдон, дар ҳақиқат, аз маҳсули фаъолияти хуб ва масъулияти баланди омӯзгории Савриев дарак медод. Он замон унвони Аълочии маорифи халқи Тоҷикистонро ба ӯ барои нишондодҳои баланди таълиму тарбияи шогирдон сазовор дониста буданд.
Устод Савриев замоне ба Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хисрав ба кор омад, ки таҷрибаи хуби омӯзгорию роҳбарӣ дошт. Яке аз беҳтарин муаллимони фанни кимиё зинаи директории мактабро гузашта буд. Лаёқати омӯзгорӣ ва ташкилотчигии ӯро ба назар гирифта, иҷрои роҳбарии таҷрибаомӯзии донишгоҳ, муовини декани факулта, муовини ректор оид ба корҳои молиявӣ – хоҷагидориро ба зиммааш гузошта буданд.  Аз уҳдаи кор ба хубӣ баромадааст.
Соли 2013 барои устод Савриев соли хотирмон буд. Бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ тасдиқ шудани унвони дотсенти ифтихории кафедраи биологияи умумӣ ҳамчун қадршиносии меҳнати софдилонааш табъашро болида гардонид.  Инчунин, бахшида ба 22-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар қатори беҳтарин намояндагони хоҷагии халқ сазовори унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Савриев ҳоло ба ҳайси саромӯзгори кафедраи химия ва биология фаъолият дорад. Ӯ муаллифи дастурамали илмӣ-методии «Рӯзномаи мушоҳида аз фанни табиатшиносӣ барои синфҳои ду» мебошад. Инчунин бо маърӯзаҳои илмии «Омили умдатарин ва бунёдии рушди саноати муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ», «Таърихи инкишофи физиология», «Таъсири моддаҳои кимиёвӣ дар ташхис ва танзими саломатии инсон», «Ҳуҷайра ва таркиби химиявии он», «Фаъолнокии фармакологии 2-фурил 4-алкоксиметил 1,3 диоксоналҳо», «Фаъолнокии физиологии баъзе глитсератҳои кобалти II», «Фаъолнокии фармакологии баъзе диалкоксипропанонҳо 2-сианэтоксипропанҳо», «Омӯзиши фаъолнокии физиологии аминометилоронидани 1,3 бис (диалкиламино)-2 пропантолҳо», «Хусусияти фармакологии 3-алкоксипропил 1,2-диасетат», «Таҳқиқоти фармакологии 1,3 дибензилокси 2-этоксипропан» дар конфронсҳои донишгоҳиву байналмилалӣ суханронӣ намудааст.
Тасдиқи мавзӯи рисолаи номзадии мавсуф таҳти унвони «Таъсири моддаҳои кимиёвии дар соҳаҳои кишоварзӣ истифодашаванда ба саломатии инсон (дар мисоли ноҳияҳои атрофи шаҳри  Қӯрғонтеппа)» аз азми қавии устод дар ҷодаи таҳқиқоти масоили мубрами илмҳои табиӣ шаҳодат медиҳад.
Аз соли 2011 ходими калони илмии Институти илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Устод Савриев бо меҳнати ҳалоли омӯзгорӣ зиндагӣ дорад.
Ӯро сари миз машғули кор дидам.
- Усули кори омӯзгор мувофиқи талаботи замон дигар шудааст, - гуфт устод. - Факултаи кимиё яке аз аввалинҳо шуда ба низоми кредитии таҳсилот гузашт. Донишҷӯён фаъолтар гаштаанд. Масъулияти устодон низ дар ин раванд кам нест.
Ва бо шунидани садои зангӯла ба синф шитобид. Боз як дарси устод оғоз шуд.

Дилором МАҲКАМОВА,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии
Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хисрав


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2014    №: 19    Мутолиа карданд: 1542
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед