ҳукумат
ЗАМИНАҲОИ НАВИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ
Ҷаласаи 12 – уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникӣ бо тасвиби қарордоди муштарак ба поён расид. Зери ин ҳуҷҷат Қоҳир Расулзода - Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Игор Шувалов, муовини якуми раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, имзо гузоштанд.
Дар поёни ҷаласаи 12 – уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия роҳбарони ҳайатҳо – Қоҳир Расулзода ва Игор Шувалов аз натиҷаҳои он дар ҳузури хабарнигорон изҳорот доданд.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳор дошт, ки дар ҷаласа ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар бахши иқтисоду савдо, башардӯстӣ ва илму техника мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки дар мавриди тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда, бахусус дар бахши кишоварзӣ, энергетика, саноат, нафту газ ва гардиши молу маҳсулот ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро зоҳир намуданд. Қоҳир Расулзода аз татбиқи қисме аз созишномаҳо, аз ҷумла оид ба шароити будубоши пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон, содироти маҳсулоти нафтӣ бе боҷи гумрукӣ, сода намудани шароити будубоши муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русия, ки дар сатҳи олӣ ба тасвиб расиданд, истиқбол намуд. Сарвазири мамлакат ҳамзамон аз натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ изҳори қаноатмандӣ кард.
Игор Шувалов аз натиҷаи ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ, иқтисоду сармоягузорӣ, муҳоҷират ва робитаҳои гуманитарӣ изҳори хушбинӣ намуд. Роҳбари ҳайати Русия дар ин ҷаласа изҳор дошт, 2 дарсад афзоиш ёфтани гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар, ки зарфи ду соли охир коҳиш ёфта буд, паёми нек аз таҳкими ҳамкориҳо дар ин самт аст. Вале зарур аст, ки муносиботи тиҷоратӣ низ беҳтар ба роҳ монда шавад, зеро нишондиҳандаҳо мувофиқ ба захираҳои мавҷуда нест.
Муовини якуми раиси Ҳукумати Федератсияи Русия зикр намуд, ки феълан қабули шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз қабули дигар шаҳрвандони хориҷӣ тафовут дорад. Бар асоси созишнома дар бораи шароити кори шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар шаҳрвандони Тоҷикистон барои сабти ном 2 ҳафта ва муҳлати иҷозатнома барои кор то 3 солро дар ихтиёр доранд.
Тибқи мувофиқаи ҷонибҳо қарор аст, ҷаласаи 13 – уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсия Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва техникӣ дар семоҳаи чоруми соли ҷорӣ дар Федератсияи Русия баргузор гардад.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.01.2014 №: 20 Мутолиа карданд: 1703