logo

мулоқотҳо

РИЧАРД ҶОНС ДАР МАҚОМИ НАМОЯНДАГӢ УЛФ ҲИНДСТРОМРО ИВАЗ НАМУД

28 январ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Масару Хонма, мудири Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Осиёи Марказиро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибот баррасӣ шуда, таъкид гардидааст, ки ду ҷониб минбаъд низ метавонанд дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, роҳсозӣ, кишоварзӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти ин соҳа, обрасонӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва ғайра ҳамкории босамар дошта бошанд.
Баъд аз мулоқот бо Сарвари давлат Масару Хонма,  ки ба манзури муаррифии Ричард Ҷонс, намояндаи нави доимии ин ниҳоди молиявӣ ба Тоҷикистон омадааст, дар суҳбат бо хабарнигорон натиҷаҳои дидору гуфтугӯ бо Президенти мамлакатро судманд арзёбӣ кард. Бино ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни суҳбат тарафҳо ҷиҳати тақвият ва роҳҳои васеъ намудани доираи ҳамкориҳо табодули назар кардаанд. Зимнан, Масару Хонма изҳор дошт, ки дар заминаи тавсияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ду маротиба афзун намудани ҳаҷми маблағузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба рушди кишвар талош хоҳанд кард.
Ричард Ҷонс, намояндаи нави доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон, гуфт, ки баҳои Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маро ба тавсеаи минбаъдаи он ҳавасманд намуд. Зимнан, иттилоъ дода шуд, ки имсол намояндагии ниҳоди мазкур аз рӯи стратегияи нави ҳамкорӣ бо Тоҷикистон амал хоҳад кард. Ричард Ҷонс қавл дод, ки тавсияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди таҳкими ҳамкориҳоро меҳвари фаъолият қарор дода,  масъулияти хешро дар ин замина ба таври шоиста анҷом медиҳад.    
Ричард Ҷонс, дар ин мақом Улф Ҳиндстромро, ки зарфи чор сол дар Тоҷикистон фаъолият дошт, иваз намуд.
Аз замони ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба маблағи 400 миллион доллари амрикоӣ созишномаҳо ба тасвиб расида, феълан 7 тарҳи муштараки сармоягузорӣ бо фарогирии 112 миллион доллар дар ҳоли иҷро қарор дорад.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2014    №: 21    Мутолиа карданд: 1319
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед