logo

маориф

ИМТИҲОНИ ТЕСТӢ: ШАФФОФИЯТ ЗЕРИ СУОЛ АСТ?

Тавре ки рӯзнома хабар дода буд, соли ҷорӣ имтиҳони дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо усули  мутамаркази тестӣ ба роҳ монда мешавад. Аз якуми март бақайдгирии довталабон дар филиалҳои маркази тестӣ шурӯъ мегардад.

Ба гуфтаи коршиносон, низоми нави имтиҳонсупории тестӣ имконоти дахолати беруна ва тақаллубро барҳам мезанад. Ҷараёни имтиҳонсупорӣ, санҷиши натиҷаҳо, ҷамъбаст ва баҳогузорӣ бо барномаҳои компютерӣ бе дахолати беруна ё дасти инсон анҷом дода мешавад. Шахсони масъули назораткунанда имкони  ба  довталабон мадад карданро надоранд, зеро дар варақаҳои имтиҳон ному насаб ва ё ягон маълумоти дигар дар бораи довталаб  навишта  намешавад.
Ба ҷойи ному насаб «штрихкод» навишта шуда, ба кӣ тааллуқ доштани варақаи имтиҳонӣ танҳо пас аз баҳогузорӣ ошкор мегардад. Бартарии дигари ин шакл дар он аст, ки довталаб якбора метавонад дар чанд донишгоҳ имтиёзи дохилшавиро дошта бошад.
Солҳои охир атрофи паст будани сатҳи саводнокии довталабон, аммо донишҷӯ гардидани онҳо ва ҷой доштани зуҳуроти коррупсионӣ ҳангоми имтиҳони қабул садо баланд мешуд. Роҳандозии усули тестии қабули довталабон то куҷо ба шаффофияти қабули лаёқатмандон ва сифати илм мусоидат мекунад? Посухи ин суолро аз масъулони Маркази миллии тестӣ, устодони донишгоҳҳо, коршиносон, хабарнигорон, омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва довталабон  пурсидем.

Парвиз Саидов,
корманди Маркази миллии тестӣ:
- Ҳамаи талошу ислоҳот ба хотири пайомади мусбати кор аст. Албатта, агар мо натиҷаи мусбати шакли имтиҳонгириро ба назар намегирифтем, ислоҳотро амалӣ намекардем. Ин талаботи замон аст, ки бояд ба шакли тестии имтиҳонсупорӣ гузарем. Шаффофияти имтиҳони тестӣ ба сатҳи саводнокии довталабон ва фаҳмиши онҳо ба талаботи имтиҳони тестӣ вобастагӣ дорад. Ҳоло мо дар бораи сатҳи саводи довталабон чизе гуфта наметавонем, чунин таҷрибаро надорем. Бо мақсади таъмини бехатарӣ вобаста ба ташкил ва гузарондани имтиҳонҳои мутамаркази дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҳатто  воридшавӣ ба бинои ММТ аз тариқи корти пластикӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар тамоми ҳуҷраҳо ва роҳравҳои асосӣ 74 камера насб гардидааст, ки тавассути онҳо тамоми раванди фаъолияти ММТ таҳти назорат қарор мегирад. Аммо, аллакай мо бо мушкилоти дигари ин раванд рӯбарӯ шудем. Аз моҳи март то апрел, ки бақайдгирии довталабон дар марказҳо шурӯъ мешавад, довталабони минтақаҳои кӯҳистон аз сабаби барф ва сардии обу ҳаво имкони ба марказҳо сари вақт расиданро надоранд.

Иршод Сулаймонӣ,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон:
- Албатта, усуле, ки ҳоло роҳандозӣ кардаанд, хуб аст ва гузашта аз ин усули маъмултарин дар низоми пазириши ҷаҳонист. Бо он моҳият ва талаботе, ки ин усул дорад, агар куллан ва одилона роҳандозӣ шавад,  шаффофтарин ва одилонатарин усул мебошад.  Гузашта аз ин имконоти зиёдеро барои довталаб фароҳам меоварад. Яъне, як довталаб имкон дорад якбора то 10 ихтисосро  интихоб кунад ва яку якбора дар ҳамаи ин ихтисосҳо донишашро бисанҷад. Ҳамчунин ин усул метавонад фасодро дар қабули довталабон аз байн бибарад. Аммо, шахсан ба мунсифона баргузор шудани имтиҳонот ва одилона роҳандозӣ шудани ин усул чандон эътимод надорам.  Агар ба таври дигар бигӯям, мушкил дар низом нест, балки мушкил дар роҳандозии низом аст.

Маҳдии Собир,
корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ:
- Ба андешаи банда, ин ҳама як кори беҳуда аст. Ин низоми имтиҳонсупорӣ саводро оҳиста- оҳиста аз байн мебарад ва наврасонро ба як робот табдил медиҳад. Дар мо амалҳои номатлуб ба истилоҳ зуд рушд мекунанд, роҳи инро ҳам меёбанд ва ин амал коррупсияро боз ҳам равнақ медиҳад. Барои он ки мо сатҳи саводнокии донишҷӯёнро  баланд бардорем, аввал бояд артишро ба тартиб дарорем. Ба қонун дар бораи хизмати ҳарбӣ ва даъват ба артиш бояд ислоҳот дарорем. Он мутобиқ ба замон артиши касбӣ гардад, он вақт коррупсия дар мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ аз байн меравад. Ҷавонҳои босавод ба донишгоҳҳо дохил мешаванд. Сафи муҳоҷират коҳиш меёбад.

Умаралӣ Сафаралӣ,
хабарнигори ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»:
- Сатҳи саводнокӣ тағйир намеёбад. Саводро хонандагон бояд дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ соҳиб гарданд. Мутаассифона, дар ин ҷо рӯи хотир мебинанду барои аз сар соқит кардан баҳо мегузоранд.  Боз агар хатмкунанда гӯяд, ки ба ягон мактаби таҳсилоти олии касбӣ дохил мешавад, тамоми баҳои шаҳодатномаи хатмкардаашро 4 ва 5 мегузоранд. Бо ин амалашон муаллимон барои ҷомеа хизмати хирсона мекунанд. Фикр намекунам, ин усули интихоби довталабон муассир бошад, ҳарчанд он дар давлатҳои пешрафта ба роҳ монда шудааст. Бале, агар мунсифона имтиҳоноти тестӣ ба роҳ монда шавад, коррупсия аз байн рафта, довталабони тасодуфӣ аз донишгоҳ канор мемонанд ва онҳое, ки савод доранд, фикри пулу тағо накарда донишҷӯ мегарданд.

Авазхон Неъматов,
омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии  № 53–и ноҳияи Восеъ:
-Агар ин иқдом дучори коррупсия нашавад ва шароитро барои қабули довталабони арзанда фароҳам оранд, беҳтарин аст. Ҳарчанд ҳоло хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи ин усул таассуроти кофӣ надоранд. Аммо вақте савод доранд ва кӯшиш мекунанд, бенатиҷа нест. Агар омода кардани шогирдон ба ин усул 5-6 сол қабл амалӣ мешуд, дар зинаҳои поёнии таҳсилот, ташвиши довталабон камтар мебуд. Дар минтақаҳо довталабон фаҳмиши кофӣ аз истифодаи компютер ва шакли тестӣ надоранд.   Ҳоло мо дар ҷараёни таҳсил усулҳои имтиҳони тестиро омӯхта, ба шогирдон меомӯзонем. То онҳо ҳангоми дохил шудан маълумот дошта бошанд.

Кибриё Ҷалолова,
хонандаи синфи 11, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ:
- Ман, ки бо компютер кам кор кардаам, метарсам, ки ҳангоми имтиҳони тестӣ супоридан ранҷ кашам. Аммо, агар шаффоф  бошад ва барномаи компютерӣ баҳои довталабро гузорад, бовар дорам, ки донишҷӯ мешавам. Зеро омӯзгоронам мегӯянд, ки дониш дорам ва бояд таҳсиламро идома диҳам.
Қабули довталабон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, коллеҷҳои тиббӣ ва касбӣ бо таври маъмулӣ идома меёбад.   То куҷо таъмин намудани шаффофияти имтиҳоноти қабул аз  тариқи тестиро мавсими қабули имсола нишон хоҳад дод.

Ҳарамгули ҚОДИР, «Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2014    №: 22    Мутолиа карданд: 1631
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед