logo

мулоқотҳо

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Игорс Апокинс

28 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Латвия дар Тоҷикистон Игорс Апокинсро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаи омодагӣ ба сафари расмии пешомади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Латвия баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки ҳар ду ҷониб аз ин сафар натиҷаҳои намоёну пурарзишро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мунтазиранд.
Ба гуфти мусоҳибон, ҳар ду кишвар имкон дорад, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда метавонанд ҳамкории иқтисодию тиҷоратии худро,  аз ҷумла дар самтҳои нақлиёту транзит, бунёди корхонаҳои муштараки коркарди нахи пахта ва меваю сабзавот ва дар сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ дар Тоҷикистон, густариш диҳанд.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин оид ба рушди ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Латвия ва доир ба авзои кунунии Афғонистон сурат гирифт.

* * *
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игорс Апокинс пас аз супурдани эътиборнома ба Эмомалӣ Раҳмон, Сардори давлати Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки ӯ бо Ҷаноби Олӣ масъалаи рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Латвияро, ки ҳамвора тавсеа меёбанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сафир иброз дошт, ки сафари дарпешистодаи Президенти Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Ҷумҳурии Латвия ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба такони ҷиддӣ мебахшад. Боиси хушнудист, ки дар ин сафар Ҷаноби Президентро ҳайати бонуфуз ба шумули соҳибкорон ҳамроҳӣ мекунанд. Дар рафти сафар имзои 5 санади ҳамкорӣ, ки ба рушди соҳаи иқтисоди Тоҷикистон заминаи мусоид гузошта метавонад, дар назар аст.
Мувофиқа ҳосил шуд, ки  ҳамкориро дар самтҳои гидроэнергетика, саноати бофандагӣ, бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна, таъсиси корхонаҳои муштарак, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва нақлиёту транзит ба манфиати ҳар ду кишвар вусъат бахшем.
Сафир тазаккур дод, ки дар мулоқот инчунин оид ба сафари қарибулвуқӯи ҷавобии Президенти Латвия ба Тоҷикистон, рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ, вазъи феълии Афғонистон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ табодули назар шуд.

Додоҷон Рӯзиев, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3122
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед