logo

илм

ЧОЙКАҲАК

Баробари рушди кишо-варзӣ, саноат ва  дигар соҳаҳои хоҷагии халқ талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти рустанӣ сол то сол меафзояд. Ин ҳолат инсонро водор месозад, ки ба омӯзиши сарватҳои табиӣ, аз ҷумла наботот машғул шуда, рӯёндани навъҳои нави рустаниҳоро аз худ намояд.
Одамон рустаниҳои шифобахшро аз давраҳои қадим ҳамчун маводи доруворӣ истифода мебурданд. Зеро онҳо таъсири муолиҷавӣ ба вуҷуд меоранд, таъсирашон назар ба доруҳои синтетикӣ нармтар ва заҳрнокиашон камтар аст. Таркиби  рус-таниҳо аз моддаҳои фаъоли биологӣ, монанди глюкозаҳо, алкалоидҳо,  рав-ғанҳои эфирӣ, кислотаҳои органикӣ, витаминҳо, микро ва макроэлементҳо ғанист.
Рустаниҳо аз якдигар фарқ намоянд ҳам, вале дар табиат ва ҳаёти инсон аҳамияти калон доранд. Яке аз рустании шифоие, ки  қариб дар ҳамаи  мавзеъҳои кӯҳии Тоҷикистон мерӯяд, бо номи чойкаҳак (зверобой)  машҳур мебошад.
Чойкаҳак - рустании алафии яксола, баъзе намудаш бисёрсола буда, дар аввали нумӯъ пояҳои рости  ранги сабз дошта, баъдтар ранги сурхи хокмонандро мегирад. Баргаш  сабзи то  3 см дароз ва гулҳои зарди  ҷилодори то 2 см дорад ва  моҳи июн  гул мекунад. Гули чойкаҳак аз 5 косачаи кӯтоҳ иборат аст. Решаҳои пурқувват дошта, мевааш  ғӯзачаи сехонагӣ мебошад.
Ин рустанӣ то 60 см қад кашида, ба оилаи чойкаҳакшаклон мансуб аст. Дар рӯи замин тақрибан 110 намуди чойкаҳак вомехӯрад. Намудҳои аз ҳама маъмули он чойкаҳаки паҳншуда, чорбола ва  муқаррарианд.
Ватани аслии он бешаҳои Русия, Арманистон, Юнон, Лаҳистон, Ҳабашистон, Фаронса, Шотландия, Булғория,  Дания ва дигарҳо буда, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ хуб нашъунумӯъ меёбад. Чойкаҳак бештар дар замини нокорам, партов ва назди маҳалҳои аҳолинишин месабзад.
Дар Булғория аз ин навъи рустанӣ обҷӯш тайёр намуда, ҳамчун маводи зидди илтиҳобии узвҳои ҳозима истифода мекунанд. Дар Лаҳистон бошад, онро барои бемориҳои асаб, бехобӣ, дарди сар ба кор мебаранд.
Асоси таркиби кимиёвии чойкаҳакро равғани эфирӣ, флаваноидҳо, гиперитсин, кислотаи аскорбин, каротин ташкил медиҳад, ки ин барои зебо нигоҳ доштани бадани инсон муфид аст.
Чойкаҳакро мардум аз бӯйи форам ва гулҳои зарди равшани он мешиносад. Онро дар намуди хӯшагули ҷорӯбмонанд ҷамъоварӣ мекунанд.
Алафи чойкаҳак аз замони қадим тақрибан барои муолиҷаи қариб 100 намуди касалиҳо истифода бурда мешавад. Дар тибби мардумӣ реша, барг ва гули онро барои табобати бемориҳои ниқрис, тарбод (ревматизм), сили шуш, захми фасоднок, гурда ва системаи марказии асаб  истифода менамоянд. Қиёми сахти чойкаҳакро дар соҳаи дандонпизишкӣ барои устувор намудани милки дандон ва  зидди илтиҳоб тавсия медиҳанд. Решаашро барои табобати бемории исҳоли хунин ва сили устухон истифода мебаранд. 
Барои даст кашидан аз сигор чӣ бояд кард?
8 қошуқи алафи хушки майдакардаи чойкаҳакро дар 0,5 литр об андохта,  муддати 8 -10 рӯз  барои дамоба шуданаш  маҳкам намуда, дар ҷойи аз рӯшноӣ дур  нигоҳ доштан лозим аст.  Барои даст кашидан аз сигоркашӣ   40 ё 50 қатраи дамобаро дар об ҳал карда, рӯзе 3 маротиба баъди хӯрок истеъмол намудан фоидаовар аст.
Чойкаҳакро ба ҷойи чой дам карда, баъди 15 -20 дақиқа нигоҳ доштан истифода баранд, организмро аз ҳар гуна заҳрҳо тоза менамояд.  Истеъмоли он  дар  фаслҳои тирамоҳ,  зимистон  ва давраи гузариш ба  баҳор хеле манфиатбахш аст. Вай метавонад организмро аз ҳар гуна  бемориҳое, ки дар баҳор  сар мезананд, ҳифз намояд. Инчунин чойкаҳак  таъми  хуш дошта, мизоҷаш муътадил аст ва намегузорад, ки дигар гурӯҳи бемориҳо  сироят кунанд.  Чойи он  барои  ҳама  намуди илтиҳоб,  ҳамчун оромкунанда,  барои сустҳолӣ, бемориҳои дил ва баланд бардоштани неруи мушакҳои бадан истифода мешавад. Азбаски алафи чойкаҳак барои суст кардани таъсири заҳрҳо ба кор меравад, ба муддати зиёд истеъмол кардани он  иҷозат намедиҳанд. Ҳангоми истеъмоли зиёд (зиёда аз 3 ҳафта) метавонад ҳиссиёти нохушро ба миён оварад,  ки  якчанд ҳафта идома меёбад.

Санавбари ҚАЮМЗОДА,
донишҷӯи курси  4 - уми факултаи дорусозии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2014    №: 23    Мутолиа карданд: 2836
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед