logo

ҳукумат

ҶАЛАСАИ КУМИТАИ ТАДОРУКОТ ДАР ҲУЗУРИ САРВАЗИР

30 январ дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукоти таҷлили ҷашни 3000- солагии Ҳисор баргузор шуд.

Дар ҷаласа оид ба рафти омодагиҳо, аз ҷумла  раванди пешбурди корҳои сохтмонӣ, таъмиру навсозӣ, ободонӣ ва сабзу хуррамнамоӣ гузориши аъзои Кумитаи тадорукот, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор шунида шуд.
Тавре таъкид шуд, имрӯзҳо дар қаламрави ноҳия корҳои ободонию бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, дар аксар иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ бо маром ҷараён дорад ва  дар қисми дигари иншооти пешбинишуда  корҳои лоиҳакашию банақшагирӣ шурӯъ гардидаанд.
Сарвазири мамлакат бо назардошти аҳамияти таърихии ҷашни 3000-солагии Ҳисор таъкид кард, ки таҷлили ин санаи таърихӣ аз як ҷониб воситаи муаррифии бештари таърихи куҳан доштани ин сарзамин бошад, аз ҷониби дигар омили хуби таъмини пешрафт ва рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия ба ҳисоб меравад.
Бо ин мақсад дар фурсати кӯтоҳ барои дар феҳристи ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО ворид кардани мавзеъҳои таърихии Ҳисор ва дар доираи чорабиниҳои ин созмони муътабари ҷаҳонӣ  таҷлил кардани ҷашни 3000-солагии он зарур шуморида шуд.  
Қоҳир Расулзода аъзои Кумитаи тадорукотро вазифадор кард, ки  ҷиҳати саривақт мусоидат намудан ба корҳои сохтмонӣ, таҳияи лоиҳаи таҷдид ва навсозии роҳи марказӣ ва роҳҳои маҳаллии ноҳия, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди иншооти пешбинишуда, беҳбуди шабакаҳои обу корез, фароҳам овардани шароити зарурии таъминоти оби нӯшиданӣ  ва неруи барқ  тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ намоянд.

Субҳиддин МУҲИДДИНОВ,
машваратчии калони Хадамоти матбуоти
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.02.2014    №: 24    Мутолиа карданд: 1623
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед