logo

порлумон

БА ПАНҶ ҚОНУН ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО ВОРИД ГАШТ

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба панҷ қонуни ҷумҳурӣ тағйиру иловаҳо ворид ва як созишнома баррасӣ шуд.

Дигаргунӣ дар таъйин ва озод намудани роҳбарони сохторҳои маориф
Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» иброз дошт, ки лоиҳа ба мақсади мутобиқ намудани қонуни мазкур ба талаботи меъёрҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» таҳия шудааст. Дар робита ба ин дар асоси моддаи 1 лоиҳаи пешниҳодкарда хориҷ намудани сархати 21-уми моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҷиҳати бартараф намудани мухолифати санадҳои қонунгузорӣ аз як тараф ва аз тарафи дигар мушаххас намудани ваколати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод гардидааст. Бо қабули ин санади қонунгузорӣ ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи маориф, ки аз буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз тарафи раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо бо розигии хаттии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ сурат мегирад.

Гузашт барои шиносномаи биометрӣ ва корт ба маблағи 16 миллион сомонӣ
Маҳмудҷон Собиров, муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» гуфт, ки он ба мақсади иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ намудани кортҳои индентификатсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Бо қарори порлумон воридоти  700 ҳазор бланки шиносномаҳои биометрӣ, 600 ҳазор бланки корти индентификатсионӣ ва таҷҳизот барои чопи онҳоро ба маблағи 16 миллион сомонӣ аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод шуд. Ба гуфтаи муовини вазир, шаҳрвандон метавонанд аз 100 нуқта шиноснома ва корти индентификатсиониро дастрас намоянд.
Ба гуфтаи Маҳмудҷон Собиров, додани кортҳои индентификатсионӣ ба ҷои шиносномаҳои дохилӣ аз 1 марти соли ҷорӣ оғоз меёбад. Гирифтани он маҷбурӣ нест. Шахсоне, ки шиноснома доранд, метавонанд то ба охир расидани муҳлаташ онро истифода баранд ва сипас корт бигиранд.
Исмоил Талбаков, вакили порлумон, иброз дошт, ки як бланки биометрӣ бо нархи 10 доллар ва бланки корти индентификатсионӣ 6,4 сомонӣ ба кишвар ворид мегардад. Вале нархи фурӯши шиноснома хеле гарон аст.
Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, ба Исмоил Талбаков супориш дод, ки ин масъаларо таҳқиқ намуда, натиҷаашро пешниҳод намояд.

Аҳду амалиёти шубҳанок зери санҷиш қарор мегиранд
Вакилон баромади Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» шуниданд. Ӯ зимни ташреҳи лоиҳа гуфт, ки он ҷиҳати мутобиқгардонии қонуни мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ, расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм» таҳия шудааст. Тибқи лоиҳа ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» иловаҳо ворид шуда, пешбинӣ мегардад, ки субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок уҳдадоранд оид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок ба мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм хабар диҳанд. Ҳамчунин пешбинӣ мегардад, ки санҷиши он дар фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими Бозори коғазҳои қиматнок дар якҷоягӣ бо мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонӣ, расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм гузаронда шавад.

Созишнома ба бозгашти 277 ноболиғ мусоидат кард
Икром Умаров, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаҳои баргардондани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо гуфт, ки он 7 октябри соли 2002 дар шаҳри Кишинёви Ҷумҳурии Молдова аз тарафи ду давлати узви ИДМ ба имзо расидааст. Мақсади созишнома ҳамкории мутақобилаи давлатҳои узви ИДМ вобаста ба рушди фаъолияти ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи ноболиғон ва масоили баргардондани онҳо ба давлатҳои истиқомати доимиашон мебошад.
Созишнома аз муқаддима ва 17 модда иборат аст.
Амалӣ намудани талаботи созишномаи мазкур, барои пешгирии қонунвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон мусоидат намуда, тартиби нигоҳдории муваққатӣ ва ҷойгиркунонии онҳоро, ки бепарастор мондаанд, ё ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, инчунин хароҷот оид ба нигаҳдорӣ ва баргардондани онҳо ба ҷойи  истиқоматии доимиашон пешбинӣ шудааст.
Муовини вазир зикр кард, ки дар раванди татбиқи талаботи созишнома аз соли 2008 то инҷониб дар ҳамбастагӣ бо мақомоти корҳои дохилии давлатҳои узви ИДМ 277 нафар ноболиғ, ки дар муассисаҳои нигоҳдории муваққатии ноболиғони дигар давлатҳои иштирокчии созишномаи мазкур қарор доштанд, ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.
Вакилон, ҳамчунин ба Кодекси ҳуқуқ-вайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон иловаҳо ворид карданд.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.02.2014    №: 24    Мутолиа карданд: 1630
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед