logo

маориф

«ГУФТАМ ОНЧИРО, КИ ДАР ДИЛ БУД»

Марди ҳимматбаланд, сахӣ ва хушгуфтору хушрафтор Ҷӯраҷон Хоҷаев дар ибтидои солҳои сиюми қарни гузашта дар рустои Ширговади водии Ванҷи боло ба дунё омад. Баъди таҳсил дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва соҳиби номаи камол гаштан  яке аз хатмкунандагони аввалини факултаи таърих ва филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бештар аз панҷоҳ сол дар таълимгоҳҳои қаламрави деҳоти Рованду Техарв ба  насли наврас аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс гуфтааст.  Шогирдони зиёдеро таълим ва тарбият дода, ба роҳи дурусту рости зиндагонӣ ҳидоят кардааст.
- Солҳои аввали омӯзгориам мушкилоти зиёде пеш меомад,- гуфт ӯ. - Китобҳои дарсӣ хеле кам буданд. Хонандагон дар синфхонаҳои кӯҳна, заҳу торик ва дар ҳолати садамавӣ қарордошта дарс мехонданд. Аз чароғи барқӣ он солҳо дар Ванҷи боло асаре набуд. Бо гузашти солҳо, аниқтараш дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар водии Ванҷи боло 8 бинои мактаби нав сохта шуд, таълимгоҳҳои дигар хуб таъмир ва таҷдид гаштанд.
Далели пешрафти соҳаи маориф дар ин минтақаи баландкӯҳ ба фикри муаллими куҳансол Ҷӯраҷон Хоҷаев он аст, ки дар рустоҳои Пои Мазору Ванвану Мурғудга низ толибилмон аз компютер ва дигар таҷҳизоти ҳозиразамони таълимӣ истифода мебаранд.
 Собиқадори меҳнат ҳамаи ин пешрафт ва дигаргуниҳои рӯзгори мардум ва пеш аз ҳама маорифро дида, аз гузашти умри пурбаракати хеш, ки сарфи роҳи таълим ва тадриси хонандагон гаштааст, меболад.  Хурсанду сарфароз аз он аст, ки умри азизаш зоеъ нарафта ва дар ободии деҳоти Ванҷи боло  нақши дастони ӯ ва дигар омӯзгорони куҳансол низ дида мешавад. Ин марди шариф таи  ҳаштод соли умри хеш на танҳо омӯзгори хушсалиқа буд, балки дар ободии деҳаи Ширговад низ ҷаҳду талошҳо кардааст. Дар соҳилҳои Ванҷоб заминҳои нав кушодааст, боғҳо бунёд кардааст, биноҳои нав сохтааст.
Як суҳбатамро бо  ӯ дар маркази ноҳия ба хотир овардам. Он рӯз низ чун ҳарвақта хеле шитоб дошт ва маълум буд, ки кадом як масъалае ба ташвишаш овардааст  ва онро ҳарчӣ зудтар бояд бо кумаки роҳбарони ноҳия ва сарварони дигар идораҳои дахлдор ҳал намояд.
- Дар деҳаамон ягон маркази савдои замонавӣ нест, - гуфт Ҷӯраҷон.
-  Дар деҳаи Ширговад магар фурӯшгоҳ нест?
- Онро соҳибкоре харидор аст, мағоза ҳарчанд тангу кӯҳна бошад ҳам, доимо дари кушода дорад, вале барои мардуми деҳа басанда нест. Аз ин ҷост, ки рустонишинон баъзан барои хариди хӯрокворӣ ва молҳои рӯзгор ба деҳаҳои Техарву Удоб мераванд.
- Чӣ мақсад доред?
- Дар як канораи деҳа мазраи бекорхобидаи санглохе ҳаст. Дар он ҷо як маркази савдо бунёд карданӣ ҳастам.
- Зӯратон мерасад?
- Мерасад,- кӯтоҳакак ҷавоб дод ва аз паи иҷрои он шуд.

МАРКАЗИ САВДО ВА БОҒИ ДИЛКУШО
Дар ин мавзеи партовгоҳ як бинои дуошёнаи зебои маркази савдо қомат афрохтааст, ки дар муҳити якранги иморатҳои деҳи Ширговад бартарии зиёд дорад. Ин маркази савдоро марди ташаббускор, заҳматкаш ва савобҷӯ ҳоҷӣ Ҷӯраҷон бо ёрии фарзандонаш Маҳмадҷон, Бачаҷон, Саидҷон ва Суҳайл сохтааст. Дар ҳоле ки қариб дар ҳама ҷо номи бунёдкунандагони чунин нуқтаҳои  нави хизматрасонӣ бо ҳарфҳои калон - калон навишта мешавад, дар деворҳои ин иншоот номи бунёдгарашро  пайдо накардем, ки ин  ҳам аз камоли хоксорӣ ва фурӯтании ин марди оқилу доно дарак медод. Чанд дақиқае, ки он ҷо будем, мардуми деҳа ва роҳгузароне, ки ба деҳкадаҳои дури сароби Ванҷоб сафар доштанд, аз ин маркази савдо маводи зарурии худро  бо нархи хеле арзон мехариданд.
Сипас, ба ҳавлии ҳоҷӣ Ҷӯраҷон, ки дар як баландии соҳили дарёчаи чун шир сафеди Ширговадоб воқеъ гардидааст, рафта расидем. Он ҷо низ ин марди некирода ободкориҳои зиёде кардааст. Ба ҷои хонаву дари қадимаи фарсудаи гилини бобоӣ кошонаи нав сохтааст. Гирду атрофи ҳавлиро дарахтони зиёди чормағз, себу ноку амруд ва зардолу иҳота кардаанд. Ин дарахтони зиёди бороварро бо дастони худаш ин марди боғпарвар шинондааст. Ба рӯи дастархон дар як чашмпар мева ва чормағз пайдо гардид. Соҳибхона  як намуди ноки ванҷиро, ки онро каюн меноманд, басе таъриф ва тавсиф кард. Аз он чашидем, таъму маззаи басе хуш дошт.
- Чаро ба бозор  чунин навъи меваҷотро намебаред? - савол додем ба Ҷӯраҷон Хоҷаев.
- Ба ин кору амал одат накардаем. Ҳамасола ҳосили себу ноки  боғамон хеле зиёд аст, кирои ба бозор бурдан ҳам мекунад, вале писарон ҳам чун банда  ба фурӯхтани мева он қадар хуш надоранд. Лекин ба меҳмонон, дӯстону хешу таборон, аз он ҷумла ҷаҳонгардони хориҷӣ, ки ҳамасола ба тамошои пиряхҳои Хирсону Федченко меоянд, туҳфа намудани чормағз ва навъҳои гуногуни меваро амали писандидатарини худ медонем.
   Ҳоҷӣ Ҷӯраҷон ин гапҳоро  хандакунон гуфта, ба писари хурдиаш Суҳайл ишорае кард ва ӯ лаҳзае нагузашта  қуттиҳои себу ноку чормағзро оварда, пеши мо гузошт.
- Ин савғоро ба фарзандону наберагон мебаред, то ки чашида бинанд ва баракати боғамон зиёдтар гардад, дастӣ холӣ баргаштани меҳмон аз  водии Ванҷи боло хосияти хуб надорад.

ГУФТАМ  ОН ЧИРО, КИ ДАР ДИЛ БУД
Вақте ки дар ҳавлии Ҷӯраҷон Хоҷаев меҳмон будем, аз ин марди солор ва рӯзгордида  пурсидем, чӣ боис гардид, ки ду маротиба ҳангоми вохӯрӣ ва мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мардум дар маркази ноҳияи Ванҷ  гапҳои вай нисбат ба дигарон ба Ҷаноби Олӣ маъқултар гаштаанд, ки дар яке аз суханрониҳояш низ Сарвари давлат аз баромади ин пири равшанзамири ванҷӣ ёдовар шудаанд?
- Дар ҳақиқат, се сол муқаддам дар сафари кории Президенти маҳбуби кишвар ба Бадахшон дар яке аз боғистонҳои маркази ноҳияи Ванҷ дидам, ки баъзеҳо фикру андешаҳои худро аз коғаз мехонанд,- посух дод ҳоҷӣ Ҷӯраҷон.- Ин амалашон ба ман маъқул нашуд ва  назди микрофон рафта, бе коғаз, бадоҳатан назди Сарвари давлат   сухан кардам. Ба дурустӣ, иброз доштам, ки дар Ванҷ ба миқдоре маҳсулот, аз ҷумла ғалла, боқулӯву лӯбиё, картошкаву сабзавот, мева ва чормағз истеҳсол мегардад, ки бозорҳои ҷумҳурӣ аз маҳсулотҳои мо ғанӣ гаштааст. Ин гуфтаҳоям дурустанд, зеро аз ин диёри пурфайз, алалхусус водии Ванҷи боло аз моҳи август сар карда то моҳҳои январу феврал садҳо мошин  маҳсулоти дасти деҳқонон ва дигар бошандагони ин минтақаи файзборро мекашонанду мекашонанд, вале ҳеҷ тамомӣ надорад.  Дар чорсӯи кишвар ва берун аз он таърифи себу нок ва чормағзи Ванҷро мекунанд ва ин ҳам боиси ифтихори сокинони ин мулки кӯҳистон аст.
Дар сафари кории моҳи октябри соли 2013  Сарвари давлат аз банда ёд оварданд, ки боиси сарфарозиям гардид. Ман дар ҳамон мулоқот низ баромад карда, барои заҳматҳои кашидаашон баҳри ободӣ ва осудагии кишвар, аз ҷумла Бадахшон ва ноҳияи Ванҷ ба Сарвари маҳбуб дар қатори дигарон изҳори сипос намудам ва Ҷаноби Олиро аз номи мардуми водии Ванҷи боло ба меҳмонӣ ба деҳоти подомони лозурҳои азими Федченко ва Хирсон даъват кардам.  Аз он  шоду мамнун ҳастам, ки ин даъватро Президенти ба дилу дидаҳо наздики мардуми кишвар  қабул кард. Ташрифи ӯро кулли сокинони водии  Ванҷи боло бесаброна интизорӣ мекашанд.

Сироншоҳи ДИЛОВАР,  рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.02.2014    №: 25    Мутолиа карданд: 1710
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед