logo

маориф

Донишгоҳи тиббӣ сазовори Ҷоизаи «Сифати аврупоӣ» гардид

Убайдулло Қурбонов, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон зимни зикри дастовардҳои соли сипаригардида гуфт, ки бинои асосии таълимӣ пас аз сӯхтор аз нав ба истифода дода шуд. Новобаста ба ин мушкилот таълим қатъ нагардид. Ба кори сохтмончиён донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ ёрӣ расониданд. Дар давраи таътили тобистона гурӯҳи донишҷӯёни бинокорӣ бо номи «Сино-2008» ташкил шуд, ки 60 нафар ихтиёриёнро дар бар мегирифт.
Дар соли таҳсили 2007-2008 давомоти донишҷӯён ба 97,3 дар сад расид.
631 компютер дар ихтиёри донишҷӯёну устодон қарор дорад, ки беш аз 100-тои он ба шабакаи Интернет пайваст аст.
Дар матбааи донишгоҳ 16 китоби таълимӣ ва илмӣ-оммавии олимони донишгоҳ ва 3 китоби дарсии муаллифони хориҷӣ барои донишҷӯён ба табъ расид.
Омӯзгорони донишгоҳ ба 80681 нафар ниёзманд ёрии тиббӣ ва машваратӣ расониданд, ки 71,2 дар сади он дар шароити дармонгоҳӣ ва 29,8 дар сади он дар шароити беморхонавӣ амалӣ гардид.
Моҳи сентябри соли сипаригардида ин муассисаи таълимӣ ба гирифтани Ҷоизаи байналмилалии «Сифати аврупоӣ» мушарраф шуд.
Ташкил намудани маркази  бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, маркази тарҷумаи китобҳои таълимӣ ба забони тоҷикӣ ва истилоҳоти тиббӣ, маркази ягонаи тестӣ, маркази ташхисӣ ва табобатӣ, ба пуррагӣ аз таъмир баровардан ва ба истифода додани хобгоҳҳои рақами 4 ва 7, беҳтар намудани сифати таълим аз ҷумлаи он вазифаҳоеанд, ки дар соли равон бахшида ба 70-солагии донишгоҳ амалӣ мегарданд.

А. РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6716
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед