logo

маориф

7 МЕДАЛИ ТИЛЛО АЗ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Низоми  қабули донишҷӯён ба филиали Донишгоҳи давлатии Маскав  ба номи М.В.Ломоносов  тағйир наёфтааст ва довталабон имтиҳонҳои дохилшавиро на дар Маркази миллии тестӣ, балки дар филиал месупоранд.

- Мувофиқи низомномаи филиал, бо фармони ректори Донишгоҳи давлатии Маскав комиссияи махсус таъйин гардида, аз довталабон имтиҳони дохилшавӣ қабул менамояд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори филиали донишгоҳ дар шаҳри Душанбе, Абдулҳамид Низомов.      
Ба иттилои ӯ,  филиал аз рӯи 6 ихтисос мутахассис  омода месозад. Кормандон нақша доранд аз соли нави таҳсил тахассуси ҳуқуқшиносии байналмилалиро роҳандозӣ намоянд.
Дар соли 2013 аввалин гурӯҳи  мутахассисони ҷавон филиалро бо ихтисоси математикаи амалӣ ва информатика хатм намуда, соҳиби дипломи бакалавр шуданд. 58  донишҷӯ хориҷ шуд, ки нисбат ба соли таълимии сипаришуда 12 нафар зиёд мебошад. Устодон сабаби асосии хориҷ шудани донишҷӯёнро дар сатҳи пасти дониши онҳо арзёбӣ намуданд. Заминаи моддӣ - техникии филиал мустаҳкам гардид. Доншҷӯён дар интернет - олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои физика, химия, математика, информатика, забони русӣ ширкат намуда, 7 медали тилло, 7 нуқра ва 3 биринҷиро соҳиб шуданд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихорӣ насибашон шуд.  Дар посух ба саволи хабарнигорон зикр гардид, ки набудани хобгоҳ ва толори варзишӣ барои донишҷӯён мушкили асосии филиал ба шумор  меравад ва сохтани ин иншоот то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.02.2014    №: 26    Мутолиа карданд: 1613
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед