logo

номаҳо

“ҶОМАИ БОМАСЛИҲАТ ҲАМ КӮТОҲ ОМАД ...”,

рӯзномаи «Ҷумҳурият»,  № 11 (22 316)  15.01.2014 

Боиси таассуф аст, ки муҳокимарониҳои ду се нафарро ба инобат гирифта, бе омӯзиши асосноки рақамҳо ё бе дарҷи факту рақамҳои асосноксозанда ва огоҳӣ надоштан аз асли масъала муаллифи мақола,  рӯзноманигор - У. Мурод ҳангоми рӯйи қоғаз овардани мақола ба саҳлангорӣ роҳ дода, зиёда аз ин хонандагонро ба иштибоҳ андохтааст.
Масалан, яке аз “идеяҳои асосии” мақола ин гӯё пас аз мавриди амал қарор додани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав бад шудани шароити соҳибкорӣ ва аз ҷониби шумораи зиёди онҳо қатъ гардидани фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Ва ҳатто чунин далел ҳам оварда шудааст, ки “Фақат моҳи октябр дар бораи барҳамдиҳии корхонаҳою қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ (дар рӯзномаи “Ҷумҳурият”) 248 эълон чоп шуд.”.
Аввал ин ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ҳаргиз шароити соҳибкориро мушкилтару вазнинтар накардааст. Зеро дар аксар мавридҳо илова ба имтиёзҳои қаблан муқарраргардида, дигар сабукиҳо низ ба соҳибкорон пешбинӣ гардид. Чунончӣ, аз номгӯи андозҳо андоз аз фурӯши чакана хориҷ карда шуд, ҳадди бақайдгирӣ бо мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда аз 200 ҳазор сомонӣ то 500 ҳазор сомонӣ муайян шуд, супорандагони андози соддакардашуда аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуданд, то соли 2017 давра ба давра 2 фоиз кам намудани меъёри андози фоида, дар соли 2015 50% кам намудани меъёри андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва аз соли 2017 аз номгӯи андозҳо хориҷ намудани он муқаррар карда шуд. Низомҳои махсуси андозбандӣ такмил дода шуд.
Тибқи талаботи Кодекси андози амалкунанда:
- 35% соҳибкорони дар қайди мақомоти андоз буда тибқи патент фаъолият дошта, танҳо ду намуди андоз – андоз аз даромад ва андози иҷтимоиро пардохт менамоянд ва аз пешниҳоди ҳамагуна ҳисоботҳои андозӣ озоданд;
- 31% хоҷагиҳои деҳқонии бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ мебошанд, ки аз фаъолияти  кишоварзиашон танҳо андози  ягонаро пардохт намуда, андози иҷтимоӣ бошад сари ҳар як аъзои хоҷагӣ 10 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шудааст (дар заминҳои лалмӣ ҳафт моҳ дар як сол). Ҳол он, ки маблағи солона пардохт менамудаи андози иҷтимоии аъзои хоҷагии деҳқонӣ (120 сомонӣ ё 70 сомонӣ дар замини лалмӣ), ҳатто аз ҳадди пасттарини  моҳонаи нафақа (160 сомонӣ) кам мебошад;
- 32 % дар низомҳои имтиёзноки андозбандӣ буда, аз фаъолияти асосиашон танҳо андози тибқи низоми  соддакардашударо пардохт менамоянд.
Танҳо  2% - и боқимонда дар низоми умумии андозбандӣ,  ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда фаъолият дошта, вобаста ба хусусияти фаъолият аз 4 то 6 намуди андозҳоро ҳисоб ва пардохт менамоянд.
Агар яке аз далелҳои пас аз мавриди амал қарор дода шудани Кодекси андоз дар таҳрири нав вазнин нагардидани шароити соҳибкорӣ дар он бошад, ки дар маҷмӯъ андозсупорандагон ӯҳдадориҳои худро доир ба ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо иҷро намуданд ва дар натиҷа мутаносибан нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» низ таъмин карда шуд, пас далели возеҳи дигар он аст, ки мутобиқи маълумотҳо аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2014 дар маҷмуъ 206 512 субъектҳои хоҷагидор фаъолият намуда истодаанд, аз ҷумла 31 353 адад шахсони ҳуқуқӣ, 74 201 нафар соҳибкорони инфиродии тибқи Патент фаъолияткунанда, 31 657 нафар соҳибкорони инфиродии бо Шаҳодатнома фаъолияткунанда, 68 957 адад хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва 344 адад филиал ё намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ.
Муҳимтар аз ҳама дар соли 2013, яъне дар соли нахустини мавриди амал қарор доштани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, мувофиқи маълумотҳо аз Феҳристи ягонаи давлатӣ, шумораи умумии субъектҳои хоҷагидоре, ки амали бақайдгирии давлатиро гузашта, айни замон фаъолият доранд,  нисбат ба соли 2012, 16563 адад зиёд шудааст.
Вобаста ба 248 ариза барои барҳамхӯрӣ бошад, ба таваҷҷуҳи У. Мурод мерасонем, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андоз субъектҳои хоҷагидор ҳангоми гузаштан аз як шакл ба дигар шакли ташкилӣ - ҳуқуқӣ, бояд барои дар шакли пешина қатъ намудани фаъолияташон дар рӯзнома эълон диҳанд. Яъне субъект фаъолияти соҳибкориро тамоман қатъ накарда, онро танҳо дар шакли  дигар ба роҳ мемонад. Масалан ҳангоми аз 500 ҳазор сомонӣ зиёд гардидани даромади умумии соҳибкори инфиродӣ, чунин соҳибкор ӯҳдадор аст, тибқи тартиби муқарраршуда фаъолияти соҳибкории худро ҳамчун соҳибкори инфиродӣ қатъ намуда, минбаъд дар шакли шахси ҳуқуқӣ фаъолияти худро идома диҳад. Албатта дар ин миён ҳолатҳое низ ҳастанд, ки субъектҳои алоҳида бо сабабҳои гуногун фаъолияташонро тамоман қатъ менамоянд. Аммо чунин ҳолатҳо нисбатан кам мебошанд, вагарна чуноне ки дар боло қайд гардид, тибқи маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ шумораи онҳо дар соли 2013 ба андозаи 16563 адад зиёд намегардид.     
Ба ҳамин монанд дигар муҳокимарониҳо ва гуфтаҳои У. Мурод низ асоси воқеӣ надоранд.
Боиси қаноатмандист, ки солҳои охир ҷомеа дар симои журналист ва умуман матбуот пуштибону имдодгари худро мебинад. Мардум имрӯз барои ҳалли мушкилоти хеш, аз он ҷумла масъалаҳои марбут ба андоз ва андозбандӣ тавассути  воситаҳои ахбори омма бештар муроҷиат мекунанд ва барои ҷавоб ба масъалагузориҳои хеш интизорӣ мекашанд.
Воситаҳои ахбори омма минбари марказии таҳлилу баррасии мушкилоти рӯз аст. Албатта ин падидаи хуб аст, зеро озодии андеша ва назари танқидӣ ба рӯйдодҳо бисёр камбудиҳоро ошкор менамояд ва омили пешравӣ мегардад. Дар баробари ин, маводҳои интиқодӣ бояд заминаҳои воқеӣ дошта бошанд.
Бинобар ҳамин, агар рӯзноманигорон ҳар мақолаву гузориш ва маводҳои таҳлилиро воқеъбинона ба хонанда манзур кунанд, ба манфиати ҷомеа ва ҳам рӯзноманигорон хоҳад буд.
Маркази матбуоти Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.02.2014    №: 27    Мутолиа карданд: 1491
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед