номаҳо
МАРКАЗИ БОХТАР Ё ПАРТОВГОҲ?
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар мақолаи «Маркази Бохтар ё партовгоҳ?» («Ҷумҳурият», 29 январи соли 2014, № 21)-ро дар маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта чораҳо андешид.
Ҷиҳати корҳои ободонию тозагӣ ва аз ахлоттӯдаҳо тоза намудани маркази ноҳия – шаҳраки Исмоили Сомонӣ, корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналӣ фаъолият дошта, бо 4 адад техникаи хизматрасонӣ ва 39 воҳиди корӣ таъмин аст ва тибқи реҷа поккории 13 партовгоҳро амалӣ месозад.
Баъд аз нашр шудани мақолаи мазкур тамоми нуқтаҳои партовгоҳҳо поккорӣ, кӯчаю маҳаллаҳо ба пуррагӣ тоза шуда, ба партовгоҳи асосие, ки берун аз маркази ноҳия дар масоҳати 1,4 гектар доман густурдааст, зиёда аз 300 тонна партов кашонда шуд.
Барои корҳои тозагию ободонии ноҳия дар соли 2013 аз ҳисоби буҷети ноҳия 300 ҳазор сомонӣ истифода шудааст. Дар соли 2014 барои ободонию тозагии ноҳия 280 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст ва мувофиқи мақсад истифодашавии он таҳти назорати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор гирифтааст.
Мақомоти иҷроияи маҳа-ллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар камбудиҳоеро, ки дар мақолаи мазкур дарҷ гардида буданд, зери назорати доимии худ қарор дода, баҳри ислоҳи онҳо аз ҳисоби мутахассисони шуъбаи ҳиф-зи муҳити зист, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналӣ, раисони кумитаҳои маҳаллӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода, чораҳои судмандро амалӣ менамояд.
Ҷ. САМАДОВ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бохтар
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 7.01.2014 №: 28 Мутолиа карданд: 1354