logo

мулоқотҳо

СОЧИ: МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР ПУТИН

6 феврал, нимаи дуюми рӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар қароргоҳи Бачарово Ручей мулоқоти дуҷониба анҷом дод.

Владимир Путин нахуст ба Эмомалӣ Раҳмон барои пазируфтани даъват ва ташриф ба Сочи барои иштирок дар ифтитоҳи бозиҳои зимистонаи олимпӣ арзи сипос карда,  доир ба муносиботи ду кишвари дӯст изҳори андеша кард.
Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин аз даъвати ӯ барои иштирок дар ифтитоҳи ин чорабинии ҷаҳонии варзишӣ изҳори қадрдонӣ намуд.
Дар мулоқот, ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд. Сарони ду давлат ба натиҷаҳои ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникӣ, ки ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, баҳои баланд доданд.
Аз тасвиби созишномаҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бе ситондани боҷи гумрукӣ ва сода гардондани шароити будубош ва фаъолияти шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар изҳори қаноат карда шуд.
Сарони ду давлат ҳавасмандии ҳар ду ҷонибро ба густариши ҳамкории судбахш дар бахшҳои гуногуни сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, тандурустӣ, шуғли аҳолӣ, илму техника ва ғайра таъкид доштанд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба масоили мубрами минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.
Пас аз анҷоми мулоқот дар ҳузури сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии ду кишвар - Сироҷиддин Аслов ва Сергей Лавров протокол  доир ба мубодилаи санадҳои тасвибии созишномаи байнидавлатӣ дар бораи шароит ва муҳлати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба имзо расид. Тибқи ин созишнома муҳлати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 дароз карда шуд.
Тавре зикр гардид, кунун марҳилаи сифатан нави ҳамкории Тоҷикистону Русия оғоз ёфт. Владимир Путин, аз ҷумла изҳор дошт: “Тоҷикистон, бешубҳа, аз шарикони афзалиятноки стратегии  мо аст ва шодам аз имкони мулоқот ва суҳбати имрӯза”.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2014    №: 29    Мутолиа карданд: 1296
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед