logo

илм

ДАСТОВАРД

Тавре иттилоъ дода будем, Маҳина Султонмамадова, ходими илмии Озмоишгоҳи фармакологияи Пажӯҳишгоҳи кимиёи ба номи В. И. Никитин, бо диплом ва Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимони ҷавон  сарфароз гардид. Роҷеъ ба дастовардҳои илмии ин олимаи ҷавон хабарнигори рӯзнома суҳбати кӯтоҳе омода сохт, ки манзури хонандагон мегардонем.

- Маҳинабону, нахуст Шуморо бо чунин як ихтирои муҳим табрик мегӯем. Хоҳиш мекунем, ки онро ба хонандагони рӯзнома шарҳ диҳед
- Ташаккур. Барои силсилаи корҳои таҳқиқотии  бо усули синтетикӣ  ҳосил намудани доруворӣ маро бо ин ҷоиза қадрдонӣ намуданд. Дар раванди корҳои таҳқиқотӣ, ки  бо роҳбарии академик К. Ҳайдаров ва профессор А. Қодиров анҷом додем, ба бозёфтҳои нави илмӣ ноил шудем ва 4 патенти  ихтироот ба даст овардем. Мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ нашр гардидаанд. 

- Чаро маҳз дар бахши коркарди доруворӣ таҳқиқот анҷом додед?
- Ҷустуҷӯву бозёфти  усулҳои нави доруворӣ дар назди олимони соҳаи  кимиёи  органикӣ аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад. Солҳои охир кимиёшиносон  натиҷаҳои илмие ба даст оварданд, ки барои ба вуҷуд овардани доруҳои нави табобатӣ аҳамияти бузург доранд, аммо ин ҳанӯз кифоя нест. Мақсади асосии мо бо усули синтетикӣ ҳосил намудани маводи доруӣ буд, доруе, ки қобилияти ҳал намудани сангҳои холестериндори талхадонро дошта бошад. Мо ба ин муваффақ шудем. Дар асоси заҳраи талхадони ҳайвони калони шохдор туршоба ҳосил намудем. Маводе, ки аз он синтез кардем, барои муайян намудани миқдори туршобаи талхадон дар таркиби зардоби хуни беморони гирифтори чарбнокшавии ҷигар истифода мешавад. Аз маводи ҳосилшуда соли 2013 бо роҳҳои синтетикӣ моддае ҳосил намуда, ба он «Урсолит» ном гузоштем, ки қобилияти баланди ҳал намудани сангҳои талхадонро дорад.

- «Урсолит» аз доруҳои дигаре, ки айни замон барои рафъи санги талхадон истифода мешавад, чӣ тафовут дорад?
- Имрӯз дар тиб барои муолиҷаи санги талхадон «Урсофалк»-ро бештар ба кор мебаранд. Он аз хориҷи кишвар ворид мешавад ва нархи  гарон дорад. Доруе, ки мо ихтироъ намудем, яъне «Урсолит» таъсирнокиаш нисбат ба «Урсофалк» ду маротиба зиёдтар аст.Таҳқиқоти фармакологӣ нишон доданд он доруе, ки айни замон истифода мешавад, ба инсон камтар  таъсир мекунад. Яъне дар асоси мубодила дар организм як миқдори он сарф шуда, танҳо 30-40 дарсадаш ба ҷои даркорӣ мерасад. Маводе, ки мо ҳосил кардем, 60-80 дарсад таъсирбахш аст. «Урсолит» ҳамчунин  қодир аст миқдори холестеринро дар хун паст намояд.

- Ин касбро худ интихоб кардед?                                                                                                                            
- Ба омӯзиши кимиё дар замони наврасӣ шавқ доштам. Духтур шудан мехостам. Бо роҳбарии муаллима Раҷабгул Файзмамадова фанни  кимиёро бештар омӯхтам. Дар олимпиадаҳои байнимактабию ноҳиявӣ иштирок мекардам.  Дар донишгоҳ устодон Қ. Худоиев, Д. Саратбеков, 3. Каримова ва Б. Имомназаров ба ин кор ҳидоятам намуданд. Қобилияти маро дида гуфтанд, ки оянда метавонам ихтироъкор шавам ва дар ин ҷода ба дастовардҳои нави илмӣ соҳиб гардам. Бо ҳидояти ин устодон ва дастгирии ректори вақт профессор Г. Ҷангибеков барои ҳимояи кори дипломӣ  соли 2007 аз факултети илмҳои табиии бахши кимиёи  Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба Пажӯҳишгоҳи кимиёи ба номи В. И. Никитини Академияи илмҳои ҷумҳурӣ омадам.  Кори дипломиамро бомуваффақият ба охир расонда, онро дар Хоруғ ҳимоя намудам ва сазовори дипломи аъло гаштам. Устодам Абдураҳмон Қодиров, гуфтанд, ки пажӯҳишро давом диҳед, аз уҳдааш мебароед. Ҳарчанд духтур нашудам, аммо барои табобати беморон   доруворӣ ҳосил намудам ва агар он дар амал татбиқ шавад, ин орзуямро қадре ҳам бошад амалишуда ҳисоб карда метавонам.
 

Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2014    №: 29    Мутолиа карданд: 1660
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед