номаҳо
РӮЗНОМАҲО ДАР СОЛИ НАВ БА КОНИБОДОМ ДЕР РАСИДААНД
Ба «Ҷумҳурият» ҷавоб омад
Мақолаи мазкур («Ҷумҳурият», 10 январи соли 2014, № 8) дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Масъалаи дастрас намудани нашрияҳо ба зиммаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардида, ин масъулиятро дар маҳалҳо намояндагии онҳо бар дӯш доранд. Аммо муаллиф дер дастрас шудани нашрияҳоро ба фаъолияти мақомоти маҳаллӣ вобаста ҳисобидааст.
Тибқи маълумоти маркази алоқаи почтаи шаҳр шумораҳои 1 – 3 - и рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз маркази вилояти Суғд 3 январи соли 2014 ирсол гардида, онҳо пас аз нисфирӯзии 4 январ дастрас шуданд. Аз сабаби он ки 5 январ истироҳат буд, хаткашонҳо 6 январ ба тақсимот шурӯъ намуданд. Шумораи якуми рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» 7 январ соати 16. 30 расида, рӯзи дигар ба хонандагон дастрас гаштааст. Яъне ягон омили фориғболиву бетарафӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва ё маркази алоқаи почтаи шаҳр ба назар намерасад.
Шумораи солинавии рӯзномаи «Садои Конибодом» 31 декабри соли 2013 интишор гардида, ҳамон рӯз ба муштариён дастрас шуд. Алҳол ба сокинони шаҳр тавассути почта ва дӯконҳои хусусӣ зиёда аз 13 ҳазор нашрия дастрас мегарданд.
Мақомоти маҳаллӣ ба рушди фаъолияти муассисаи почтаи давлатӣ пайваста мусоидат менамояд. Лекин ин муассиса дар тобеияти сохтори алоҳида қарор дошта, ҳалли муаммои маош ва муҳайё намудани шароити корӣ ба роҳбарияти мақомоти болоии он вогузор аст.
Масъулини бахши идеологии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр нисбат ба обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳо бетараф нестанд. Мо ба 60 номгӯй рӯзномаю маҷалла, дар маҷмӯъ ба 8 ҳазору 657 нусха, аз ҷумла 800 нусха ба рӯзномаи дӯстдоштаамон «Ҷумҳурият» обуна шудаем.
Н. ОБИДОВ, раиси шаҳри Конибодом
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.02.2014 №: 31 Мутолиа карданд: 1386