logo

маориф

АСОСГУЗОРИ МАКТАБИ НАВИ ИҚТИСОДИ СИЁСӢ

Ҳаёти имрӯза собит менамояд, ки мактабҳои илмию эҷодӣ дар ривоҷу равнақи таҳқиқу эҷоди самтҳо нақши назаррас доранд.  Ин  қабил  мактабҳо худ аз худ ташаккул намеёбанд. Онҳо тавассути заҳмату талошҳои тӯлонии абармардону сарсупурдагони бахшҳои мухталифи  илм  рӯйи кор меоянд. 
Ба ин гурӯҳи сарсупурдагон профессор, мушовири илмии кафедраи «Муносибатҳои иқтисодии байнал-милалӣ»-и факултети молиявию иқ-тисодӣ Мамадёр Мамадназарбековро мансуб донистан мумкин аст, зеро то лаҳзаҳои охирини ҳаёт дар таҳлилу пешрафти илми иқтисодӣ  корҳои назаррасе анҷом додааст.
Дониши мукаммали дар тӯли солҳо андӯхта, таҷрибаи зиндагии ғанӣ, иштироки мустақим дар раванди амалигардонии дастовардҳои илмӣ, малакаи таҳқиқотӣ ба ӯ имкон дод, ки падидаю  ҳодисоти мураккабу баҳсталабро таҳлил ва ҷамъбаст намояд. Аз ин лиҳоз  Мамадёр Мамадназарбековро дар ҷумҳурӣ ҳамчун муҳаққиқи дақиқсанҷ, мутафаккири иқтисодон мешиносанд.
Ба қалами устод 225 таълифот ва корҳои илмӣ, аз ҷумла 18 монография, рисола ва мақолаҳои илмӣ мансубанд, ки таҳқиқи самтҳои мухталифи илми иқтисодиро дар бар мегиранд. Устод Мамадёр Мамадназарбеков на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар хориҷи кишвар низ бо асарҳои хеш дар соҳаи андӯхти сармоя, рушди иқтисодӣ, сармоягузорӣ, ҳамгироии иқтисодӣ ва сармояи зеҳнӣ маъруф аст. Дар таҳқиқи масъалаҳои такрористеҳсоли ҷамъиятӣ, афкори иқтисодии халқи тоҷик, омодасозии китобҳои дарсӣ ва илмию методӣ саҳми назаррас дорад. Ӯ аз зумраи иқтисодшиносонест, ки тавонист фикру ақидаҳои хешро амалан оид ба масъалаҳои баҳсноки назарияи иқтисодӣ баён намояд. Аз ин рӯ ҳамчун асосгузори мактаби нави иқтисоди сиёсӣ дар Тоҷикистон эътироф гаштааст.
Дар асарҳои устод, ки ба назарияи рушди иқтисодӣ бахшида шудаанд, масъалаҳои муҳими рушд ва инкишофи макроиқтисодии кишвар мавриди таҳқиқоти амиқу ҳаматарафа қарор мегиранд. Нуқтаи назари муаллиф ва хулосаҳои илмии он дар рисолаҳои зерин ба табъ расидаанд: «Андӯхт ва инкишофи иқтисодии Тоҷикистон» (1972), «Ҳосилнокии меҳнат: омилҳои рушд» (1984), «Сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисоди бозорӣ» (1991).
Мамадёр Мамадназарбеков му-ҳаққиқи боистеъдод, кордон ва меҳнатдӯст буд ва бо иштироки бевосита ва сарварии ӯ китоби дарсии «Иқтисодӣ  сиёсӣ» ба забони тоҷикӣ тарҷума гардид, ки китоби рӯимизии донишҷӯёни макотиби олӣ мебошад. Устод на танҳо иқтисодчӣ, олими назарияшинос, балки таҳиягари силсилаи зиёди асарҳои ҷамъбастию сиёсӣ ва илмӣ ба ҳисоб меравад. Вай зиёда аз 20 мақолаи Энсиклопедияи Cоветии Тоҷикро таҳия намуда, 42 китоб ва садҳо мақолаҳои маҷаллаҳои соҳавиро таҳрир кардааст. Таърихи иқтисодии кишварҳои хориҷӣ, иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамчун қисми таркибии комплекси ягонаи хоҷагии халқи ИҶШС, мафкураи иқтисодии мутафаккирони тоҷик дар давраи эҳё, масъалаҳои иқтисодӣ дар эҷодиёти Аҳмади Дониш ва Садриддини Айнӣ, низоми иқтисодии феодализми шарқӣ ва инъикоси он дар асарҳои классикони адабиёти форсу тоҷик аз ҳамин шуморанд.
Дар баробари фаъолияти илмӣ профессор дар тарбия ва омода намудани мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда дошта, таҳти роҳбарии ӯ 25 нафар рисолаҳои номзадӣ ҳимоя кардаанд. Маҳз дар давраи роҳбарии ӯ дар кафедраи назарияи иқтисодӣ тавассути аспирантура 80 нафар рисолаҳои номзадӣ, 8 нафар рисолаҳои докторӣ ҳимоя кардаанд.
Вай яке аз профессороне буд, ки аз мероси ғании ходимони адабиёти форсу тоҷик ва маърифатпарварони Шарқ ба таври васеъ истифода мебурд.
Ташкилотчии намоёни илми иқ-тисод ба шумор меравад. Солҳои зиёд ба ҳайси котиби Шӯрои илмии махсус оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз иқтисоди сиёсӣ, раиси бахши иқтисоди сиёсии Шӯрои илмию техникии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои таҳририяи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик оид ба иқтисодиёт, Шӯроҳои таҳририи маҷаллаҳои илмию назариявӣ фаъолият намудааст.
Олими хеле сахтгиру серталаб, вале ниҳоят хоксору фурӯтан буд. Садоқату дилсӯзӣ ба кор ва хоҳиши омӯзгорӣ яке аз хислатҳои хуби мавсуф ба шумор мераванд. Шахсоне, ки тайи солҳои тӯлонӣ бо ӯ якҷоя кор кардаанд, нағз медонанд, ки агар устод ба коре шурӯъ мекард, бо тамоми ҳастиаш ба он дода мешуд. Ҳамчун донандаи хуби забони тоҷикӣ бо тамоми қувва тайи солҳои охири ҳаёташон аз пайи таҳияи «Фарҳанги истилоҳоти иқтисодии русӣ-тоҷикӣ» буд ва онро ба анҷом расонда, барои чоп пешниҳод намуд.
Давоми беш аз шаст соли фаъолияти меҳнатиаш, бо маърӯзаҳои илмӣ дар симпозиуму конфронсҳои илмии байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ, мусоҳиба ва мизҳои гирди илмӣ фаъолона иштирок мекард ва машъалафрӯзи ин чорабиниҳо буд.
Ҳукумати  Тоҷикистон саҳми устодро дар рушди илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта, ӯро бо Ифтихорномаи Президиуми  Шӯрои Олӣ, медалҳо «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Меҳнати  шоиста», унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва унвони фахрии Арбоби илму техникаи Тоҷикистон қадр кардааст.

М. САИДМУРОДОВА,
мудири кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон,

М. ТАҒОЕВ, 
муаллими калони кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ,

Ф. ИМОМЁРБЕКОВ,  ассистенти кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2014    №: 33    Мутолиа карданд: 1992
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед